Activities calendar

28 февраля 2018

“Равшандилон”-и ҳафта: шеърхониву байтбараку шоҳбайтгӯӣ

Маҳфили навбатии “Равшандилон”-и Шуъбаи хизматрасонии махсус, ки баъди зуҳри дирӯз баргузор шуд, асосан маҳфили шеърхонӣ ва байтбараку  латифа, ҳазлу мутоиба буд.

Ҳасан ва Ҳусейни Бихтиёрзода, Паривнаи Азиз, Хушбахти Одина, Ҷомӣ Сафарзода чанд порча аз ашъори классикони адабиёти форсу тоҷик қироат карданд.
Хушбахти Одина шеърҳои нави худро хонд.

Дониш талабу бузургӣ омӯз...

Дар Маркази такмили ихтисос боз як давраи омӯзишӣ барои кормандонбо номи «Феҳристнигорӣ” шуд. Ин аввалин бор аст, ки Маркази такмили ихтисос дарсеро дар ин ришта роҳандозӣ мекунад ва ҳадаф боло бурдани сатҳи дониши кормандон дар мавзуъ аст.

Дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба

Ҳамоиши Наврӯзи байналмилалӣ дар Китобхонаи миллӣ

Бо ташаббуси шуъбаи робитаҳои байналмилалии Китобхонаи миллии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Наврӯзи байналмилалӣ доир гардид.

Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон профессор Абдусалом Мирализода баъди табрики ширкаткунандагони чорабинӣ мухтасар дар бораи оини Наврӯз сухан ронд. Вай аз ҷумла гуфт, ки ин ҷашнвора дар замони Истиқлолияти

Сайёди "палангҳои фўлодин"

Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Фатҳулло Аҳмадовро бо ҳамин сифат ёд мекунанд. Дар мубориза бо тонкҳои қавипайкари душман бо воҳидҳои низомии таҳти фармондеҳиаш пирӯз омад. Худ пирӯзии бузургро надид, аз тири адӯ қурбон шуд. Вале ба ғалаба бовар дошт, чун пешрафтҳои артиши кишвари шӯроҳоро медид, матонати ҷанговаронро медид, рӯҳияи ҷангии фотеҳонро медид. Дар ҷанг барои озодии меҳан қурбон шуд, вале номашро чун фотеҳ ва қаҳарамон абадан дар дафтари айём сабт кард. Имрӯз аз ӯ ёд мекунем. Сад сол пеш ба дунё омада буд, ҳамагӣ 26 сол умр дид.

Аҳмадов  Фатҳулло соли 1918,  дар  деҳаи Даштаки  Хуҷанд аз  оилаи

Ёде аз сарояндаи номдор Рафаэл Толмасов

Рафаэл Толмасов аз ҷумлаи маъруфтарин чеҳраҳои ҳунари кишвар буд. Сарояндаи хуби опера, яккахони бомаҳорат, донандаи сози классикӣ. Аз таваллудаш 95 сол мегузарад. Ҳоло ҳам таронаҳои ӯ пуршунавандатарин таронаҳоянд.

Толмасов Рафаэл Михайлович сароянда, солисти яҳудитабор 24 феврали соли 1923 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Овозаш баритони лирикӣ-драматикӣ аст. Артисти Халқии РСС Тоҷикистон (с.1968). Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945). Фарзанди сароянда, навозанда ва оҳангсози яҳудии Тоҷикистон Михаил Толмасов мебошад.

Солҳои 1934-1936 дар Комбинати мусиқӣ-бадеии шащри Душанбе

Шаст соли Олимхон Исматӣ

Имрӯз шоир Олимхон Исматӣ шастсолагии худро ҷашн мегирад. Аз ҷумлаи шоирони навпардози кишвар аст, ашъораш миёни мардум маъруфият дорад.

Олимхон Исматӣ 28-уми феврали соли 1958 дар деҳаи Мадрушкати ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ зода шудааст. Соли 1978 факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии омўзгории Душанберо хатм кардааст. Баъдан муаллим, хабарнигори рўзномаи «Машъал»-и ноҳия, ходими нашриёти «Адиб», муҳаррири нашриёти «Шарқи Озод» будааст. Ҳоло дар Масчоҳи Нав кору зиндагӣ мекунад ва сармуҳаррири рўзномаи ноҳиявии «Машъал» мебошад.

Ба навиштани шеърҳои бачагона, лирикӣ ва ҳаҷвӣ шавқ дорад.