Ин аввлаин суоле буд, ки ҳини ба даст гирифтани китоби «Душе настало пробужденье» ( «Рўхро гахи бедор шудан») дар сарам чархид.
Китоб соли 2008 дар ҳаҷми 240 саҳифа ва ба теъдоди 1500 нусха дар нашриёти «Вагриус”-и шаҳри Маскав чоп шудааст. Ва ҷолиб он аст, ки китоб бо ду забон аст: русӣ ва тоҷикӣ. Ашъори шоири маҳбуб Александр Сергеевич Пушкин дар қалби Русия бо забони тоҷикиву русӣ интишор ёфтааст ва барои алоқамандони ашъори ин шоири маъруф туҳфаи беҳтарин метавонад бошад.
Кулли ашъори ин маҷмуъа аз ҷониби шоири дигари маъруф устод Абулқосим Лоҳутӣ тарҷума шудааст.
Ашъори Пушкин ба бисёр забонҳои олам, аз ҷумла бо забони тоҷикӣ зиёд тарҷумаву нашр шудааст. Ва мутолиаи ин шеърҳо нишон медиҳанд, ки Лоҳутӣ чун устоди назм ва шахси шеършинос
Нусхаи хаттии Хоҷа Насируддини Тусӣ (597-672) таҳрири «Усул-ул-ҳандаса ва ал-ҳисоб»яке аз нусхаҳои нодиртарин ба ҳисоб меравад, ки дар «Осорхонаи китоб»-и шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шудааст. Ин нусха бо зиёда аз 450 шакли зебои геометрӣ диққати ҳазорон меҳмонони дохилӣ ва хориҷиро ба худ ҷалб намудааст.
Асар, ки имрўз ба номи «Ақлидус» («Euqlid»)