Чаро Девдара Гулдара шуд?

Бесомониҳое, ки баъди пош хўрдани собиқ Иттиҳоди Шўравӣ арзи вуҷуд кард, вазъи бисёр давлатҳоро мураккаб сохт. Аз ҷумла Тоҷикистон низ дар ин гардиши сиёсӣ ба вартаи ҳалокат рў ба рў гардид.

Соли 1992 низоъҳои сиёсӣ Ватани азизу маҳбуби моро ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонд. Мардуми бесарусомон хонадони худро гузошта, ҳар тараф пош хўрданд. Тарсу ваҳм ва даҳшат ҳамаро саросар фаро гирифта, дигар умед ба зиндагӣ намонда буд. Дар ҳама гўшаву канори мамлакати азизамон мардуми бесарпаноҳ паноҳ меҷўстанд. Қисме ба Афғонистон фирорӣ шуда, қисми дигаре ба хориҷаи дуру наздик сафар бастанд. Гурўснагӣ, бесарпаноҳӣ низоми рўзгор шуда буд. Касе ҳам гуфта наметавонист, ки фардо чӣ мешавад, ба оянда чашми умед бастан душвор буд.

Диёри зебоманзар ва бӯстонсарои Дарвоз низ дар ин рўзҳои мусибат, ҳамчун як пораи хоки Ватан ҳамтақдири халқи тоҷик буд. Дар ҳар хонадон гўрезаҳо ҷойгир буданд. Мардуми ин диёр ба мўҳтоҷон дасти ёрӣ дароз мекарданд. Пораи нони худро ба фирориён қисмат карда, мададгорашон шуданд. Ин аввалин таскине буд, барои ғарибони дур аз манзилафтода. Чуноне Саъдии бузургвор мефармояд:

Бани одам аъзои якдигарнд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рўзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.

Созмонҳои ҷамъиятии «Ҳилоли Аҳмар», «Салиби сурх», «Хазинаи Оқохон» ва инчунин дигар давлатҳои ҷаҳон ба мардуми мусибатзада дасти мадад дароз карданд. Ниёзмандон ва мӯҳтоҷон бо озуқа, сару либос ва дигар маводи мавриди ниёз таъмин карда мешуданд. Дасти мадад онҳоро аз ҳалокат наҷот дода бошад ҳам, вале умеди зиндагии оянда, бунёди хонадон онҳоро ҳанўз озурда мекард. Баъди ин кулфат аз сари нав ташкил кардани рўзгор, коре буд ниҳоят душвор.

Аз ҷумла ба иҷро расидани сохтмони меҳмонхонаи замонавӣ бо номи «Карон» дар Қалъаи хумб, ки ҳар роҳгузари хориҷӣ ва ё дохилӣ метавонад аз онҷо истифода барад, ҶДДМ «Меҳри модар» дар деҳаи Умарак, ки зиёд аз 100 бонуи ҳунарманд бо ҳунару истеъдоди хеш кору фаъолит карда истодаанд.

Фикри аз нав якҷоя кардани халқи парешонгашта дар фикру андешаи ҳар як халқи ватандўст, соҳибхирад ва солимфикр чарх мезад. Ҳалли ин масъала ба дўши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба хусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афтода буд, ки ў бо сайъу талоши зиёде аз ўҳдаи ин бо як муваффақияти калон баромада тавонист. Ў барои миллат ва манфиатҳои миллӣ тамоми усулу воситаҳои кориро истифода намуда, кўшиш ба харҷ дод, ки мардумро муттаҳид намуда, ба ваҳдати миллӣ оварда расонад.

       Ба даст овардани сулҳу салоҳ махсусан ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ба хотири ризоияти миллӣ, ки 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав бо унвони «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» муаррифӣ гардида буд, барои ваҳдати миллӣ заминаи босазое гузошт. Ин санаи таърихӣ оғози давраи нави бо ҳам омадани миллати тоҷикро муаррифӣ менамояд. Ин дастовард шояд бузургтарин дастоварди миллати тоҷик дар қарни ХХ маҳсуб ёбад.

Офтоби бахту толеи халқи мусибатдидаи тоҷик бори дигар мунаввар шуд. Созишномаи истиқрори сулҳ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва роҳбарони мухолифин ба имзо расид. Ин фурўғе буд, ки роҳи ояндаи босаодати халқи ҷафодидаи тоҷикро мунаввар сохт. Дари бахту саодат кушода гардид. Ба номи дўстон ва ба рағми душманонгўён доди дили тоҷикон буд, ки мегуфтанд:

Офтобо бори дигар хонаро пурнур кун,
Дўстонро шод бинмо, душманонро кӯр кун.

Оре, халқе ки дар олам тухми хирад коштаанд, ҳеҷ гоҳ намемиранд. Мардуми дар ғурбатафтода пайванд бо асли хешро аз ҳама дороӣ ва давлати дунё болотар донистанд. Гурезаҳо ба макони худ баргаштанд. Зиндагӣ аз нав рангу нумўи тоза гирифт, ки ин ваҳдат аз баҳри эҳёи Тоҷикистон буд. 19-сол боз ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо сарварии Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин роҳ талош дорад, ки самараи он беш аз пеш афзун мегардад.

Истиқрори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ даврони шукуфоии миллати тоҷик гардид. Харобиҳои ҷанг фаврӣ барқарор шуданд. Имрўз ба ҳамагон маълум аст, ки шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Хоруғ, Ваҳдат ва аз ҷумла ноҳияи бӯстонсарои Дарвоз рўз аз рўз симои худро беҳтар карда истодааст.

Кушодашавии роҳи Хоруғ - Дарвоз - Кӯлоб ва Душанбе аз дастовардҳои бузурги давраи шукуфоии Тоҷикистон аст, ки ин роҳ роҳи саодатмандӣ ва зиндагист. Ин роҳ барои мардуми Дарвоз афсонаи воқеӣ гардид. Чун тарсу ваҳми роҳи Тагом доимо дар забони бобоёни мо буд. Бо чӣ мушкилот ва машаққатҳои зиёд онҳо аз ин роҳ гузашта, аз паи рисқу рўзӣ ва муроди хеш мегаштанд. Ва инчунин даҳшат ва ваҳми мавзеъҳои Чапарак, Тиёқпарто ва Девдара низ дар дили ҳар як марди сафарӣ ҷой дошт. Имрўз аз ин қитъаҳо роҳе мегузарад, ки мислашро касе ҳам тасаввур карда наметавонист. Бо шарофати Ваҳдати миллӣ ва шукуфоии он Девдара ба Гулдара табдил ёфт. Ин номро роҳбари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми кушодашавии роҳ ба ин мавзеъ муносиб донист. Чигунае ки ба мо маълум аст, муддатҳо ба маркази Ҷумҳурӣ рафтуомад кардан номумкин буд. Ҳоло роҳ тамоми сол, дар ҳама фаслҳо кушодааст. Ҳамарўза қатораҳои автомобилҳои гуногунтамға аз Ҷумҳурии Чин ба шаҳри Душанбе  ҳаракат доранд, ки ба ҳуснаш боз ҳам зебоӣ зам мекунад.

Чуноне шоҳидем, на танҳо дар шаҳрҳои бузурги мамлакатамон, балки дар Дарвози кӯчаки мо низ нақшаҳои сохтмоние амалӣ шудаанд, ки вақтҳои охир иқтидори иқтисоди мамлактро боз ҳам баланд бардошта, боиси гулгулшукуфоии он хоҳанд гардид. Аз ҷумла ба иҷро расидани сохтмони меҳмонхонаи замонавӣ бо номи «Карон» дар Қалъаи хумб, ки ҳар роҳгузари хориҷӣ ва ё дохилӣ метавонад аз онҷо истифода барад, ҶДДМ «Меҳри модар» дар деҳаи Умарак, ки зиёд аз 100 бонуи ҳунарманд бо ҳунару истеъдоди хеш кору фаъолит карда истодаанд. Инчунин  ҶДДМ «Карон-мрамор» истеҳсоли санги мармар дар деҳаи Даштак фаъолият дорад, нерўгоҳи барқии Ширг I ва Ширг II, хати интиқоли барқ ба Вулусволии Дарвози Афғонистон ва ғайра омили рушд ва пешрафти давлати азизамон Тоҷикистон хоҳанд шуд, ки ин ҳама аз самараи ваҳдат аст.

Хулоса, Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан аст. Мо ба миллату Ватани азизамон ҳамеша дар назди худ сабақҳои таърихиро пеши рў оварда, бунёди минбаъдаи кишварамонро аз дастовардҳои ваҳдат ва ризоияти миллӣ медонем. Ваҳдати миллӣ пойдевори ҳастии миллат ва ояндаи дурахшони Ватан аст.

Раҷабалӣ Додихудоев,
Мудири шуъбаи дастхатҳои 
Шарқ ва китобҳои нодири 
Китобхонаи миллии Тоҷикистон