Даҳ нафар кормандони китобхонаи Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон шомили як давраи омӯзишӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон шуданд.
Ин давраи омӯзишӣ, ки тибқи барномаи муштараки қаблан тарҳрезишуда мегузарад, сар аз аввали моҳи декабри соли равон оғоз шуд ва қарор аст муддати 10 рӯз идома ёбад.
Ба ширкаткунандагони давраи омӯзишӣ мутахассисони собиқадори соҳа, аз ҷумла Муовини Директори Китобхонаи миллӣ Гадобек Маҳмудов, муовини сардори Маркази такмили ихтисос Юлчибой Мусоев, мудири шуъбаи маълумотдиҳии библиографӣ Некрӯз Мансуров, сардори шуъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ Ҷамил Валиев, сардори шуъбаи билиографияи миллӣ Сабоҳат Иброҳимова дарс хоҳанд гуфт.
Зарфи ин даҳ рӯз ширкаткунандагон дар бораи торихи Китобхонаи миллӣ ва фаъолияти марказу шуъбаҳои он, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи реклама», «Дар бораи фарҳанг», «Дар бораи нусхаи ҳатмӣ», «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот», «Дар бораи ҳифзи иттилоот», «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» «Дар бораи фарҳанг» ва дигар ҳуҷатҳои меъёрию ҳуқуқии алоқаманд ба фаъолияти китобхонаҳо, табъу нашр ва китоб ошно хоҳанд шуд.
Шиносоӣ бо торих ва сохтори китоб, дастгоҳи маълумотдиҳандаи китоб ва тавлиди он, тарзи интихоби китоб ё иттилоот, маълумот дар бораи чопхонаҳо ва чигунагии равишҳои муосири интишори китобҳо аз ҷумлаи дигар мавзуъотест, ки дар ҷараёни дарсҳо пайгирӣ мешаванд.
Дар бахши дигар аз дасҳои омӯзишӣ бо феҳристҳои амалкунанда дар китобхона ва вазифаҳои он, ташкили феҳристҳо, роҳу шеваҳои ҷустуҷўи адабиёт, тарзи ҷобаҷогузории баргаҳо дар феҳристҳо (назария ва амалия), истифодаи феҳристҳо, таснифи даҳгонаи синфбандӣ ва назария ва амалияи таснифи китобдорӣ-библиографӣ (ББК) мавриди суҳбат қарор хоҳанд гирифт.
Дар ин 10 рӯз ширкаткунандагони давраи омӯзишӣ ҳамчунин имкон пайдо хоҳанд кард дар бораи назария ва амалияи тасвир ва тасвирнигорӣ, ташкили тавсифи библографӣ ба сарватҳои иттилоотии китобхона (китобҳо, рӯзномаҳо, воситаҳои электронӣ, хуҷҷатҳои меъёрӣ, мақолаҳои ихтироот (патентҳо) ва ғайра маълумот пайдо кунанд.
Ҳамзамон бо ин истифодаи дастурҳои библиографӣ дар пажуҳиш ва интихоби адабиёт ва иттилоот, таҳияи рўйхати адабиёт, унсурҳо ва аломатҳои тасвир, таҳияи шарҳ ва мухтасари мазмуни китоб ё иттилоот, ташкили хазинаи китобхона, хазина ва сарчашмаҳои иттилоотии ҷудогона дар китобхона ва вазифаҳои он, созмон додани марказҳо ва хазинаҳои электронӣ дар китобхона, технологияҳои иттилоотӣ, асосҳои коргузориӣ дар китобхона, ташкаккули фарҳанги иттилооти китобдорон, этикаи касбӣ ва вазифаҳои он, шеваҳои хизматрасонӣ, уҳдадаориҳои китобдор, идораи фаъолияти китобдорӣ, менеҷмент, маркетинг ва рекламаи китобдорӣ низ дар ҳамин барномаҳои дарсии омӯзишӣ ҷой дода шудаанд.
Дар бораи китобхонаи «Маркази миллии патенту иттилоот» чиро бояд донист?
Ин китобхона соли 1965 бо Қарори Кумитаи давлатии Шўрои вазирони ҶСС Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ташкил ва Китобхонаи ҷумҳуриявии илмӣ-техникӣ (КҶИТ) номида шуд.
То ин вақт, аз соли 1958 то соли 1965, он ҳамчун китобхонаи марказии илмӣ-техникии Совнархоз (Шӯрои хоҷагии халқ) вуҷуд дошт.
Китобхонаи ҷумҳуриявии илмӣ-техникӣ ҳамчун китобхонаи бисёрсоҳавӣ ва маркази методӣ-библиографӣ барои китобхонаҳои илмӣ-техникӣ шинохта шудааст.
Он аввал дар як утоқи начандон бузург таъсис шуд, ки барои кормандонаш шароити хуби корӣ ҳам надошт, чун ҳам кормандон ва ҳам хазинаи китобҳо дар ҳамин як утоқ ҷой гирифта буданд.
Теъдоди китобҳои китобхона дар марҳилаи аввали таъсис 4500 нусхаро ташкил медод. Аз соли 1967 китобхона бо ҳуҷҷатҳои патентӣ ва феҳристҳои саноатӣ, аз соли 1969 бо ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ мукаммал гардонида шуд.
Дар ин китобхона бештар дар бораи соҳаҳои мушаххас, аз ҷумла мошинсозӣ, энергетика, кишоварзӣ, саноати кимиё, саноати сабук, саноати хӯрокворӣ метавон адабиёт дастрас карда ва мутолиа намуд.
Китобхона хазинаи худро бо адабиёти ватанӣ ва хориҷӣ, илмӣ, техникӣ, иқтисодӣ ҷамъиятӣ-сиёсӣ, нашрияҳои маълумотӣ ва библиографӣ, варақаҳои иттилоотӣ, ҳуҷҷатҳои патентӣ ва меъёрӣ, феҳристҳои саноатӣ мукаммал мегардонад.
Масъалаҳои асосие, ки ҳайати кормандони китобхона дар солҳои аввали оғози фаъолият баррасӣ менамуданд, ин беосеб нигоҳ доштани бойгонӣ, пуррагардонии хазинаи китобҳо ва тарғиби китобу китобдорӣ буд.