Омӯзиши бачаҳо барои сохтани ҳар гуна бозичаҳо ин ҳафта ҳам дар “Дастони моҳир” идома дошт. Мураббӣ ин бор тарзи сохтани моҳичаи тиллоиро омӯхт.
Аммо чун анъана мураббӣ аввал аз бачаҳо дар бораи моҳиҳо пурсон шуд ва хуусиёти моҳии тилло ва оё он дар ҳақиқат вуҷуд дорад ё на, нақл кард.
Дар ин бора афсонаи омӯзандае аз Пушкин ҳаст, ки пирамарде чӣ гуна моҳии тилло ба шаст меорад ва кампираш аз ӯ чӣ тақозоҳое намекунад.
Аммо худи моҳиҳо аслан дар кӯлу дарёҳо шино мекунанд ва дар қаъри обҳо ҳаёт ба сар мебаранд.
Моҳиҳо сайди хеле муфид барои инсонанд ва аз моҳӣ метавон даҳҳо навъи таоми хушлаззат омода кард.
Баъди дарёфти маълумоти муфид бачаҳо моҳичаҳои тилоии худро сохтанд. Яъне, ҳар кас дар тасаввури худ чизе аз нақли мураббӣ ғунҷида буд, онро тасвир кард.
Моҳичаҳо асосан аз қоғазҳои ранга ва бо истифода аз ширеш тайёр карда шуданд.