«Марги зебо»

Ба рўҳу арвоҳи падару модари рафиқ ва ҳамкорам М. мебахшам.
Баҳор буд. Лолаву бунафша, сабзаву дашт ва гандуми деҳқон дар ҳақи борон зор буд. Сабзаи дашту кӯҳсор, ки ҳамеша бо зебогии худ заминро ҷомаи сабз мепушонд, аз ташнагӣ зард мешуд. Мардум чун суннати қадима ба хайру садақаҳо камари ҳиммат баста, дасти дуо доштанд, то борон нозил шавад. Торикии шаб тамоми шаҳрро фаро гирифт. Аз як тарафи осмон ситораҳо монанди чароғакҳо ҷилва дода, чашмак мезаданд. Аз сўи дигар пораҳои абри сиёҳ ҳамдигарро думболагирӣ карда, бо ҳам мепайвастанд. Осмони кабуд ва чашмакзании ситораҳоро абрҳои сиёҳ пардапўш менамуданд. Баногоҳ борон ба шиддат боридан гирифт, мисли инки об фаввора мечошид. Замоне аз тирезаи утоқи хоб бориши боронро тамошо кардам, маро меҳмони олами андеша кард.  

– Худоё, ин чи гуна боронест, ки ба ногоҳ бо чунин шаддид меборад?  Магар мусибатест, ки осмон ингуна гирён аст? – гуфта дар фикр будам. Борон чунон меборид, ки мислашро надида будам. Ногоҳ чашмам ба соати деворӣ афтод ва дидам, ки соат аз 23 ҳам гузашт. Хостам бихобам то сўбҳ барвақтар бархезам. Ба ногоҳ садои занги телефон баланд шуд. Дилам ваҳм оварда, Худоё чи шуд дар ин бевақтӣ садои телефонам баланд шуд – гуфта, дар ҳайрат мондам. Ба ҳаяҷон гӯшаки телефонро бардошта – алло гуфтам.
– Салом дусти азиз, дарҳол садояшро шинохтам, ки дустам Ҷамолиддин аст ва каме ором шудам, ки ҳеҷ нохӯшие набудаасту рафиқам занг задаст.
–  Воалекум бар салом гуфта, ҷавоб додам. Баъди аҳволпурсӣ Ҷамолиддин гуфт:
– Магар огоҳ ҳастӣ падару модари рафиқамон Муҳаммад фавтидаанд? Вақто чунин хабари мудҳишро шунидам, бовар накарда шах мондам.
– Дустам ин номумкин аст. Ин теғи аҷал инқадар бераҳм нест. Ў ҳам раҳм дорад. Ў гарчи ба ин қодир аст аммо чунин нахоҳад кард.  На – на, ин дуруғ аст, – гуфта ба чунин тақдир боварам наёмад. Аз ин воқеа каме суҳбат кардему гушаки телефонро хомўш кардем. Садои бориши борон дубора ба гушам расид ва як оҳи сарде кашидаму бовар кардам, ки воқеан ҳам падару модари Муҳаммад фавтидаанд.
Қатраҳои борон ки бо шиддат меборид, барои деҳқон зебо буд, ҳаётбахши кишту кори гандумаш буд. Аммо барои Муҳаммад ашке чун қатраҳои хун буд, ки аз осмон мечакид. Осмон низ аз ин гардиши фалак мегирист. Бале, он ҳам ба марги падару модари Муҳаммад мегирист.
Бисёр ғамгину нороҳат шудам. Болои кати хоб дароз кашидаму сарамро дар болиште, ки аз пари мурғ буд, гузоштам, ба назар санг барин сахт менамуд. Хоб намеомад, мегиристам. Даме фаромўш мекардаму хобам мебурд, хоб медидам. Рўҳи падару модари Муҳаммад ба хобам медаромад. Пас аз он маро ларза фаро мегирифт ва боз бедор мешудам. Ҳамин тавр тамоми шабро гузарондам.
Субҳ барвақтар аз хоб хестаму ба корхона рафтам. Вақто дохили корхона шудам аз нисф зиёди кормандон аллакай ба кор омада буданд, мисле ки соати корӣ фаро расида бошад. Ҳамагон дар ошёнаи аввал ду – се нафарӣ гирд омада аз ин воқеа бо ҳам пичир – пичир мекарданд. Бо таваҷҷуҳ ба онҳо нигаристам то дустам Муҳаммадро ҳам дар миёни онҳо бубинам, аммо муваффақ нашудам. Пас дубора боварӣ ҳосил кардам, ки ин воқеа дурўғ мебуд ҳатман Муҳаммад инҷо буд.  
Ҳамагон мехостанд ба ҷаноза раванд, аммо имконият набуд, чун рўзи корӣ буд. Чанд нафаре ба ноҳияи Қубодиён сафар кардем. Дар масири роҳ ҳар кас бо чашми гирён ва бо қалби сузон аз ин воқеа сухан мекард. Баъзе мегуфт шояд садамае  шуда бошад ва дигаре мегуфт шояд заҳролуд шуда бошанд. Дурўстии воқеа ба мо маълум набуд. Вақте мо ба деҳа расидем аллакай ҷаноза гузашта буд. Ҷанозагарон то ҳол аз оромгоҳ наомада буданд. Дар хонаи мусибатдида занҳои бисёре дар сар руймоли калони сафед ҷамъ омада мегиристанд, бо дастмолаки худ оби чашмонашонро пок мекарданд. Мактаббачаи тақрибан 14 сола назди мо омада, ҷаноза гузашту ба оромгоҳ бурданд, гуфта хабар кард. Мо шитобон ба оромгоҳ рафтем. Мардҳои зиёде дар оромгоҳ ҷамъ омада буданд. Қисме болои ҷасадҳоро хок бор мекарданд ва қисми дигаре аз доғи чунин мусибат парешонхолу хаста болои сабза нишаста буданд. Муҳаммад низ дар миёни онҳо болои сабза нишаста буд. Намнокии сабза, ки аз қатраҳои борон тар  буд барои ў эҳсос намешуд.  Дар сар тоқӣ, дар тан ҷомаи кабуд ва миёни худро бо рўймоли сурху сияҳ баста, сари худро дар миёни ду китф ғутонида заминро бо чашм кишт мекард. Ў сари худро бардошта ба ногоҳ чашм бар мо дўхт, аммо аз гиряи зиёд, ки чашмҳо парда гирифта буданд, моро нашинохт. Ў дар ҳайрат буд, ки инҳо киҳо ҳастанд, ки ба сӯи ман меоянд. Ҳангоме ба ў наздик шудем чашмонаш калон – калон боз шуда, моро шинохт. Ҳар яки мо ўро ба оғуш гирифта ҳамдардӣ баён кардем. Мо ҳам бел дар даст гирифта болои ин ду ҷасад хок бор кардем. Домулло бо садои ширинаш сурае аз Қуръон тиловат кард ва дуое кардему якҷо бо Муҳаммад аз манзилгоҳ буромадем. 
Замони ба Душанбе баргаштан Муҳаммад ҳар яки моро ба оғӯш мегирифт. Аз тақдири ба сараш омада шукр мегуфту сабр мекард. Ҳангоме ба ҳамкорамон Ҷумъахон оғӯш гирифт ў бисёр гиря мекард. Муҳаммад ҳам мехост аз ин дарди мусибат бигиряд, аммо ашки сузон ки шаби дароз дар фиғони падару модар чакида хушк шуда буд:
-Додари ҷон, ман ҳам мехоҳам ҳамроҳ бо шумо бигирям, аммо оби чашмам хушк шудааст –гуфт Муҳаммад.  
Мо дохили худрав (мошин)-и худ шуда, сўи Душанбе сафар кардем ва Муҳаммад  сўи хонааш қадамзанон равон шуд. Ў чанде ба хона наздик мешуд дар назараш ҳамон қадар ҳавлии хона торик менамуд. Ба назар чунин менамуд, он ду чароғе, ки дар торикии шаб ҳавлии хонаро равшан мекарданд аз кор боз мондаанд. 
Баъди чанд рўзе садое ба гӯшам расид, ки Муҳаммад аз деҳа омадааст. Ман дарҳол аз мизи кориам бархостаму ба утоқи кории ў рафтам. Аз дур дидам, ки дари утоқи кории Муҳаммад нимкушода боз аст. Ӯ бо либосҳои одӣ назди тиреза нишаста осмони софи кабуд ки  парндагон бо ҳам бол мезаданд тамошо мекард. Дарро кубида тақ–тақ кардам ва иҷозаи вуруд шуданро пурсидам. Муҳаммад вақто маро дид дарҳол аз ҷояш бархесту марҳаммат дароед – гуфта, ба истиқболам омад. Мо якдигарро ба огўш гирифта аҳволпурсӣ кардем. Сонӣ сари миз нишастему каме аз кору бори зиндагӣ сухан кардем. Муҳаммад, ки марди чеҳракушоду ҳамешахандон ва ширинсухане буд, ба чашм бо қавоқи гирифта ва чеҳраи парешонҳол намоён буд. Ба назар чунин менамуд, ки фикру хаёли ӯ дар олами дигар болу пар мезанад. Воқеияти мусибат ки то ҳол ба ман равшан набуд, хостам  аз он бипурсам, аммо забонам накушод, мисле ба даҳон ахгар гирифта бошам. Муҳаммад дар чашмонам нигарист ва дид ки об дар чашмам ҳалқа зада чизе гуфтан мехоҳам. Ӯ эҳсос кард, ки аз он воқеа чанд рӯз ҳам гузашта бошат то ҳол калби ман месузаду чашмам мегиряд. Ман ҳам ба ў назари ғамгинона кардам ва ҳамин тавр чанд лаҳзае сукут нишастем. Ба ногоҳ ў ба садои хаста ва бо чашмони ашколуд ба сухан даромад, мисле ки аз ў: – Чӣ воқеа шуд, ки дар миёни асру шом қуввати дил, сутуми хонадонатро гум кардӣ гуфта, суол карда бошам.

Муҳаммад гуфт:  

  • Воқеан марги падару модар хандаро аз лабҳои фарзанд боз медорад, шодмониро аз дилҳо мебарад, сиёҳдилӣ ва афсурдагӣ оварда садҳо андешаҳои парешонро аз пеши чашм мегузаронад. Лек  марги падару модарам чӣ марги зебое буд. Вақте чунин суханро шунидам ба ҳайрат уфтодам, ки магар марг ҳам зебогӣ доштааст? Бо диққат ба идомаи сухани ў гўш кардам, ки оромона  лаб боз карда:  

– Онҳо замоне даст ба дасти ҳам дохили худрави сафед, ки бо гулҳои рангоранг ва бо лентачаҳои сурху кабуд оро дода шуда буд, ба хонаи бахташон омада буданд. Чанд соле зиндагӣ карданд ва имрўз ҳам барои зиндагии охират ҳардуи онҳо бо маркаби чубин, ки бо сони сафеду помбалхи кабуд ба чашм мерасид сафари охират карданд, – мегуфт  Муҳаммад…

Раҷабалӣ ДОДИХУДОЕВ

Барчаспҳо: