300-сол умри «Девон»-и Қосими Анвор
Нашр шуд 2017-08-02 10:39
Нусхаи хаттии Девони Анвор, ки имрўз дар хазинаи тиллоии шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир таҳти рақами 804 нигоҳдорӣ мешавад, яке аз нусхаҳои муътабари шуъбаи мазкур ба шумор меравад.
Нусхаҳои хаттӣ муаррифгари таърих тамаддун ва фарҳанги бисёрсолаи ҳар як миллат ба ҳисоб меравад. Ниёгони бузургу тамаддунофари тоҷик низ тӯли асрҳои зиёд бо навиштани осору таълифоти арзишманди хеш, дар тамаддун ва фарҳанги башарӣ саҳми намоёни худро гузоштаанд. Дастнависҳое, ки имрўз дар шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир ҷамъоварӣ мешаванд баёнгарӣ таърихи пурғановати миллати фарҳангсолори тоҷик мебошанд.
Дар шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир дастнависҳое нигоҳдорӣ карда мешаванд, ки дар асрҳои XIII ва то нимаи аввали асри XX китобат шудаанд.
Яке аз чунин нусхаҳо нусхаи хаттии девони Қосими Анвор мебошад. Номи пурааш Сайид Алӣ ибни Ҳорун ибни Абулқосим буда, дар таърихи адабиёт бо номи Қосими Анвор машҳур аст.
Қосими Анвор соли 1356 таваллуд шуда, соли 1433 вафот кардааст. Ў яке аз шахсиятҳои озодфикр буда, аз дўстони наздики Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ ба шумор меравад.
Аз мероси адабии Қосими Анвор танҳо «Девони ғазалиёт», «Анис-ул-орифин» ва «Анис-ул-ошиқин» то замони мо расидааст.
Нусхаи хаттии Девони Анвор, ки имрўз дар хазинаи тиллоии шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир таҳти рақами 804 нигоҳдорӣ мешавад, яке аз нусхаҳои муътабари шуъбаи мазкур ба шумор меравад. Ин нусха, нусхаи ноқис буда, мутаассифона матни варақи аввали китоб кўр шудааст. Бояд гуфт, ки ба бештари варақҳояш об расидааст, аммо ба матн осебе нарасидааст.
Соли китобати ин нусха 1634 буда, ба қалами котиби машҳури он давр Муҳаммад Қосим ибни Мирзо Мунири Самарқандӣ тааллуқ дорад.
Матни он дар ду сутун бо хати зебои настаълиқи хоно навишта шудааст. Ва гирдогирди матн бошад, бо оби тилло ва рангҳои сурху кабуд ҷадвалкашӣ шудааст.
Дар варақи 1-и ин нусха лавҳаи хеле зебо тарсим шудааст. Қоғазаш Самарқандӣ буда, муқовааш-зангори семўҳраи занҷирадор ва шерозаи он аз чарми сурх сохта шуда, амали саҳҳоф Мулло Анвор мебошад.
Бояд қайд намуд, ки дар аввалу охир ва ҳошияи баъзе саҳифаҳо навиштаҷоти алоҳида дида мешавад. Дар варақҳои 1 ва 349 мўҳри нимдоираи Назар Боқӣ ибни Муҳаммад Фидо гузошта шудааст.
Ҳаҷмаш-13,5 x 21,8. Ҳаҷми матн бидуни ҳошия-8 x 15.
Ин китоб аз 175 варақ иборат буда, дар ҳар рўйи варақ 11-12 сатрӣ китобат шудааст.
Ин дастнавис соли 1960 аз ҷониби шаҳрванди шаҳри Тошканд вориди Китобхонаи миллии Тоҷикистон гардида аст.
Ҳадиятуллоҳи Амриддин
корманди шуъбаи дастхатҳои
Шарқ ва китобҳои нодир