Омӯзиши асосҳои лоиҳасозӣ идома дорад

Давраи омӯзишии “Асосҳои лоиҳасозӣ”, ки рӯзи 6-уми феврали соли равон оғоз ёфта буд, идома дорад. Он бо ибтикори Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Абдусалом Мирализода бо ҳадафи такмили ихтисоси кормандон, мутахассисони ҷавон ва сарварони шуъбаҳо, ҳамчунин марказҳо роҳандозӣ шуд.

Ҷонишини Директори Китобхона Гадобек Маҳмудов дар сухани ифтитоҳии худ гуфт, ки ворид гардидани Тоҷикистон ба ҷомеаи иттилоотӣ тақозо мекунад, ки самтҳои афзалиятноки фаъолияти китобхонаҳо ба талаботу вижагиҳои ин ҷомеа мувофиқу созгор карда шавад. Дар ин робита таълими фанни «Асосҳои лоиҳасозӣ» қодир аст, ки сатҳи дониши назарӣ ва амалии мутахассисонро роҷеъ ба масоили созмондиҳии таҳқиқотҳои илмию амалӣ ва сотсиологӣ дар соҳаи китобдорӣ баланд бардошта, таваҷҷуҳи онҳоро ба худвижагии баргузорӣ, таҳлилу баррасӣ ва тадбиқи натиҷаи таҳқиқотҳо ва ҷалби маблағҳои зарурӣ таъмин намояд.

Омўзиши фан имкон медиҳад, ки мутахссисон бо дар назардошти талаботҳои пазируфташуда услуби таҳияи лоиҳаҳои иҷтимоиро аз худ намуда, дар созмондеҳӣ ва арзёбиҳои таҳқиқотӣ ва лоиҳаҳои иҷтимоӣ саҳм гиранд.

Дар поёни давраи омӯзишӣ ширкаткунандагон соҳиби шаҳодатномаҳои хатм хоҳанд шуд.

Барчаспҳо: