Ин мизи мудаввар баъди зуҳри рӯзи сешанбе бо ташаббуси Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид ва он ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шуд. Ҳадаф ибрози назарҳо атрофи силсилачорабиниҳо ва иқдомот барои таҷлили Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар кишвар буд.
Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон профессор Абдусалом Мирализода дар сухани муқаддамотии худ дар бораи муҳим будани рушди ҳам сайёҳӣ ва ҳам ҳунарҳои мардумӣ изҳори назар кард.
Баҳор мешавад
Яке ду рӯзи дигар аз пагоҳ,
Чу чашм боз мекунӣ,
Замона зеру рӯ,
Замина пурнигор мешавад.
Замин шикоф мехурад,
Ба дашт сабза мезанад,
Ҳар ончи монда буд зери хок,
Ҳар ончи хуфта буд зери барф,
Ҷавону шуста рафта ошкор мешавад.
Устоди мо, профессор Воҳид Асрорӣ ҳангоми муаррифии адабиёти халқҳои собиқи шӯравӣ дар доираи курси «Адабиёти халқҳои СССР», дар шумули донишмандони рус ва чанд тан аз олимони тоҷик, ки оид ба робитаҳои адабӣ пажуҳиш бурдаанд, бо ифтихор номи Шавкат Ниёзиро зикр намуда, эшонро ба сифати вакили донишманд ва намояндаи боэътимоди тоҷикон дар Иттифоқи нависандагони СССР муаррифӣ мекарданд.
Шунидаҳои он замон, хондаҳои баъдӣ ва иттилоъ аз санаи мубораки 90-солагии умри ин донишманди фарохназар ангезае гардид, ки ба рӯзгор ва пайкори фиристодаи донову