Гулчине аз суханони ҳикматомези Асосгузори сулҳу ваҳдат - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ситоиши китоб
…Халқи мо аз даврони қадим китобро сарчашмаи ақлу хирад, донишу заковат, ахлоқи ҳамида, ва беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, омўзгори беминнат, ҳамсўҳбати хушгуфтору беозор мепиндошт. Ва бузургони мо китобро аниси кунҷи танҳоӣ ва фурўѓи субҳи доноӣ медонистанд.
*****
Китоб аст, ки бо нури донишу маърифат роҳи мардумонро равшан сохта, боиси ҳастиву пойдории миллат, таърих, забон, адабиёт ва фарҳанг гардидааст.
*****
Китоб аст, ки таърихи куҳанбунёди мо, ганҷинаҳои тамаддуни башарӣ, дурдонаҳои назми ҳазорсолаи мо, достонҳо ва илму дониши бостонӣ, хираду заковати наслҳо ва халқҳоро зинда нигоҳ медорад.
*****
Китоб як рукни муҳими тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудонопазири зиндагии инсон аст. Аз ин ҷост, ки мардуми олам бо арзи эҳтиром ба ганҷинаи маънавии ниёгон китобҳоро дар хазинаҳои миллии хеш нигоҳдорӣ мекунанд, то ин ки наслҳои имрўза ва оянда аз онҳо барои рушду камолоти маънавии худ истифода баранд.
*****
Китоб ҳамчун шиносномаи шоистаи ҳар як халқу миллат барои поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ ва рушди он, таҳкиму тақвият ёфтани ҳуввияти миллӣ ва худогоҳиву худшиносии ҳар як фард нақши бузург дорад.
*****
Китоб ва сухан аз нерўи бузурге бархўрдоранд. Сухан аз ҷумлаи неъматҳои олии маънавӣ буда, ақлу хирад ва даҳои инсониятро таҷассум менамояд. То ҷаҳон ҳаст ва инсоният боқист, умри сухан безавол аст.
*****
Имрўз нақш ва мақоми китоб ҳамчун манбаи муҳими дониш ва таҳқиқи масоили гуногуни таъриху сиёсат, иқтисодиёту маънавиёт ва маорифу фарҳанги халқамон беш аз пеш меафзояд.
Адабиёти истифодашуда:
Китобдор: Маҷаллаи фарҳангӣ – маърифатӣ // Китобдор . – 2008. - № 1(3) . – С. 1 – 40.
Президент ва Китобхонаи миллӣ [Матн]: Аз суханронии Президенти мамлакат дар мулоқот бо зиёиёни ҷумҳурӣ // Дунёи китоб. – 2012. - № 1(01). – 30 август.
Суханҳои ҳикматомўзи Президент Эмомалӣ Раҳмон дар бораи забон. – Душанбе: Бунёди забон, 2015. – С. 63.
Таҳияи М. Каримов