“Ҳандаса” аз қаъри асрҳо

Нусхаи хаттии Хоҷа Насируддини Тусӣ (597-672) таҳрири «Усул-ул-ҳандаса ва ал-ҳисоб»яке аз нусхаҳои нодиртарин ба ҳисоб меравад, ки дар «Осорхонаи китоб»-и шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шудааст. Ин нусха бо зиёда аз 450 шакли зебои геометрӣ диққати ҳазорон меҳмонони дохилӣ ва хориҷиро ба худ ҷалб намудааст.
Асар, ки имрўз ба номи «Ақлидус» («Euqlid») шинохта мешавад, аз 15 мақола иборат аст, ки 13 мақолаи он навиштаи Ақлидус ва ду мақолаи дигар мансуб ба Ҳубсиколис  мебошад. Дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Ақлидус (Эвклид) маълумоти зиёде дар даст нест. Ў аввалин математики юнонӣ буда, дар Афина солҳои 356-300пеш аз мелод зиндагӣ кардааст.
Нусхаи мазкур яке аз нахустин китобҳое мебошад, ки аз забони юнонӣ ё суриёӣ ба забони арабӣ тарҷума гардидааст. Аз он ҷумла,ҷомеашиносиараб Ибни Халдун (1332-1406) дар китоби «Таърихи ибни Халдун» роҷеъ ба тарҷумаи ин асар ишора карда, мегўяд, ки Императори Руми шарқӣ бо дархости Мансури Аббосӣ нусхаҳое аз ин китоб ва баъзе китобҳои улуми табииро ба Мансур фиристода, дар замони ў тарҷума шудааст. Баъдҳо  ин асар аз тарафи Исҳоқ ибни Ҳанин (вафоташ 297ҳ.қ.), Собит ибни Қураҳ ва Абўисмони Димишқӣ тарҷума гардидааст, ки 13 мақолаи Ақлидусро шомил буд. Мақолаҳои 14 ва 15-ум, ки ба Ҳубсиколис мансуб мебошад,Қусто ибни Луқо ба забони арабӣ тарҷума кардааст.
Қобили зикр аст, ки муҳимтарин таҳқиқоте, ки болои ин асар сурат гирифтааст, таҳқиқоти Ибни Сино мебошад. Хулосаи ин асар дар бахши риёзиёти китоби «Шифо» - и Ибни Сино зикр шудааст, ки  фанни аввали риёзии онро дар бар мегирад.
Нусхаи мазкуре, ки дар «Осорхонаи китоб» ба намоиш гузошта шудааст, аз 336 саҳифа иборат буда, андозаи дарозиаш 25см ва бараш 15см мебошад, ки тақрибан дар охирҳои асри XVI ва аввалҳои асри XVII ба хатти зебои настаълиқ навишта шудааст. Мутаасифона, ин асар ноқис буда, 14 мақоларо дар бар мегирад.
Китоби мазкур дар дафтари инвенитарӣ таҳти рақами 591 ба қайд гирифта шудааст.

Раҷабалӣ Додихудоев
Сардори шуъбаи дастхатҳои 

Шарқ ва китобҳои нодир

Барчаспҳо: