Activities calendar

09 декабря 2016

Ганҷинаи илму маърифат

Китобу китобхона  хираду заковати наслҳо ва халқҳоро зинда нигоҳ медоранд, роҳи инсонҳоро бо нури донишу маърифат равшан месозанд, ганҷинаҳои тамаддуни башариро ҳифз менамоянд.
Китобхонаи миллии Тоҷикистон ганҷинаи ҳикматҳои бузург аст, ки ҳар кас бо умед аз дари он ворид шавад, ба орзуҳои ширину дерини худ муваффақ мегардад. Кас меҳоҳад, ки зарофату нафосати сухани  ин ганҷина бо таҳаммул, бо ҳаловат истифода намояд. Ҳар гоҳе, ки шахс ба ин даргоҳи илму маърифат ворид

“Бонувон дар сиёсат” дар Китобхонаи миллӣ муаррифӣ шуд

Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муаррифии китоби «Бонувон дар сиёсат»-ро дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор кард.
Ин чорабинӣ баъди зуҳри имрӯз, ҷумъа, 9-уми декабр бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, сиёсатмадорон, бонувони номвари кишвар, аз ҷумла Раъно Бобоҷониён, Хайриниссо Юсуфӣ, Идигул Қосимова, Марҳабо Ҷабборӣ, Хайринисо Юсуфӣ, Гулрухсор Сафиева, Руқия Курбонова доир шуд ва чуноне ташкилкунандагонаш иттилоъ доданд, он ба муносибати солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида шуда буд.
Китоби «Бонувон дар сиёсат» бо ташаббус ва ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нашр гардида, дар он дар бораи беш аз сад нафар бонувони кишвар, ки дар мансабҳои баланди хизмати давлатӣ кору фаъолият намудаанд, маълумот дода мешавад.

“Бонувон дар сиёсат” дар Китобхонаи миллӣ муаррифӣ шуд

Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муаррифии китоби «Бонувон дар сиёсат»-ро дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор кард.
Ин чорабинӣ баъди зуҳри имрӯз, ҷумъа, 9-уми декабр бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, сиёсатмадорон, бонувони номвари кишвар, аз ҷумла Раъно Бобоҷониён, Хайриниссо Юсуфӣ, Идигул Қосимова, Марҳабо Ҷабборӣ, Хайринисо Юсуфӣ, Гулрухсор Сафиева, Руқия Курбонова доир шуд ва чуноне ташкилкунандагонаш иттилоъ доданд, он ба муносибати солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида шуда буд.
Китоби «Бонувон дар сиёсат» бо ташаббус ва ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии