Хат ва коғаз бешак муҳимтарин ихтироъ дар таърихи башар маҳсуб мешаванд. Таърихи тамаддун ҳангоме шурӯъ шуд, ки инсон он чизеро эҳсос мекард ва медид ва ё дар зеҳни худ ҳифз менамуд, аз тариқи расонаҳо ё маҳмилҳои физикӣ ба дигарон интиқол диҳад. Бад-ин маъно, ки инсон пас аз ибдои хат тавонист он чиро қаблан аз тариқи шифоҳӣ ва ҳофизаи маҳдуди худ ба наслҳои баъдӣ мунтақил мекард, ба сурати мазбут ва мактуб ба онҳо бирасонад. Аз ин замон ва баъд