Нусхаҳои хаттӣ ва аҳамияти таърихии онҳо
Нусхаи хаттӣ китоберо гўянд, ки коғази он аз тарафи санъаткори моҳире сохта шуда, ҷилди он аз тарафи ҳунарманди тавоно саҳифабандӣ шуда, муҳтавои онро олиму донишманде бо хома (қалам)-и хеш бо диққату ҳавсалаи хос дар тўли рўзҳову моҳҳо ва шояд солҳо таълиф ё эҷод намудааст.
Қобили зикр аст, ки осору андешаҳои гузаштагони мо аз тариқи ин гуна нусхаҳои хаттӣ ба дасти мо омада расида аст. Бинобар ин ҳифзу нигоҳдорӣ ва муаррифии осори ниёгонамон метавонанд насли имрўз ва фардоро аз сайри таҳаввули андеша ва тамаддуни башарӣ огоҳ намуда, навъе аз худшиносии миллиро эҷод намоянд.
Мо дар ин таҳқиқоти худ кушидаем ҳама он зиннату наққошиҳое, ки дар нусхаҳои хаттӣ нақш бастаанд ва аз нигоҳи таърихӣ чӣ аҳамияте доранд таҳрир намуда, пешкаши муҳаққиқон ва дўстдорони осори хаттии ниёгонамон гардонем.
Нусхаҳои асл
Нусхаи асл нусхаеро гўянд, ки бевосита ба қалами муаллиф навишта шуда бошад ва ё зери назари ў китобат шуда бошад. Нусхаи асл аз он ҷиҳат арзиш дорад, ки дақиқан назари муаллифро баён мекунад ва бидуни дастбурди котибон ва бардоштҳои наслҳои баъдӣ таълиф шудааст. Аз ин ҷиҳат метавон эътибори анвоеро барои нусхаҳои асл қоил шуд:
Нусхаи мусавадда: Нахустин нусхаи хаттии китоб, ки ба дасти худи муаллиф навишта мешавад, мусавадда номида мешавад. Ин гуна нусхаҳо маъмулан дорои хатти хурдагии нохоно мебошанд. Вақте муаллиф асарашро ба хатти худ менавиштааст онро хонда, таҳрир карда, баъдан барои покнавис кардан ба котиби хушхате месупурдааст. Албатта, шакли мусаваддаҳо мизони донишу малакаи муаллифро, ки роҷеъ ба он мавзўи иншошуда пардохтааст, муайян менамояд. Муаллиф ҳарчи бештар дар мавзўи худ огоҳ бошад, мусавадда тамизтару хатҳои нофаҳмову нохонои камтаре доштааст. Чунин мусаваддаҳо дар баъзе аз китобхонаҳо ҳанӯз ҳам ҳифзу нигаҳдорӣ шуда, намунаҳое аз онҳо боқӣ аст.
Барои намуна метавон нусхае «Ашколи хутути Исломия»-и (1906м.) Мирмуҳаммад Ҳусайн ал-Хаттот бини Муҳаммади Балҷувонӣ (Кангуртӣ)-ро мисол овард, ки бо дасти худи муаллиф навишта шуда, дар шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷикистон нигоҳдорӣ мешавад. Ба ҳар ҳол нусхаи мусавадда ҳар қадар ҳам хатхӯрда ва нохоно бошад ҳам, муҳимтарин нусхаи асар ба ҳисоб рафта, қобили эътимод аст.
Нусхае, ки таҳти назорати муаллиф навишта шуда аст. Пеш аз ин гуфтем, ки муаллиф пас аз навиштани нусхаи мусаввада худ онро барои покнавис ба котиби хушхате месупурда аст. Пас аз покнавис шудани асар маъмулан нусхаи мусаввадаро аз байн мебурдаанд. Бояд қайд кард, ки нусхае ба супориши муаллиф покнавис шудааст, арзиши ҳамон нусхаи аслро дорад ва дар воқеъ бо ҳамин унвон шинохта шуда, нахустин нусха ба ҳисоб меравад. Гоҳе ҳам мешуд, ки ба ҳамин тартиб як асар чанд нусха китобат шуда, дастраси хонандагон мегардид. Баъд аз покнавис шудани асар муаллиф он нусхаро дубора хонда, ислоҳ намуда, котиб муваззаф буд, ки ислоҳотро ворид намояд.
Нусхаҳои самоъшуда: Ин гуна нусхаҳо аз ҷониби котибон дар замони худи муаллиф китобат шудаанд. Муаллиф асари хешро бо садои баланд мехонд ва котиб менавишт. Дар ин ҳангом муаллиф ҳар ҷоеро, ки лозим медонист ба ислоҳи матн мепардохт. Ин гуна нусхаҳо аз муътабартарин нусхаҳои хаттӣ ба шумор мераванд. Нусахи асл маъмулан аз ҳар навъи ороӣ орӣ буда, бештар нусхаҳои содда ва бидуни ороишу зиннат мебошанд.
Нусхаҳои зиннатдодашуда
Нусхаҳое, ки рўйи онҳо аз ҷониби ҳунармандону наққошон ороишу зиннат дода шудаанд, аз нафосат бархӯрдоранд. Иддае аз донишмандон бар ин назаранд, ки нусхаи нафис фақат бояд ба нусхае, ки дорои забти дақиқ ҳастанд муқоиса шавад. Аммо бояд гуфт, ки ҳунармандону зарҳалкорон ва ё наққошону ҷилдсозону хаттотон низ қобилияти инро доранд, ки ба нусхаи хаттӣ ҷанбаи хос ва ислоҳе ворид намоянд. Дар инҷо бархе аз ҷанбаҳои ороишӣ ва зиннатдодашудаи нусхаҳои хаттӣ, ки аҳамияти онҳоро меафзояд, мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, матраҳ хоҳем кард.
Хат: Хат яке аз рукнҳои асосӣ ва боарзиштарин дар нусхаҳои хаттӣ ба ҳисоб меравад, ки бо зебогии худ қимати асарро меафзояд. Дар баъзе аз нусхаҳои хаттии Китобхонаи миллии Тоҷикистон номи ҳунармандону котибони хушнависи тавоно, ки дар офариниши нусхаҳои хаттӣ нақш доранд бар мо маълум аст, аммо дар баъзе аз нусхаҳои дигар котибон номи худро зикр накардаанд. Котиб нахустин касе буд, ки ба таҳияи китоб даст мезад. Ў пас аз фароҳам овардани коғаз ва буридани он ба андозаи ченаки китоб ва инчунин пушту рўйи ҳар коғазро хаткашӣ карда, баъдан ба навишатан машғул мешуд. Пас аз поён ёфтани матни асар, котиб бо қаламу ранги гуногуне ба навиштани унвони асар даст мезад. Агар қарор буд, ки нусха наққошӣ ё зарҳалкорӣ карда шавад, котиб бо наққошону зарҳалкорон барои мушаххас кардани ҷойи тасвирҳо ва ё тазҳибҳо машварат мекард.
Ороишҳо: Дар нусхаҳои хаттӣ ба хусус нусхаҳои форсӣ баъзе ороишу зиннатҳо ба кор рафтаанд, ки арзиши нусхаҳои хаттиро баланд мебардоранд. Мо баъзе аз ин намуди ороишҳоро дар ин ҷо шарҳ медиҳем:
- Ҷадвал: Хатҳои ҳандасие мебошанд, ки гирдогирди матн кашида мешаванд. Ин ҷадвалҳо аз ибтидо, яъне дар қарни VII ва VIII бисёр содда буданд, аммо аз қарни IX инҷониб аз оби тилло ва рангҳои гуногун барои ҷадвалкашӣ истифода шудаанд. Чанд адад аз чунин нусхаҳои хаттӣ ки бо рангҳо гуногун ҷадвал кашида шудаанд дар шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷикистон нигоҳдорӣ мешаванд.
- Шамиса: Шакли доирае, ки дорои нақш ё минётур мебошад ва маъмулан дар аввали саҳифаи нусха меояд. Дар дохили шамисаҳо бештар номи асар ва ё муаллифро менависанд.
- Сарлавҳа: Аз қарни VIII ба баъд дар саҳифҳои аввали нусха шакли ҳандасиро, ки аз меҳроб ё айвон илҳом гирифта шуда буд, мекашиданд. Ин шаклро сарлавҳа мегўянд. Сарлавҳаҳо маъмулан ба рангҳои мухталиф наққошӣ мешудаанд. Қобили зикр аст, ки навъҳои сарлавҳа ва рангҳои дар он истифодашуда, равшангари таърихи нусха низ буда метавонанд.
-Тазҳиб ё зиннатдодашуда: Нақшҳои ҳандасии муназзам ва бо қаринаро мегўянд, ки дар нусхаҳои хаттӣ маъмулан дар сарлавҳаҳо ва ё атрофи катибаҳо ба кор мерафтанд. Зеботарин зиннатҳо ё минётурҳо дар нусхаи хаттии қуръонҳо наққошӣ шудаанд. Қуръонҳое, ки аз қарни чаҳоруми ҳиҷрӣ дар китобхонаҳои бузурги ҷаҳон ҳифз мешаванд бо минётурҳои зебо ороишу зиннат ёфтаанд. Чунин нусхаи хатии Қуръон низ дар Китобхони миллии Тоҷикистон ҳифзу нигоҳдорӣ мешавад, ки эҳтимолан дар қарни XIV китобат шудааст.
-Тасвир: То ҳол аз ҷониби муҳаққиқону дастхатшиносон мушаххас нашудааст, ки аз кадом давру замон кашидани тасвир дар нусхаҳои хаттӣ ҷорӣ шудааст. Аммо тасвирсозӣ дар нусхаҳои хаттӣ дар суннатҳои куҳани эронӣ реша дорад. Аз давраи Ашкониён ва Сосониён тасвирҳои нақшу нигордошта дар биноҳои таърихӣ боқӣ мондааст ва наққошии эронӣ идомаи ҳамон суннатҳо мебошанд. Ба таври куллӣ тасвирсозӣ бар нусхаи хаттӣ дар мавзўъҳои гуногуне тасвир меёфтааст, ки муҳимтарини онҳо нусхаҳои адабӣ, пизишкӣ, табиӣ ва нусхаи нуҷум мебошанд. Нақшу нигоркашӣ дар нусхаҳои хаттӣ бештар пас аз давраи Муғулон ривоҷ гирифтааст. Дар давраи Темуриён нусхапардозӣ ба авҷи шукуфоии худ расидааст. Маврид ба зикр аст, ки чунин нусхаҳои хаттии тасвирӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон низ нигоҳдорӣ мешаванд.
- Ҷилд: Яке аз омилҳое, ки ба нусхаҳо аҳамият медиҳад ҷилди он мебошад. Агар ҷилди нусха мутааллиқи худи он бошаду иваз нашуда бошад, наметавонанд дар таъйини дақиқи таърихи нусха кумаки зиёде кунанд, ба ин далели ки ҷилдҳо мумкин буд баъдҳо сохта шаванд. Аз лиҳози ҳунарӣ дар ҷилдҳо корҳои бисёр барҷаста дида мешаванд, ки сазовори таваҷҷуҳ мебошанд. Иваз намудани ҷилдҳо ҳамвора дар тамаддуни исломӣ роиҷ буда аст. Бинобарин бояд хеле бодиққат бо онҳо назар кард. Бори нахуст дар ҷилдҳои нусхаҳои хаттӣ бо часпондани лояҳои гуногуни коғаз муқова дуруст мекарданд ва рўйи онро бо чарм мепушонданд. Ҷилдҳои чармӣ дар оғоз соддаву одӣ буданд, баъдҳо бар рўйи онҳо наққошиҳо мекарданд. Бо мурури замон ва пешрафт кардани ҷилдсозӣ муқоваҳо бо эҷоди наққошиҳои зебо ва бо рангҳои гуногун ва гоҳе бо оби тилло сохта мешуданд. Авҷи ҳунари ҷилдсозӣ бо сохтани ҷилдҳои муаррақ ва баъдан равғанӣ ҷилвагар шуданд. Ҳунармандони ҷилдсоз монанди дигар ҳунармандони исломӣ майли зиёде ба сабти номи худ бар осорашон надоштанд. Аз ин рў дар чанде аз нусхаҳои хаттии дар шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллӣ буда номи котибон зикр нашудааст.
Дар мавриди нусхаҳои тазҳиб ё ба ибораи дигар зиннатдодашуда метавон гуфт, ки таҳияи чунин нусхаҳо кори осоне набудааст. Дар дараҷаи аввал ҳунармандони моҳиру забардаст гирди ҳам ҷамъ меомаданд ва ҳар як бахше аз корро ба уҳда гирифта наққошӣ мекардаанд. Бо вуҷуди ин ки зиннаткорӣ меҳнати зиёдеро талаб дошт, бидуни ҳимояти дарбор ва бузургон имконпазир набуд. Бинобар ин машҳуртарин ҳунармандони ин соҳа вобастагии зиёде ба дарборҳо доштанд.
Бояд қайд намуд, ки чунин нусхаҳои хаттӣ, ки аз ҷадвалу ороишҳо ва шамисаву тасвирҳои зебо иборатанд дар шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳам вуҷуд доранд.
Ниҳоятан бояд гуфт, ки шиносоии садҳо нусхаи хаттии дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфузбуда бо ҳама хусусиятҳое, ки доранд моро дар муаррифии беҳтар ва дақиқтари ин мероси куҳан ёрӣ хоҳанд кард.
Раҷабалӣ ДОДИХУДОЕВ,
Сардори шуъбаи
дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир