Китоб (калимаи арабии بالكتا - навиштаҷоти варақҳои ҷилдшуда), воситаи интишор ва нигаҳдории иттилоот, ғоя, образ ва донишҳо мебошад. Дар омори байналхалқӣ, мувофиқи тавсияи ЮНЕСКО асари ҳаҷман беш аз 3 ҷузъи чопӣ, яъне аз 48 саҳифаи чопӣ кам набударо шартан китоб гуфтан мумкин аст.
Китоб воситаи муҳими иттлооти оммавӣ, илмӣ ва техникӣ, аслиҳаи пурзўри муборизаи сиёсию идеологӣ дар паҳн ва тарғиби дониш, иттилоот ва
Моҳи июли соли равон хазинаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо 188 номгӯй китоби нав бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ғанӣ шуд.
Хонандагон метавонанд бо даҳҳо китобҳои тозавуруд, ки аксари онҳо зарфи ҳамин шаш моҳи охир дар чопхонаҳои мухталифи кишвар интишор ёфтаанд, ошно шаванд.
Аз ҷумла, китоби Зафар Сайидзода “Фаолияти байналмиллалии пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: бозгашти давлати миллии тоҷикон ба
Теъдоди хонандагон ба Китобхонаи миллӣ зарфи панҷ моҳи аввали соли равон 7 ҳазору 479 нафар афзудааст.
Таҳқиқоте, ки ахиран Шуъбаи илмӣ-таҳқиқотии Китобхона анҷом додааст, нишон медиҳад, ки аз моҳи январи соли 2016 то якуми июни соли 2016 234214 нафар хонандагон ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ташриф оварданд, ки ба ҳисоби миёна дар як моҳ 46 ҳазору 842 нафар мебошад.
Ин гуна пажуҳишҳо ҷиҳати муайян намудани
Фаъолияти илмию таълимии ҳудудан 90 нафар аз устодони факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи милии Тоҷикистон, ки дар китобе бо номи “Ошёни суханшиносон” гирдоварӣ шудааст, имрӯз дар маҷлисгоҳи ин факулта муаррифӣ шуд.
Ин китоб, ки ба 25-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бахшида шудааст, бо заҳмати декани факулта Сироҷиддини Эмомалӣ ва устоди ҳамин факулта Шуҳрат Бобомуродов зери назари академики АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор, ректори Донишгоҳи миллӣ Муҳаммадюсуф Имомзода рӯйи чопро дид.
Дар қисми аввали китоб аксҳои деканон, мудирони кафедраҳои факулта аз оғоз то ин замон ва дар қисми дуввум фаъолияти устодони факулта ҷой дода шудааст.
Инчунин дар бахши алоҳида номгўйи устодони факулта, ки дар тули 25 соли Истиқлолият бо ҷоизаҳои давлатӣ, соҳавӣ, ифтихорномаҳои донишгоҳӣ ва берун аз он