Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Мир Сайид Алӣ бинни Шаҳбуддин бинни Муҳаммад Ҳамадонӣ 12-уми моҳи раҷаби соли 714-и ҳиҷрии қамарӣ мутобиқ ба 12-уми октябри соли 1314-и мелодӣ дар шаҳри Ҳамадони Эрон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.

На-з он Ҳамадонам, кӣ надонанд Алӣ кист,
Ман з-он Ҳамадонам, кӣ Алиро ҳама донанд.

Дар таълим ва тарбияи Алии Ҳамадонӣ саҳми тағояш Сайид Алоуддинро бағоят калон аст. Сайид Алоуддин худ аз ашхоси бонуфўз ва маърифатноки давр буд ва дар тарбияи маънавии Алии Ҳамадонӣ саҳми босазо гузоштааст. Ӯ дар назди ин шахси шариф дар синни дувоздаҳсолагӣ Қуръонро ба пуррагӣ ҳифз менамояд.

Алии Ҳамадонӣ дар оилаи шахси давлатманду донишманди асри XIV чашм ба  олами ҳастӣ кушода, дар муҳити солиму созгор аз овони хурдсолӣ ба тарбияи маънавӣ фаро гирифта шуда будааст. Падару тағои олиму маърифатдўст ва устодони баркамоли замон чун Ахӣ Алии Дўстӣ (ваф.1334), Шайх Шарофуддин Абулмаъолӣ, Маҳмуд бинни Абдуллоҳи Маздаконӣ (тав. 760-761 ҳ.қ.-ваф.1361) барои таълими хуби илмию маънавии мутафаккири оянда хизмати арзанда намудаанд. Алии Ҳамадонӣ беш аз 8 сол дар назди Шайх Тақиюддин Алӣ Дўстӣ ба тазкияи нафс машғул мегардад ва баъдан ба назди яке аз пирони баркамоли замон Шайх Маҳмуди Маздаконӣ барои идомаи таҳсил меравад.

Мусофиратҳои Мир Сайид Алии Ҳамадониро, ба се қисм тақсим намудан мумкин аст. Қисмати аввал аз соли 1333 оғоз гардида, бо номи «Мусофирати даврони ҷавонӣ» машҳур мебошад ва то соли 1343 идома ёфтааст. Қисми дуюми мусофирати Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз соли 1354-ум шуруъ гардида, то соли 1370 идома ёфтааст. Ва, ниҳоят, мусофиратҳои охир аз соли 1370 оғоз гардида, то поёни ҳаёташ, яъне, соли 1386 идома ёфт. Назари муҳақиққон бештар дар мавриди қисмати аввали сафарҳои ў равона гашта, дар мавриди мусофиратҳои дуюму сеюми аллома, маълумоти кофии илмӣ дастрас нест. Дар мавриди мусофиратҳои бузургвор Нуриддин Ҷаъфари Бадахшӣ дар «Хулосат-ул-маноқиб» аз забони  Алии Ҳамадонӣ чунин меорад: «… Се бор аз машриқ то ба Мағриб сафар кардам. Басе аҷоиб дар баҳру дайр дида шуд. Ва ҳар бор ба тариқи дигар дидам…».

Мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар Кӯлоб

Баъди мусофиратҳои тўлонию пай дар пай Алии Ҳамадонӣ ба мақсади гузаронидан чанд соли умраш дар пиронсолӣ аз Хатлон озими Ҳамадон мешавад. Дар роҳ аз ғарибиҳову қатлу ғорати гўшношуниди  Темури ланг дар хоки Эрон огоҳӣ ёфта, бо дили реш ҷониби Кашмир раҳсипор мегардад. Аксари сарчашмаҳо далолат бар ондоранд, ки Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ шашуми зулҳиҷҷаи соли 786-и ҳиҷрии қамарӣ мутобиқ ба 19-уми январи соли 1386-и мелодӣ дар музофоти Кунар, мавзеъи Асадободи Афғонистон ҷон ба Ҳақ таслим намудаанд. Нуриддин Ҷаъфари Бадахшӣ санаи овардани тобути алломаро 25-уми моҳи ҷимодиюввали соли 787 ҳ.қ (1387м) гуфтааст. Мутобиқи ишороти аксари сарчашмаҳои муътамад, Алии Ҳамадонӣ 72-73-сол умр дидааст.

Ин ғазал аз ӯст, ки хеле машҳур мебошад:

Ҳар кӣ моро ёд кард, эзид мар-ӯро ёр бод,
Ҳар кӣ моро хор кард, аз умр бархурдор бод.

Ҳар кӣ андар роҳи мо хоре фиканд аз душманӣ,
Ҳар гуле к-аз боғи васлаш бишкуфад, бехор бод.

Дар ду олам нест моро бо касе гарду ғубор,
Ҳар кӣ моро ранҷа дорад роҳаташ бисёр бод.

Бозчоп аз «Мир Саид Алии Ҳамадонӣ: Феҳристи осор ва адабиёт доир ба ў». – Душанбе: Аржанг, 2015. – 128 с.

Муаллиф Қ.Буриев.

ДУ РИВОЯТ АЗ МИЁНИ РИВОЁТИ БЕШУМОР ДАР БОРАИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ

Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳангоми яке аз сафарҳояш дар Хатлон муддате истиқомат мекунад ва аз Амир Темур хоҳиш мекунад, ки мулки Хатлонро Ба ӯ ҳадия кунад. Амир Темур ин дархости ӯро рад мекунад. Саид Алии Ҳамадонӣ аз ин қаҳраш афзуда, ба суй Самарқанд хасчубаеро баҳри ҳалокати Амир Темур мепартояд. Ҳамин вақт Баҳовиддини Нақшбанди Балогардон, ки Дар Самарқанд мезистааст, он хасчубаро аз ҳаво дошта гирифта назди Амир Темур мебарад, ва иброз медорад, ки Сайид Алии Ҳамадонӣ аз ин рафтори ту дар ғазаб шуда, туро ана ба ҳамин хасчуба ҳалок месозад. Агар мулки Кӯлобро ба ӯ набахшӣ, ҳалокати ту ногузир аст. Амир Темур ин дафъа ҳам розӣ намешавад. Боз Сайид Алии Ҳамадонӣ хасчубаи дигареро равон мекунад ва боз Баҳовидини Балогардон онро аз ҳаво дошта мегирад. Ба Амир Темур мегӯяд, ки ман дигар қудрат ва тавонои надорам якин хасчубаи дигар туро несту нобуд мекунад. Салохи кор он аст, ки дархости Алии Ҳамадониро иҷро намоӣ. Ниҳоят Амир Темур ночор шуда, мулки Кӯлобро ба Сайид Алии Ҳамадонӣ тӯҳфа мекунад.

***    ***    ***     ***

Сайид Алии Ҳамадонӣ баъди ба кишвари Кашмири сеҳрнок расидан Дар музофоти Кабарсавод бо як гурӯҳи олимони он диёр вохурду байни онҳо бахси домандоре сурат гирифт. Яке аз он уламо, ки дар заковат машҳури дунё буд, ба Сайид Алии Ҳамадонӣ соатҳои тулонӣ баҳсу мунозира намуд. Охиран саволу ҷавоб дар атрофи гове, ки назди маъбадхона буд, авҷ мегирад. Ҳалли ин масъала он буд, ки вазъи гов муаян карда шавад. Олими Кашмирӣ аввалан ба ин савол ҷавоб доданӣ шуда мегӯяд,ки гов дар вуҷуди худ гусола дорад, ки пешонаи он мисли пешонаи модараш сафед аст. Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳарфи худро тавъзех дода илова мекунад, ки аслан пешонаи гусола сафед нест, балки нуги думаш сафед аст. Гусола дар шиками модараш тавре хоб аст, ки сафедии нуги думи гусола дар пешонааш ҷой гирифтааст.Барои аниқ кардани фикрҳои мухталифи бошандагони он ҷо говро сар мебуранд ва гусоларо мебинанд, ки вокеан пешонааш не, балки нуги думаш сафед будааст. Мубади Кашмирӣ аз мағлубияташ дар назди қавми хеш шармсор гашта ҳамон замон ба ҳаво парвоз карда ногаҳон аз чашм нопадид мешавад. Ҳазрати Алии Ҳамадонӣ кавши пояшро ба ҳаво мепартояд ва дар як мижа задан мубади мағлубшуда дар ҳаво пайдо мешавад. Ҳар гоҳ ки боло баромадани мешавад, он кавш ба сараи ӯ бархурда ба сӯйи замин сарозераш мекунад. Охирон ба зарбаи пай дар пайи кавши соибкаромат мубад ба назди кавмаш шармандавор бармегардад.Баъди он ки пири хиради Кашмириён дар пеши Сайид Алии Ҳамадонӣ муттаҳам мегардад, ҳама қавми ӯ дини исломро қабул карда, то охир ба у содиқ мемонанд. Аз ҳамин давр сар карда, на танҳо дини мубиини ислом, балки забони форсӣ-тоҷикӣ низ дар ин ноҳияи Ҳиндустон авчу барори тоза пайдо кард.

Манбаъ: tg.wikipedia.org

Аз Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ ин матолибро метавонед пайдо ва мутолиа намоед:

Султонов, М. Ҳақиқат дар бораи мазори Ҳазрати Амирҷон, муҳаррир Б. Сиддиқова. – Душанбе: Ирфон, 1975. – 40 с.
Азизов, М., Асоев, Р. Оромгоҳи Ҳазрати Амирҷон. – Кўлоб, 1990. – 28 с.    
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ. Шаммеъ аз «Захират-ул-мулук». – Кўлоб, 1991. – 82 с.
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ. «Авроди фатҳия» / Таҳияи А. Асозода. – Кўлоб, 1992. – 25 с.
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ. «Минхоҷ-ул-орифин» / Таҳияи Ҳ. Асозода. – Кўлоб, 1993. – 30 с.
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ. Маърифати нафс / Таҳиягарон А. Кўчаров, И. Саидиброҳимов. – Кўлоб, 1994. – 21 с.
Ҳасанзода, С. Чакомаи Шоҳи  Хатлон: Ба ҷашнвораи 680-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (қиссайи тарихӣ). – Кўлоб, 1994. – 52 с.
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ. Рисолаи футуват / Таҳияи А. Раҳмонов; Муҳарир С. Муродов. – Душанбе: Фирдавс, 1995. – 24 с.
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ. Ҳафтод ҳадис дар фазилати Амири муъминон. – Кўлоб: Рушод, 2006. – 62 с.
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ. Ҳикоятҳо аз «Захират-ул-мулук»-и Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ / Таҳиякунанда, мураттиб ва муаллифи муқаддима Ҳ. Асозода. – Душанбе: Ямини Содиқ, 2012. – 56 с.
Ғазалиёти Ҳамадонӣ / Таҳиягарон М. Султонов, З. Рауфова // Омўзгор. – 1991. – 19 июн.
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ. Намунаи ашъор: Ғазалҳо / Таҳияи  Р. Асозода, Ҳ. Асозода // Садои Шарқ. – 1992. –  №6. – С. 60-66.
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ. Ҳар кӣ моро ёд кард…: Шеър // Садои Шарқ. – 1993. – №7-8. – С. 63.
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ. Ваҳшатободи бадан: Шеър // Садои Шарқ. – 1994. – №3-4. – С. 115.
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ. Гавҳари маънӣ: Шеър // Дарё. – 1994. – №2. – С. 25.
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ. Лофи ишқ: Шеър // Садои Шарқ. – №3-4. – С. 117.
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ. Маломатгоҳи ушшоқ: Шеър // Садои Шарқ. – 1994. – №3-4. – С. 115.
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ. Маҷлиси шуҳуд: Шеър // Дарё. – 1994. – №2. – С. 26.
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ. Аз рубоиёт:  Ба ифтихори 700 солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ / Омодаи чоп Х. Абдулваҳҳоб // Садои мардум. – 2014. – 20 сентябр.
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ. Подшоҳӣ завқи маънӣ бурдан аст: Ба ифтихори 700 солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ / Ҳозиркунандаи чоп С. Фазл // Омўзгор. – 2014. – 19 декабр.

Таҳияи Меҳрангез Ғуломова
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ