Амон Нуров имрӯз ба синни мубораки 80 қадам гузошт. Мавсуф аз ҷумлаи пуркортарин олимони кишвар аст, ки беҳтарин луғатномаҳоро барои насли имрӯз таҳия кардааст. Бахусус, асарҳои безаволе чун "Чароги ҳидоят" ва "Бурҳони қотеъ" ганҷинаи маърифатанд ва бо хати имрӯзиён баргардон кардани онҳо заҳмати хорошикане буд, ки Нуров ба уҳда гирифт.
Барҷастатарин ва сермаҳсултарин луғатшиноси тоҷик Амон Нуров 23 феврали 1938 дар деҳаи Виткони ноҳияи Масчо ба дунё омад. Дар 6 - солагӣ аз падар ятим монд. Аз 6 - солагӣ хонишро дар мактаби ҳафтсолаи деҳаи Камодон оғоз намуд. Пас дар сағирахонаи деҳаи Мадрушкати ноҳияи Масчо ва ду соли охир хонишро дар сағирахонаи Шаҳринави ноҳияи Ҳисор давом дод.