Кас агар дўст надорад Ватан, имонаш ку?
Нашр шуд 2017-05-23 16:27
Мо-ҷавонони замони Истиқлолияти кишварамон Тоҷикистони азизи ҳамешапойдор ҳамвора бояд шукргузор аз фазои орому осоиши Ватан, аз ваҳдату якпорагии меҳан, ки рўз аз рўз ба таври шигифтангез дигаргун шуда, ободтару зеботар мегардад, бошем.
Мо ҷавонон пеш аз ҳама бояд ҳисси ифтихори баланд аз Тоҷикистон, аз ҳар сангу кўҳи он, аз мардумони шукргузораш дошта бошем. Меҳри ин Ватани ободу озод дар қалбҳои мост:
Ба ҷуз меҳрат таманное надорам ,Тоҷикистонам ,
Умедам , орзўям , ифтихорам, Тоҷикистонам .
Барои ман ту беш аз хонадон нестӣ ҳаргиз,
Бадахшонам, Зарафшонам , Ҳисорам, Тоҷикистонам.
Аз сўи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Презденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2017 ҳамчун соли ҷавонон барои ҳар як сокини кишвар, бахусус ҷавонон боиси рўҳбаландӣ ва сарфарозӣ гардид. Чун Пешвои миллат ба нерўи созандаи мо, ҷавонон, эътимод дорад, дар навбати худ мо низ бо дарки ҳисси масъулиятшиносии баланд тавре кору пойкор кунем, ки сазовори ин эътимоди бузургӣ Пешвои Миллат бошем.
Аз назари мо барои сазовори ин эътимоду боварии бузург шудан бояд бо қалби пур аз ифтихору шодмонӣ самимона неруи худро дар ростои рушду пешрафти Ватани ниҳоят дўстдоштанимон Тоҷикистони азиз ба харҷ диҳем, онро дўст дорем ва ҳамеша ба ёди оромиву осудагии он бошем .Ба қавли шоир:
Хар ки дар хоки Ватан хок шавад, султон аст,
Ҷоннисорӣ ба раҳаш аҳди ҷавонмардон.
Кас агар дўст надорад Ватан, имонаш ку?
Дўстдории Ватан фарз, агар виҷдон аст.
Имрўзҳо мешунавем, ки як идда ҷавонони ноогоҳ ва бехабари мо таҳти таъсири нерўҳои бегона ба сафи қувваҳои иртиҷоӣ, бар зидди бародару хоҳари худ силоҳ ба даст гирифтаанд, пас онҳо чи гуна мусалмонанд, ки як ҳадиси бисёр пурарзиши Пайғамбар (с)-ро, ки гуфтааст: «Дўст доштани Ватан аз гўшаи Имон аст», нодида мегиранд, мулоҳиза шавад дар абёти боло низ ишора ба ҳамин ҳадиси Пайғамбари Ислом аст.
Таърих гувоҳ аст, ки миллати мо дар тўли таърихи тўлонии худ ҳеҷ гоҳ ба сари кишварҳои дигар теғ накашидааст. Дӯстиву рафоқат аст, ки ин миллат умре онро пос доштааст.
Дарахти дўстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.
Агар ин гуфтаҳои Ҳофизи Шерозӣ, ки амсоли он дар таърихи адабиёти мо хеле зиёд аст, дар асрҳои миёна садо дода бошанд, паси ин абёти Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар рўзҳои мо гуфта шудаанд:
Одамон аз дўсти ёбанд бахт
Душмани орад ба мардум рўзи сахт.
Аммо ба он турфа ҷавонони раҳгум кардаву ноогоҳи тоҷик аз номи шоир чунин мегўям:
Мушти ин хоки гаронмоя азиз аст, азиз,
Ба сарат санги сари қулла балогардон аст .
Кўрдилҳои Ватанро намакаш созад кўр,
Пос дорад Ватанаш , ҳар ки агар инсон аст.
Ба насли ҷавони Ватан муроҷиат мекунам, ки Ватани хешро бишносанд, то худро бишносанд. Ҳамеша ба ёди Ватану ҳифзи он, рушду пешрафташ ва сарбаландиву сарфарози ҳар як сокинаш саъю кўшиш кунанд. Зеро:
Ман хешро дар ишқи ту бишнохтам , Ватан ,
Бе ёди ту ҳақир будам дар нигоҳи худ .
Бе дарди ту асир будам дар ҳисори тан
Огаҳ надоштам, ки зи ман бартаре бувад
Ҳам аз барои ман –Ватан!
Ҳар ҷавоне, ки ба умқи ин гуфтаҳо мерасад, воқеан, ҷавони Ватандўсту Ватанпараст мешавад.
Ба назари мо, он вақт мо метавонем сафедро аз сиёҳ фарқ кунем, роҳи расидан ба ин ҳадафҳо мутолиа ва боз ҳам мутолиа аст. Дарҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба ин ҳадафҳои олӣ ҳамеша боз аст.
М. Муҳаббатова,
Мутахассиси пешбари
Маркази такмили ихтисос