Адиби хушном ва хушмазҳар
Ба ном ва эҷодиёти зиндаёд Баҳром Фирўз ҳанўз айёми таҳсил дар мактаби миёна ошно будам. Дар ибтидо шеър менавишт ва мо, шогирдони дабистон ашъори ошиқонаи эшонро аз саҳифаҳои рўзномаву моҳномаҳо хонда, ба дафтари дил менавиштем. Баъдан гулчине аз эҷодиёти адиб бо номи «Розҳои маҳтобшаб» аз силсилаи «Навниҳолони боғи адабиёт» ба нашр расид, ки мамлув аз чакомаҳои ошиқона буд.
Саодати ошноӣ аз наздик ба устод Баҳром Фирўз ҳамон вақт пеш омад, ки банда соли 1973 корманди бахши адабӣ ва ҳунарии садо ва симои Тоҷикистон будам. Ин бахшро он айём бонуи адабдўст Иноят Рустамова сарварӣ мекард ва дар барномаҳои адабии мо шоирону нависандагони ҳамсинну сол бо Баҳром Фирўз, амсоли устодон Лоиқ Шералӣ, Ғоиб Сафарзода, Ҳабибуллоҳ Файзуллоҳ, Бурҳон Ғанӣ, Мастон Шералӣ, ки ҳама акнун ҷеҳра дар ниқоби хок кашидаанд, зуд-зуд бо қироати шеър ё порчаҳои мансур ширкат мекарданд. Дар ин миён Баҳром Фирўз чеҳраи дурахшон ва муаллифи фаъоли идораи мо маҳсуб мешуд. Эҷодиёти Баҳром Фирўз бо тадриҷ ба шукуфоӣ рў овард. Ман ҳанўз сюжети қиссаҳои марғуби ў «Рухсора», «Агар ў мард мебуд...» ва чандин ҳикояҳои адибро дар ёд дорам. Хабари тарҷумаи намунаҳо аз осори нависанда ба забонҳои олмониву ҷопонӣ ва англисӣ моро ба ваҷд меовард. Дар солҳои ҳафтодуму ҳаштодуми садаи гузашта чунин рўйдоде басо нодир буд.
Баҳром Фирўз симои сирф тоҷиконаву нуронӣ ва ботини зебо ҳам дошт. Маро бо гузашти айём саодати ҳамкорӣ бо эшон дар интишороти «Адиб» пеш омад. Ў мудири шўъбаи адабиёти бадеӣ ва мо чанд тан дар ҳамин бахш вазифаи муҳарририро ба ўҳда доштем, ки ин ба охирҳои солҳои ҳаштодум рост меомад.
Рўзҳои аввал бим аз он доштам, ки ў ҳам мисли аксар мудирони корфармо ба хислатҳои хурдагириву бюрократӣ ба асаби мо, ходимон бозӣ хоҳад кард. Хушбахтона, ин гумони ман комилан ботил баромад: Баҳром-ако дар кори эҷодӣ ва таҳрири китоб мо, ходимонашро комилан озод гузошт. Ба масоиле, чун кам омадан ба кор ё зуд рафтан ва дигар корҳои хурду реза аслан таваҷҷўҳ надошт ва одамияту одоби мудир моро ба ҳисси масъулиятшиносӣ ва эҳтиром ба эшон вомедошт.
Баҳром Фирўз ошиқи табиат ва мафтуни зебоиҳои он буд. Аммо сайру саёҳати ў ба канори дарёчаву ҷангалу боғу роғ бо барномарезии хос сурат мегирифт. Яъне чун адиб ва роздони асрори табиат аз ҷилои сабзаву гул ва таровиши обшорону чашмасорон маъниҳо дарёфт мекард ва ин рангорангиҳои чаману боғу адирҳоро дар осори хеш ба устодии тамом истифода мекард. Ҷолиб он аст, ки адиби олиназар дар оғўши табиат рўзҳои фориғ аз кор машғули пешаи занбўри асалпарварӣ буд. Бо назардошти ин шуғли пок ва шоирона боре ба эшон шўхиомез гуфтам:
Занбўри дурушти бемуруватро гўй,
Боре чу асал намедиҳӣ, неш мазан!
Бо шунидани ин байт чеҳраи нуронияш дучандон шукуфт ва барқи чашмонаш бештар дурахшид. Мисраъҳоро дар кандуи дил ҷо кард, ба дафтарчааш навишт ва шўхиомез гуфт:
—Мирзоҷон, Шумо, ойтӣ Сироҷова ва Тўхфахон Расулиро ягон рўз ҳатман ба сайргоҳи занбўрҳоям мебарам, бо асали ноб зиёфат мекунам ва худатон мебинед, ки занбўрҳои мо нешзан не. Бо мурувват ва асалрезанд занбўрҳои акотон.
— Мисли худатон, — ҳозирҷавобӣ кард Тўҳфахон.
Мо, ходимони шўъба чанде баъд дар тўйи арўсии фарзандони устод ширкат варзидем. Дар баробари дигар нозу неъматҳои дастурхони ғании Баҳро-ако асалҳои маҳсули дасти устодро нўши ҷон кардем. Лаззати он асалҳо чун маъниҳои баланди осори адабии Баҳром Фирўзи сухангустар аз ёди мо ва ҳазорҳо тан хонандагони осори он фарзанди сарафрози Самарқанди шўҳраи даҳр нарафтааст ва нахоҳад рафт.
Хонаи охирати устод обод бод!
МИРЗО ШУКУРЗОДА
адиб ва муҳаққиқ,
барандаи Ҷоизаи адабии
устод Айнӣ
Як пора хотираи адиб ва рӯзноманигори варзида, пажуҳишгари тавоно, Корманди шоистаи Тоҷикистон Мирзо Шукурзода дар бориа адиби маъруф, зиндаёд Баҳром Фирӯзро овардем. Мирзо Шукурзода аз ҷумлаи адибонест, ки ҳар навиштаи ӯ саропо хонданист. Дар Китобхонаи миллӣ аз асарҳои ӯ ва дар бораи ӯ ин матолиб шоистаи мутолиа аст:
Шукурзода, М. Аз табори Фирдавсӣ бо рўҳи рустамӣ //Садои Шарқ . – 2001. – № 1-6. – С.107.
Шукурзода, М. Ҷонпайванд. – Душанбе: Адиб, 2006. – 318 с.
Шукурзода, М. Кимёгари дурри дарӣ. – Душанбе: Деваштиҷ, 2008. – 148 с.
Шукурзода, М. Размоварони Хиндукуш. – Душанбе: Адиб, 2009. – 480 с
Шукурзода, М. Сӯхтаҷони шўълаи бедорӣ. – Душанбе: Пайванд, 2009. – 288 с.
Шукурзода, М. Хушбахт будан мехоҳед ?. – Душанбе: Ирфон, 2011. – 276 с.
Шукурзода, М. Офтобтоб дар оина. – Душанде: Ирфон, 2013. – 512 с.
Шукурзода, М.Меъмори кохи дилафрӯз. – Хуҷанд: Хуросон, 2015. –376с.
Шукурзода, М. Таманно; Шеър //Тоҷикистон. – 2015. – №1-2. – С. 2.
Шукурзода, М. Хом ва муш: Масал //Хорпуштак. – 2015. – №2. – С.5.
Шукурзода, М. Тўфони тавсон: Ҳикоят //Адабиёт ва санъат. – 2015. – 26 феврал.
Шукурзода, М. Захмҳо кай рў мегиранд?: Пора аз китоби дувум //Садои Шарқ. – 2017. – №2. – С. 52-80.
Шукурзода, М. Афғонистон: Захмҳо кай шифо меёбад?: Қисса // Садои мардум. – 2017. – 25 апрел.
Дар бораи Мирзо Шукурзода
Маҷмўаи мақолаҳо: Эссе ва хотираҳо дар бораи эҷодиёти Мирзо Шукурзода. – Душанбе: 2009, 288 с.
Муродӣ, А. Маҳфиле «Дар миёни чор девори баланди кўҳҳо»: Дар бораи китоби «Тўшаи умри падар»-и адиби донишманд ва заҳматписанди тоҷик Мирзо Шукурзода // Омўзгор. – 2013. – 13 декабр.
Ёрмуҳаммад, Р. Розу ниёзи Шукурзода: Андешаҳо перомуни китоби Мирзо Шукурзода «Тўшаи умри падар» //Фараж. – 2014. – 2 июл.
Салим, М. Достони меҳри падар: Сухане чанд аз китоби нави адиб ва муҳаққиқи шинохта Мирзо Шукурзода «Тўшаи умри падар» //Адабиёт ва санъат. – 2014. –28 май.
Таҳияи Саодат Қодирова
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ