Activities calendar

14 февраля 2018

Омӯзиши асосҳои лоиҳасозӣ идома дорад

Давраи омӯзишии “Асосҳои лоиҳасозӣ”, ки рӯзи 6-уми феврали соли равон оғоз ёфта буд, идома дорад. Он бо ибтикори Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Абдусалом Мирализода бо ҳадафи такмили ихтисоси кормандон, мутахассисони ҷавон ва сарварони шуъбаҳо, ҳамчунин марказҳо роҳандозӣ шуд.

Ҷонишини Директори Китобхона Гадобек

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ: ЛИБОСҲОИ МИЛЛИИ ТОҶИКӢ

Суннатҳои либосдўзию либоспўшии тоҷикон дорои мазмунҳои фарҳангию ичтимоӣ ва асотирию эътиқодӣ мебошанд. Онҳо зинаҳои рушду тараққиёти ниёгони мардуми тоҷикро аз даврони бостон то ба имрўз дар худ инъикос кардаанд. Қабл аз ҳама гуфтан лозим аст, ки тоҷикон ба интихоби ранги либос таваҷҷуҳи махсус доранд. Аз замонҳои қадим ниёгони тоҷикон – суғдиёну бохтариён аз матоъҳои пахтагин ва баъдтар абрешимини сафедранг бештар либос медўхтанд.

Ранги сафеди либос рамзи покию озодагӣ, беолоишӣ, бахти сапед ва сулҳу амониро ифода мекард. Дар баробари он дар рўзҳои идҳои суннатию ҷашнҳои маишӣ ва рўзҳои хурсандӣ тоҷикон, ҳам марду ҳам зан либосҳои рангию гулдор ва мунаққашро ба бар мекарданд, ки он орзую омоли рангин ва хушбахтии мардумро

Таҷлили рӯзи ҷаҳонии «Эҳдои китоб»: Дар Китобхонаи миллӣ ба атфол китоб тақдим карданд

Дуюмин сол аст, ки Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии “Эҳдои китоб”-ро таҷлил мекунад. Чун соле пеш субҳи имрӯз низ Шӯъбаи кӯдакон ва наврасон ба хонандагони хурдсолаш китоб туҳфа намуд.

Хонандагони толори хониши кӯдакон ва наврасон аввал дар бораи ин ҷашнвораи ҷаҳонӣ маълумот гиифтанд. Сипас, бо хоҳиши кормандони Шуъба дар бораи китоб шеъру байтҳо хонданд.

Мо аз Худоем ва сӯи Ӯ бозмегардем

Роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз даргузашти нобаҳангом ва бармаҳали мутахассиси пешбари шуъбаи феҳристнигорӣ

МАҶИДОВА ГУЛЧЕҲРА АЗИЗОВНА

андуҳгин буда, барояш аз даргоҳи Худованди Маннон Фирдавси барин ва ба бозмондагонаш сабри ҷамил хоҳон аст.