Дониш талабу бузургӣ омӯз...

Дар Маркази такмили ихтисос боз як давраи омӯзишӣ барои кормандонбо номи «Феҳристнигорӣ” шуд. Ин аввалин бор аст, ки Маркази такмили ихтисос дарсеро дар ин ришта роҳандозӣ мекунад ва ҳадаф боло бурдани сатҳи дониши кормандон дар мавзуъ аст.

Дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон  омадааст, ки то замони Истиқлолият дар Тоҷикистон 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо 70 ҳазор нафар донишҷӯ фаъолият мекард. Ҳоло миқдори ин муассисаҳо ба 39 ва шумораи донишҷӯён ба 200 ҳазор нафар расидааст. Илова бар ин, зиёда аз 30 ҳазор нафар ҷавонони лаёқатманди мо аз ҳисоби давлат дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои пешрафтаи хориҷӣ таҳсил мекунанд. Маҳз бо ҳамин сабаб дар даврони истиқлолият аз ҳисоби буҷет ба соҳаҳои иҷтимоӣ 45 миллиард сомонӣ равона карда шуд, ки қариб нисфи буҷети давлатиро ташкил медиҳад.

Бо вуҷуди ин, ҳоло ҳам нарасидани кадрҳои баландихтисоси соҳаи фарҳанг мушоҳида мешавад. Аз ин рӯ, Вазорати фарҳанг вазифадор аст, ки дар доираи татбиқи “Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашр барои солҳои 2018-2022” мушкилоти ҷойдоштаро бартараф намояд. Ҳамчунин, моро зарур аст, ки фаъолияти муассисаҳои таълимии санъату ҳунар, осорхонаву китобхонаҳо, театрҳо ва марказҳои фарҳангиро беҳтар гардонем, аҳли ҷомеаро ба ин муассисаҳо ҳарчи бештар ҷалб кунем ва бо ин роҳ ба раванди баланд бардоштани сатҳи маърифату маънавиёти аҳли ҷомеа, алалхусус, наврасону ҷавонон, яъне наслҳои ояндасози миллат ва рушди фарҳанги миллӣ такони ҷиддӣ бахшем.

Дар баробари ин, ҳар сол дар Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллӣ ҷиҳати ба талаботи бозори кор мутобиқ гардонидани сатҳи касбияти кормандон  беш аз 80- нафар ҷавонон ва кормандони ғайри ихтисосро ба омӯзиши курсҳои гуногун ва бозомӯзӣ ҷалб мекунад.

 Дастгирии соҳаи китобдорӣ  ҳамеша дар мадди аввали сиёсати давлат ва ҳукумати мамлакат ва роҳбарияти китобхона қарор дорад. Бо ин мақсад аз 14- уми феврал то 14- юми майи соли 2018 дар Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллӣ ба кормандон давраи омўзишии «Феҳристнигорӣ» оғоз намуд, ки ин курс аввалин машғулиятҳо тибқи нақшаи таълимӣ барои кормандони Китобхонаи миллӣ гузаронида шуда, дар ҷараёни он соҳаҳои гуногуни дониш, аз ҷумла дар бораи пайдоиш ва аҳмияти феҳрист дар кори киобхонаҳо, намудҳои феҳристҳо, кор бо баргаҳо, нақши феҳрист дар кори китобдорӣ ва ғайра  маълумоти пурра дода мешаванд.

Машғулиятҳо бо саволу ҷавоб ва мисолҳо ва корҳои амалӣ гузаронида мешаванд.

Дар ифтитоҳи ин давраи омӯзишӣ Директори Китобхонаи миллӣ профессор Абдусалом Мирализода, ҷонишинони директор Гадобек Маҳмудов ва  Салима Раҷабова ширкат варзиданд ва суханронӣ намуданд.

Директори Китобхзонаи миллӣ феҳристнигориро бахши муҳими фаъолият дар Китобхона номид ва аз ширкаткунандагони дарсҳо даъват намуд, ки ҷиддан онро омӯзанд.

Дар аввалин давраи омӯзишии феҳристнигорӣ 27 нафар кормандони Китобхоани миллӣ аз шуъбаҳову марказҳои гуногуни он иштирок мекунанд.   

Юлчибой Мўсоев,
м
уовини сардори
Маркази такмили ихтисос

Барчаспҳо: