Қадаме дар ҷодаи рушд
Нашр шуд 2017-01-15 12:49
Аз 14 январи соли равон дар кишвар маҳдудияти таъминоти барқ ба аҳолӣ ва корхонаву муассисаҳо пурра аз миён бардошта шуд. Ин иқдоми устувор дар самти амалӣ намудани се нақшаи стратегии мамлакат мебошад, ки яке аз онҳо расидан ба истиқлолияти энергетикӣ маҳсуб мешавад. Сар аз 14-уми январ дар тамоми шаҳру деҳот, манотиқи дурдасту музофоти кўҳии кишвар таъминоти барқ пурра ба роҳ монда шудааст.
Ба қавли шоҳидон баъзан дар рустои мамлакат бовар намекунанд, ки барои онҳо маҳдудияти барқ пурра лағв шудааст. Зеро солиёни пеш то моҳҳои марту апрел ин маҳдудият ҷорӣ буд. Инро иқдоми навбатии Пешвои миллат ҷиҳати шукуфоии кишвар маънидод кардан мумкин аст, то аҳолии мамлакат пурра бо неруи барқ таъмин бошанд.
Вобаста ба ин масъала Пешвои миллат шоми 13 январ дар муроҷиат ба аҳолии мамлакат ёдрас шуданд: «Солҳои охир яке аз мушкилоти асосии мардуми кишвар норасоии нерўи барқ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон мебошад, ки маҳдудияти интиқоли нерўи барқ баъзе солҳо аз моҳи сентябр то моҳҳои март ва ҳатто апрел идома пайдо мекард. Мо имконият надоштем, ки ҳатто пойтахти мамлакат ва дигар шаҳрҳои саноатиро пурра бо нерўи барқ таъмин намоем».
Дар воқеъ дар айёми фасли сармо кишвари мо аз норасоии қувваи барқ ранҷ мекашид ва ин масъала ҳамеша мавриди назари ҳукумати кишвар қарор дошт. Ва имрўз, ки ин масъалаи муҳим роҳи ҳалли худро пайдо кардааст, аҳолии кишварро низ водор ба уҳдадориҳои шаҳрвандӣ менамояд, ки ин неъмати давлатиро сарфакорона ва дар корҳои муҳими зиндагию рушди маърифати фарзандон истифода намоянд.
Пешвои миллат ба мардуми кишвар, сарварони муассисаву корхонаҳо муроҷиатр намуданд, ки «аз нерўи барқ сарфакорона истифода баранд, ба исрофкорӣ роҳ надиҳанд ва ҳаққи барқи истифодашударо сари вақт пардохт намоянд. Зеро сарфакорона истифода бурдани нерўи барқ ва пардохти саривақтии ҳаққи барқи истифодашуда нишонаи маданият ва масъулияти баланди шаҳрвандии ҳар сокини кишвар буда, дар айни замон кафолат медиҳад, ки таҷҳизоту дастгоҳҳои низоми энергетикӣ ва шабакаҳои интиқоли барқ дар ҳолати коршоям нигоҳ дошта, фаъолияти муназзаму боэътимоди онҳо таъмин карда шавад».
Таъмини неруи барқ дар баробари соҳаҳои гуногун барои аҳли фарҳанг ва китобу китобхонаҳо низ иқдоми саривақтӣ буда, рушди корҳои тахассусӣ дар китобистони музофот маҳз ба неруи барқ бастагии зиёд дорад. Бино бар ин муроҷиати Пешвои миллатро мо низ ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем ва барои таблиғи он бетараф намебошем.
Муҳаммадиқбол Атоев,
Сардори Шуъбаи матбуоти
даврии Китобхонаи миллии Тоҷикистон