Пушкин ва Лоҳутӣ: Чӣ иртиботест миёни ин ду шоири забардаст?
Ин аввлаин суоле буд, ки ҳини ба даст гирифтани китоби «Душе настало пробужденье» ( «Рўхро гахи бедор шудан») дар сарам чархид.
Китоб соли 2008 дар ҳаҷми 240 саҳифа ва ба теъдоди 1500 нусха дар нашриёти «Вагриус”-и шаҳри Маскав чоп шудааст. Ва ҷолиб он аст, ки китоб бо ду забон аст: русӣ ва тоҷикӣ. Ашъори шоири маҳбуб Александр Сергеевич Пушкин дар қалби Русия бо забони тоҷикиву русӣ интишор ёфтааст ва барои алоқамандони ашъори ин шоири маъруф туҳфаи беҳтарин метавонад бошад.
Кулли ашъори ин маҷмуъа аз ҷониби шоири дигари маъруф устод Абулқосим Лоҳутӣ тарҷума шудааст.
Ашъори Пушкин ба бисёр забонҳои олам, аз ҷумла бо забони тоҷикӣ зиёд тарҷумаву нашр шудааст. Ва мутолиаи ин шеърҳо нишон медиҳанд, ки Лоҳутӣ чун устоди назм ва шахси шеършинос намунаҳо аз эҷоди Пушкинро хеле бо забони равон ва барои ҳамагон фаҳмо тарҷума кардааст. Китоби мазкур бо як нақшу нигори махсус ва дастнависҳои А.С. Пушкин оро дода шудааст.
Абдулқосим Лоҳутӣ дар тӯли солҳои иқоматаш дар Маскав ва Душанбе намунаҳоро аз осори Шекспир, Лопе де Вега, Грибоедов, Маяковский баргардон ва интишор додааст.
Сарсухани китоби «Душе настало пробужденье» («Рўҳро гаҳи бедор шудан») – ро, ки бо қалами духтари шоир Лола Лоҳутӣ навишта шудааст, бидуни тағйир ин ҷо меорем ва ин худ даричаест барои шинохти Пушкин ва Лоҳутӣ барои ҳар хонандаи тоҷик.
Лола Лоҳутӣ: Дар хонаи мо Пушкин ва Фирдавсӣ дасти бародариро ба ҳам доданд
Китобе, ки дар даст доред, гулчине аз ашъори шоири бузурги рус Александр Сергеевич Пушкин аст, ки устод Абдулкосим Лоҳутӣ (1887-1957) бо забони форсӣ-точикӣ тарҷума карда буд. Ҳарчанд ки ин ашъор дар замоне тарҷума шуд ки назми навини тоҷикӣ нахустин гомҳои худро бармедошт, аммо аҳамияти он ҳамчунон по бар ҷо аст.
Сароғоз сухане чанд бояд дар бораи мутарҷим гуфт. Устод Лоҳутӣ зиндагие пурмоҷаро ва ибратомўз бар сар бурдааст. Вай соли 1887 дар шаҳри Кирмоншоҳ ба дунё омада ва дар оғози садаи XX яке аз муборизони ҷунбишҳои озодихоҳи Эрон ва ҳамзамон шоири шинохташудае буд. Сурудҳои нахустини вай ғазалҳои суфиёна ва ирфонӣ буданд ва тахаллуси Лоҳутӣ, яъне «солики чаҳони маънӣ», низ ёдгори ҳамон шўру ҳаяҷони даврони ҷавонӣ аст.
Ҷустуҷуи роҳи ҳақ Лоҳутиро ба ҷодаи мубориза бо истибдоди шоҳӣ овард. Шоир дар роҳи озодӣ ва бехбуди рўзгори заҳматкашон даст ба муборизаи мусаллаҳона зад ва теғу қалами худро ҷангафзори ҷунбишҳои инқилобӣ кард, ки солхои 1905-1911 ва 1920- 1922 Эронро фаро гирифта буданд. Дар натиҷа ҳукумати шоҳии Эрон Лоҳутиро барои андешаҳо ва фаъолияти инқилобӣ маҳкум ба марг кард ва шоир роҳи Истамбулро пеш гирифт. Ҳарчанд муҳоҷирати иҷборӣ бар Лоҳутӣ сахт мегузашт, аммо шоир аз мубориза даст накашид ва ҳамроҳ бо яке аз дўстонаш маҷаллаи адабӣ- фархангии «Порс»-ро таъсис дод, ки ба забонҳои форсӣ ва фаронсавӣ мақолаҳо мунташир мекард. Яке аз ҳадафҳои ин маҷалла шиносонидани адабиёти Эрон ба ғарбиён ва ошно кардани Эрониён бо беҳтарин осори нависандагони Ғарб буд. Лоҳутӣ соли 1922 ба Эрон баргашт ва ҳамон сол дар шаҳри Табрез шўришеро барангезонид, ки ба номи «шўриши Лоҳутихон» маъруф аст. Ин шўриши мардумӣ ба сахтӣ саркўб шуд ва Лоҳутӣ бо дастае аз ҳамразмонаш ба сарзамини Қафқози шўравӣ паноҳ бурд ва соли 1923 аз он ҷо ба Маскав рафт.
Чанде пас аз муҳоҷират ба Иттиҳоди Шўравӣ Лоҳутӣ аз мавҷудияти ҷумхурии мухтори Тоҷикистон огоҳ шуд, ки мардуми он порсизабон ва меросбари фарҳангу адабиёти ҷаҳонгири форсӣ буд. Вай ҳамроҳ бо устод Садриддин Айнӣ бунёди адабиёти навини тоҷикиро гузошт ва яке аз поягузорони шеъри нави тоҷикӣ шуд. Аз ҳамин рўст, ки шоирони ҷавони Тоҷикистон вайро устоди худ меномиданд.
Устод Абдулкосим Лоҳутӣ барои шиносонидани адабиёти русӣ ба мардуми Тоҷикистон низ талоши пурсамаре карда буд ва дар ин кор ҳамсар ва ҳамкори адабии устод, шоираи руси форсизабон Силсилабону нақши муҳиме дошт. Пайомади ин ҳамкории адабии устод Лоҳутӣ ва Силсилабонуошноии насли ҷавони фархангиёни тоҷик бо адабиёти ҷаҳонӣ ва русӣ буд, ки дар натиҷа тавонистанд беҳтарин осори адабиро ба мардуми худ пешкаш кунанд.
Устод Лоҳутӣ ва Силсилабонудар шиносонидани адабиёти классикии аврупоӣ ва русӣ ба мардуми Точикистон ва муарифии осори шоирони бузурги порсизабон Рудакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ ва Хофиз ба мардуми Русия хидмати бузургеро анҷом додаанд. Чунончи, устод Лоҳутӣ осори Шекспир, Лопе де Вега, Грибоедов, Маяковский ва бархе аз сурудҳои кўдаконаро тарчума карда буд. Дар миёни ин тарҷумаҳо баргардонидаҳои осори Пушкин ҷойгоҳи вижае дорад.
Лоҳутӣ пайванди амиқи ботиниеро бо Пушкин эҳсос мекард. Сесилия-бону низ ба роҳбарии ҳамсараш асари ҷовидонаи Ҳаким Абдулкосим Фирдавсӣ «Шохнома»-ро ба русӣ баргардонидааст. Чунон ки устод худ мегўяд: «Пушкин ва Фирдавсӣ дар кобинаи муҳаққари мо забони якдигаро омўхта ва дасти бародариро ба ҳам доданд». Лоҳутӣ ҳамвора бар ин бовар буд, ки мардуми ҷаҳон ҳамтабору ҳамдиланд, чунон ки Саъдӣ фармуда «банӣ одам аъзои якдигаранд…». Вай ҳикояи маъруфи Мавлоно Ҷалолиддин Румӣ дар бораи ҷанҷоли турку арабу эрониро ҳамеша ёдоварӣ мекард ки ҳар кадомеро манзур як буд, аммо калом дигар ва яке «узум» мехосту дигаре «инаб» ва сеюм «ангур».
Ҳамакнун шумо осори Пушкинро дар даст доред, ки ба забоне мутаалиқ ба фарҳанге дигар баён шудаанд. Лоҳутӣ дар бораи усули тарҷумаи худ чунин мегўяд: «Ман мекўшидам, ки оҳанг ва ҳамаи мухтасоти шакли аслро бо диққати комил нигаҳ доранд, зимни ин ки ҷустуҷўи шакл барои тарҷумаи ин осор тавъам бо ҷустуҷўи роҳҳои нав барои назми форсӣ буд »
Тарҷумаҳои устод Лоҳутӣ гоми нахуст дар роҳи баргардони осори Пушкин, кўшиши нахустин дар заминаи «ҳамоиши» ду суннати адабе буд, ки дар ҳар кадом забону орояҳои адабӣ тамсилу кинояву истиъораҳои худро доранд. Барои бозтоби шаклҳои асли русӣ бояд вазну қофияву сохтори наве дар қавоиди пешини назми форсӣ дароварда мешуд. Бояд барҷастасозиҳои маъноӣ ба шеваи ќироъатӣ низ дигар мешуд. Ин ҳама навоварӣ бояд ба гунае дароварда мешуд, ки ҳам бо қавоиди назми форсӣ созгор бошад ва ҳам онро такмилу густариш диҳанд. Аз дигар сў, бояд хондану дарёфтани ашъори русӣ, аз ҷумла қироъати онро ба хонандагони форсизабон ёд медод ки онро монанди ашъори форсӣ хонанд ва дарк кунанд.
Яке аз дигар мушкилоти баргардони ашъори Пушкин баёни мафоҳим ва инъикоси мазомини он буд. Вижагиҳои назми русии садаи XIX бо василаҳои як фарҳанги комилан дигаргун чигуна бояд баён мешуд? Ва оё ин василаҳо ба он назм ончунон бегона буданд, ки баргардон номумкин мешуд? Магар мавзўъҳои аз қабили ишқу озодӣ, шўришгарӣ ва фармонбардорӣ, садоқату хиёнат, ҳасодату шарофат, нубуғ ва ҷинояткорӣ барои назми форсӣ -тоҷикӣ бегона будаанд? Шояд дар ин маврид мешуд, ки монанди он ҳикояти Румӣ «забони муштараке» пайдо кард? Магар сурудаи Пушкин ки гуфта «Ба худ кохе бино кардам ки даст онро намесозад, алаф ҳаргис напшад роҳи мардумро ба он маҳзар ёдовари ин байти Фирдавсӣ нест, ки гуфта буд:
«Пай афкандам аз назм кохе баланд,
Ки аз боду борон наёбад газанд» ?
Ин гуфтаи Пушкин «ё ин ки ҳаёту ҳастии мо ҳам, ҷуз хобу хаёли пуч набувад пок» шабоҳат бо ашъори форсӣ дорад. Ташбеҳи дилрабоёни заминӣ бо ҳурони биҳиштӣ ва ҷеҳраи хубруён бо гулҳои бўстон барои ҳар дўстони назми форсӣ ошност. Вале ин шабоҳат мушкилеро ҳам падид меоварад, зеро ин кинояву ташбеҳот дар назми русӣ маънои дигаре доранд ва қаринаҳои дигареро ба ёд меоваранд. Сохтори назми русӣ ҳам куллан дигаргун аст. Тарҷума бояд чунон бошад, ки хонандагон аз чорчўби мафоҳиму мазомини ошнояш берун оварад ва ба ҷаҳони Пушкин бибарад ва кинояҳоеро, ки ҳамзамонони шоир ба осонӣ дар меёфтанд, барои хонандагоне қобили дарк созанд, ки парвардаи замону фарҳанге дигар ҳастанд.
Ҳадафи устод Лоҳутӣ ҳамин низ буда, ки вижагиҳои назми Пушкинро ба хонандагони форсизабон бирасонад ва ба ҷуръат метавон гуфт, ки мутарҷим ба ҳадафи худ расида ва тарҷумааш баробар бо асл аст.
Устод Лоҳутӣ дар тарҷумаи осори Пушкин аз тавоноиҳои забони форсӣ –тоҷикӣ устодона баҳра бурдааст. Масалан, дар тарҷумаи байтҳое, ки матни русӣ оҳанге шукўҳмандона ва ё шеваи куҳна дорад, устод Лоҳутӣ аз луғоти назми классикӣ, вожаҳо ва орояҳои бадеии ғазалиёти Саъдӣ ва Ҳофиз баҳра ҷустааст ва дар тарҷумаи байтҳое, ки қаҳрамони ашъори Пушкин ба забони омиёна сухан мегўянд, вожаҳои гуишӣ ва мардумиро ба кор бурдааст. Чунончи, Пушкин мегўяд: «Не оспаривай глупца!» ва Лоҳутӣ онро баргардонда, ки: «Макун ҳам баҳс бо аблаҳ!». Пушкин аз забони пиразан хитоб ба пирамарди моҳигир мегўяд: «Дурачина ты старик, простофиля!» ва Лоҳутӣ онро баргардонида, ки: «Эй ту аҳмақ, эй каллакаду:».
Яке аз машҳуртарин байтҳои Пушкин – «Шипенье пенистих бокалов и пунша пламень голубой»- ро Лоҳутӣ чунин баргардондааст: «в –он фиш фиши косаҳои кафкашон, В-он шўълаи сабзи пунши ҷўшон». Вай бархе аз мафҳумҳоро таҳтуллафзӣ тарҷума карда ва ба ҷои бархе маънояшонро овардааст. Чунончи, ба ҷои «мӯза» дар тарҷума «илҳом» омадааст. Ин гуна ёфтаҳо ва навовариҳои Лоҳутиро хонанда худ ҳангоми хондан ва муқоиса кардани матни асл ва тарҷума хоҳад дарёфт.
Устод Абдулқосим Лоҳутӣ нахустин касе буд, ки ашъори Пушкинро ба форсӣ-тоҷикӣ тарҷума кардааст ва ин роҳест, ки пас аз вай бисёре аз шоирони тоҷик бад- он рафтаанд, мераванд ва умед аст, ки хоҳанд рафт. Дар 60 соли гузашта бисёре аз нуқоти мармузи ашъори Пушкин бозёбӣ шудаанд, вале кори тарҷума ва дарки мафоҳими шоирон «баҳрест ки ҳеҷаш канора нест» .
Бовар дорем равони устол Адбулқосим Лоҳутӣ аз чопи ин китоб ва дидори шоири дўстотааш – Пушкин – бо хонандагони ҳамзамононаш тоҷикон –бисёр шод хоҳад шуд. Мехостем навиштаи худро бо суханони худи устод ба поён расонем ки гуфта буд: «Ман қалбан ва ҷисман ҳамеша бо шумо ҳастам. Зиндаву ҷовид бод мардуми ҳунарпарвар ва шеърдўсти тоҷик! Лоҳутии шумо».
*** **** ****
Бо овардани чанд намуна аз шеъри Пушкин ва тарҷумаи устод Лоҳутӣ ин матлабро ҷамъбаст мекунем. Вале дар ояндаи наздик талош хоҳем кард шакли электронии китоби мазкурро барои ошноии бештар хидмати хонандагони азиз пешкаш кунем.
Нома ба Сибир
Дар эъмоқи конҳои Сибирь,
Пурфахр, таҳаммул кунед, ёрон!
Гум намешавад ранҷи дилгир,
Ва барвози фикрҳотон.
Хоҳари вафодори сахтӣ,
Умед, дар сияҳчоли ғамбор
Ҷуръати шодӣ кунад бедор.
Хоҳад омад рўзи хушбахтӣ!
Пешатон аз саддҳои оҳан
Муҳаббату дўстӣ ёбад роҳ,
Он сон ки дар он зиндонӣ –чоҳ
Расад бонги озодаи ман.
Бандҳои гарон хоҳанд уфтод,
Зиндон вайрон гардад, озодӣ
Пешвозатон ояд бо шодӣ
Дўстон пас теғатон хоҳанд дод.
*** **** ****
Ёд дорам дами ҷонбахше ман:
Истодӣ бари чашмам ту, зариф,
Чун намуде, ки бипаррад онанд,
Ҳамчунон олиҳаи ҳусни латиф.
Муддате ғарқаи андўҳ, ноумед,
Байни ҳаррўза ҳаёҳую шитоб,
Гўшам овози азизи ту шунид,
Нозанин –чеҳри ту дидам дар хоб.
Солҳо бигзашт. Афкори куҳан,
Бишуд аз сарсари осӣ бар бод.
Дилкаш –овози ту шуд дур аз ман,
Малакӣ –чеҳри туам рафт аз ёд.
Дур, дар зулмати зиндон, бе суд,
Пас аз он мегузарондам айём, -
Зиндагӣ бе ишқу бе маъбуд,
Бе ашқу бе рўҳу бе илҳом.
Рўҳро шуд дами бедор шудан:
Боз пайдо шудӣ инак ту, зариф,
Чун намуде ки бипаррад онан,
Ҳамчунон олиҳаи ҳусни латиф.
Дил кунун ҷўш занад шавқолуд:
Баҳри ў аз нав, бо ҷилваи том,
Зинда шуд ҳам ишқу ҳам маъбуд,
Ҳам ашқу ҳам рўҳу ҳам илҳом.
1825 c.
Таҳияи
Назира Толибова