“Бонувон дар сиёсат” дар Китобхонаи миллӣ муаррифӣ шуд
Нашр шуд 2016-12-09 20:20
Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муаррифии китоби «Бонувон дар сиёсат»-ро дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор кард.
Ин чорабинӣ баъди зуҳри имрӯз, ҷумъа, 9-уми декабр бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, сиёсатмадорон, бонувони номвари кишвар, аз ҷумла Раъно Бобоҷониён, Хайриниссо Юсуфӣ, Идигул Қосимова, Марҳабо Ҷабборӣ, Хайринисо Юсуфӣ, Гулрухсор Сафиева, Руқия Курбонова доир шуд ва чуноне ташкилкунандагонаш иттилоъ доданд, он ба муносибати солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида шуда буд.
Китоби «Бонувон дар сиёсат» бо ташаббус ва ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нашр гардида, дар он дар бораи беш аз сад нафар бонувони кишвар, ки дар мансабҳои баланди хизмати давлатӣ кору фаъолият намудаанд, маълумот дода мешавад.
Мураттибони китоб мегӯянд он ба ифтихори ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда, ҳадаф нишон додани нақши боризи занон дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ, рушди саноат, кишоварзӣ, фарҳанг, варзиш дар Тоҷикистон аст.
Дар ҳифзи музаффариятҳои Истиқлолияти давлатӣ саҳми занон на камтар аз мардон аст. Бонувони мо имрӯз ҳам сиёсатмадоранд, ҳам соҳибкорони намунавӣ ва ҳам ходимони барҷастаи давлативу ҷамъиятӣ ва ҳам олманду шоиранду нависанда.
Ин китоб дар бораи онҳост, дар бораи касонест, ки илова ба вазифаҳои модарӣ боз бори гарони хизмат ба Ватанро бо як ҷаҳон садоқату муҳаббат бар душ гирифтаанд.
Китоб барои мутолиаи доираи васеъи хонандагон тавсия мешавад.