Китоб ва китобат дар таърихи кўҳан. Бахши аввал
Ибни Надим дар асари бисёр боарзишу мўътабари худ «Ал- феҳрист» ба нақл аз Ибни Муқаффаъ ба анвоъи гуногуни хутуте, ки дар байни ирониён ривоҷ дошта, таҳти ановине чун: дин дафария, вишдабирия, каштач, ним каштач, шоҳдабирия, ҳам дабирия ва ном дабирия ишора намуда аст, ки имрўз дар байни онҳо танҳо ду хат, яъне дин дабирия ё хатти Авесто ва хатти гашта дабира ё хатти паҳлавӣ қобили шиносоӣ аст.
Ин сухани Ибни Надим шояд ба эътибори надоштани шиносоии дақиқ ранге аз иғроқ ба худ бигирад, аммо бидуни шак аз аҳамияти хираду дониш назди ирониён ҳикоят мекунад.
Хираду дониш пайваста дар Ирони бостон дорои аҳамияте босазо будааст. Яшти шонздаҳум доир ба «Дини Яшт» саросар ба эзиди илму дониш, яъне «чистон» таъаллуқ дорад. Вожаи «дин», ки гунаи таҳаввулёфтаи вожаи авестоии daena мебошад аз решаи da (у) ба маънии «басират доштан ва шинохти дарунӣ» омадааст. Дар мутуни бозмонда аз форси миёна – ба маънои омоли ҳалима низ ҷой –ҷой бои борате, ки ба навъе бар аҳамияти хираду донишмандўзи таъкид дорад, бархурд мекунем.
Дар матни паҳлавии «Шукуфтӣ ва арзишмандии Систон» банди 9 ва 10 омадааст, ки:
9. – Яке ин ки Гуштоспшоҳ динро ба дарёи фарзандон равон бахшид:
10. – Нахуст ба Систон ва сипас ба дигар мамолик ба ёрии хампарсагии Зардушт ва сини Аҳумастудони Бустӣ, ки аз шогирдони Зардушт нахустин (кас) ба доштани як сад шогирд ў буд.
Пас, аз ин муқаддимаи бисёр кўтоҳ дармеёбем, ки бидуни шак хираду дониш дар байни ирониён низ хамонанди бархе дигар аз ақвоми бостонӣ пайваста мавриди эҳтиром, таваҷҷўҳ будааст.
Аммо нуқтаи муҳим ва қобили зикр ин ки агар барои хирад ва дониш ду ваҷҳи баён, яъне мактуб ва ривойи қоил шавем, бояд бигўем, ки ба истиноди аснод, мадорик ва манобеъи мўътабари бисёр суннати ғолиб дар Ирони бостон ва дониш ривойи гароиш дошта аст. Ба иборати дигар, дар Ирони бостон суннати китобат ба маънои хоси калима ва такя бар илму дониши мактуб ва дар натиҷаи ишораву ривоҷи он гуна ки бояд шакл нагирифта, дарвоқеъ ин ваҷҳ аз дониш ҷои худро ба дониши ривойи ё илмӣ ба сина додаст.
Албатта, баёни ин матлаб ба он маъно нест, ки фарҳанги Ирони бостон ба куллӣ бо китобат бегона будааст, ки ин бардоштест комилан ғалат дар даҳҳо ҷилд кутуби рисолоти баҷоймонда дар даст ва садҳо ном дар манобеъ ва маъхазҳои мўътабар.
Дар «Ал– феҳрист», «Кито – ут – тоҷ», «Кашф – уз – зунун» ва манобеи дигар ба осори бисёре аз Ирони бостон ишора шуд, як ҷилд аз онҳо низ ба дасти мо нарасидааст. Бузургтарин асари ҳамосии Ирон, яъне «Шоҳнома» - Фирдавсӣ, ки дар паҳнои адаби порсӣ чун таҳамтан қад барафроштааст, ба худойномаҳо ва осоре устувор аст, ки ҳатто порае аз яке аз онҳо низ имрўз дар даст нест. Дар матни паҳлавии »Шаҳрҳои Ирон» банди 4 – 5 омадааст:
«Пас Зардушт аз фармони Гуштоспшоҳ дин овард (ва онро бар ҳазор двист фаргард бадин дабира бар сафаҳоти зарин хонду навишт ва ганҷи он оташ (гоҳ) ниҳод. Ва сипас Искандар (онро) сухту ба дарё афканд».
Бисёре аз кутуб ва манобеи пас аз исломии Ирон дорои матнҳои паҳлавӣ ё портӣ буда ва сипас ба забони арабӣ тарҷума шудаанд, ки аз байн муҳимтарини онҳо метавонд ба «Калилаву Димна», «Вис ва Ромин», «Хазор афсона», «Синбоднома» ва «Тўтинома» ишора намуд.
Бо таваҷҷўҳ ба маворид ва намунаҳои боло дармеёбем, ки дар Ирони бостонь низ кутуби бисёре вуҷуд доштааст, вале ба сабаби набудани устувории суннати китобат ин амр ба далоиле, ки хоҳад омад, ҷомеъ – уш – шумул нашуд ва ҳамон гунна, ки гуфта шуд,фарҳанги ғолиб пайваста ба суннати ривойи иқболи бештаре доштааст.
Дар ибтидо бояд ба як нуқтаи муҳим таваҷҷўҳ намуд ва он ин, ки усулан фарҳанги ҳар қавм маҷмўаи дарҳамбофтааст, ки тамоми аносири он аз ҳар сў бо якдигар дар иртиботи том ҳастанд, тавре ки тавзеҳ ва бозшиносии яке аз онҳо ба сурати муҷаррад ва бидуни таваҷҷўҳ ба тамоми аносир муҳаққиқро ба бероҳа кашонида ва дар поён ба натиҷае номатлуб ва хилофи воқеъ раҳнамун мегардад. Яке чунин шароите набояд дар бораи аносири фарҳангӣ бо назари манфӣ ё мусбат ба арзёбӣ нишаста ва бар асоси меъёрҳои шахсӣ ва ё нисбӣ дар салб ва ё эҷобӣ онҳо таъкид варзид, зеро аввалан дар як систем наметавон яке аз аносирро ба дилҳо ҳазф намуда ва ё нодида гирифт, сониян, маҷмўае, ки мо онро фарҳанг меномем, рўҳи як миллат буда ва дар ҳақиқат таблои андешаи он миллат дар тўли ҳазор сол ба шумор меравад. Натиҷа ин ки мантиқтарин ва роҳгушотарин бархурд бо ин маҷмўа бозшиносоии дақиқи тавсифи сохтӣ ва тавзеҳи бастаи он аст.
Набудани ривоҷи суннати китобат яке аз вижагиҳои фарҳангии Ирони бостон аст. Ин вижагӣ маълули илали мухталифест, ки муҳимтарини онҳо ишора мешавад.
Маҳдудияти истифода аз навиштор ва мамнуъияти он барои тўдаи мардум. Танҳо осори боқимонда аз даврони Ҳахоманишӣ, теъдоде катиба ба хатти мехӣ ва забони форсии бостон аст. Хамон гуна, ки медонем, катибаҳои форсии бостон комилан ба шоҳони силсилаи Ҳахоманишӣ ихтисос дорад ва ба ҷуз онҳо асари дигаре аз ин забон дар даст нест. Ба иборати дигар, аз забони форсии бостон асари мактубӣ бо хатти китобӣ ё истилоҳан Cursive ба ҷой намонда, ки агар мемонд шояд бисёре аз мушкилоти забониро ҳал менамуд. Муҳимтарин мушкилот дар ин замина таҳаввули забони сад дар сад тасрифии форсии бостон ба забони комилан ғайритасрифии форси миёнаи ҷанубӣ ё паҳлавӣ аст.
Ба иборати дигар, шояд тавзеҳи ин таҳаввул ва ҷаҳиши ғайримантиқии забонӣ дар шинохти забони тудаи мардуми он давра бошад, ки бо ҳазорон афсус ҳеҷ асари мактубӣ аз он дар даст нест. Бад – ин тартиб бояд гуфт, ки бидуни шак дар давраи Ҳахоманишӣ ҳеҷ як аз мардум ба ҷуз хонадони салтанатӣ ҳаққи беҳрагириву ошноӣ бо хатро надоштааст.
Дар давраи миёна, бавижа дар Ирони Сосонӣ низ вазъ ба ҳамин минвол аст, зеро Сосониён худро вориси салтанати Ҳахоманишиён ва аз тухмаи онон медонистаанд. Аз ин рў, тамоми шеваҳои ҳукумат ва фарҳангии он давраро эҳё намуданд. Дар китоби «Сад дар наср», ки аз осори бисёр муҳими форси зардуштӣ буда ва метавон онро бо китоби паҳлавии «Шойист на шойист» дар шабоҳати том дид, ду мавриди бисёр муҳим омадааст. Мавриди аввал дари (боби) наваду ҳаштум, ки мегўяд:
- Ин ки беҳдинонро мебояд, ки хатти Авесто биёмўзанд, пеши хирбадон ва авистодон, то дар хондани ниёишу яшт хато наравад.
- Бештар воҷиб мар хирбадонрову авистодонро ҳаст, ки ҳама беҳдинонро хатти Авесто биёмўзад ва агар хирбад дар омўхтани ишон тақсир намояд, ўро азим гуноҳ бошад.
- ки Урмузд ба афзунӣ Зардуштро гуфт, ки ҳар хирбадеву устоде дар омўхтани Авесто беҳдинонро тақсир кунад, ўро аз биҳишт чандон дур кунам, ки паҳнои замин аст.
Ин дар ҳолест, ки дар боби наваду нуҳум аз ҳамин китоб омадааст:
- ин ки мубадону дастурону радону хирбадонро нашояд, ки ҳамаи касро паҳлавӣ омўзад.
- ки Зардушт ва Ҳурмузд пурсиш, ки паҳлавӣ омўхтан мар касонро шояд.
- Ҳурмузд ба афзунӣ ҷавоб дод, ки ҳар ки аз насли ту бошад, мубаду дастуру хирбаде, ки харадманд бошад.
- дигар ҳеҷ касро нашояд ҷуз аз ин ки гуфтаам, агар дигаронро омўзад, ўро азим гуноҳ бошад, агар бисёр кору қарорра карда бошад, фарҷом ўро дўзах бувад.
Мо медонем, ки бахшҳои парокандаи Авесто дар давраи сосонӣ ҷамъоварӣ гардида ва ҷиҳати сабти он хатти бисёр содаву овонигори Авесто аз рўи хатти бисёр мушкили паҳлавӣ ба вуҷуд омад. То пеш аз ин давра Авесто сина ба сина нақл мешуд ва ирониён низ лозим дар китоби он надоштанд.
Умдатарин авомили эҳсоси ин зарурат рўёрўии ташкилоти динии зардуштӣ бо дини яҳуд бо «Таврот», дини Масеҳ бо «Инҷил» ба унвони авомили хориҷӣ ва ойини Монӣ бо кутуби мудаввани бисёр дар дохил буд ва ҳамон гуна, ки онон низ дарёфта буданд, агар маҷмўаи парокандаи Авесто дар ҳамон замон мудаввану мактуб намешуд, бидуни шак имрўз чизе аз он боқӣ намемонд. Табъан ин маҷмўа пас аз тадвину китобат барои устувории пояи ғоявии худ ниёз ба баҳрагирии тўдаи мардум аз он дошт ва равшан аст, ки таҳаққуқи ин амр дар шароите, ки ҳеҷ як аз тўдаи мардум бо хат ва ба таври куллӣ бо забони навишторӣ ошноӣ надоштанд, имконпазир набуд. Дар чунин шароит омўзиши хат бояд иҷборӣ мешуд ва ин зарурат фақат дар ҷомаи як дастури динӣ метавонист замонати иҷроӣ ёбад. Дар ин ҷо бояд ба ин нуқта таваҷҷўҳ дошт, ки тавсия ба омўзиши хатти Авесто ба василаи хирбадон танҳо як заруратест ва чунончи ин зарурат, яъне ба хатар афтодани як дини шифоҳӣ дар баробари адёни мактуб пеш намеомад.
С. Сулаймонӣ, профессор
Бознаш аз китоби “Фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон” (Китоби 4), Душанбе, 2013
Китобати Мавзуна Назарова,
сармутахассиси Маркази такмили ихтисос