Activities calendar

20 декабря 2016

Бойгонии шуъбаи Дастхатҳои Шарқ бо 225 китобҳои қадима ғанӣ гардид

Соли 2016 4 ҳазору 487 нафар меҳмонони дохиливу хориҷӣ аз “Осорхонаи итобҳои нодир” дидан кардаанд.
Соли 2016 шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷикистон  439 адад нусхаи хаттӣ ва китоби чопи сангиро барои харидорӣ аз аҳолӣ ҷамъ овард ва  225 адади он харидорӣ гардид.  120 адад нусхаи хаттӣ ба шакли PDF дароварда шудааст.
Ба толори хониш ва “Осорхонаи китобҳои нодир” 4487 нафар хонандагону меҳмонони дохилию хориҷӣ ташриф оварданд.
Илова бар ин 856 нусхаҳои хаттии фонди ин шуъба ба хотири нигоҳ доштан аз фарсудагӣ пурра варақгардон шуда, 298 нусхаи хаттӣ барои таъмиру тармим интихоб карда шуд. Шуъбаи таъмир ва тармим 1993