Дар нашриёти "Ирфон" китоби нави сиёсатшинос, Абдуллоҳи Раҳнамо бо номи «Эмомалӣ Раҳмон-Пешвои миллат»:ҷанбаҳои назариявӣ ва амалии масъала» ба нашр расид.
Номзади илмҳои сиёсӣ Абдуллоҳи Ҳакими Раҳнамо, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон, дар муқаддимаи китоби худ навиштааст: "Мардуми Тоҷикистон шахсияти Эмомалӣ Раҳмонро ба тадриҷ ҳамчун роҳбари тавоною пуртаҷриба ва ҳамчун Пешвои воқеии худ пазируфта, ин мафҳум ва ин мақом дар зеҳни ҷомеа пухта расида буд. Аз ин рӯ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат» бештар нақши мақоми ҳуқуқӣ бахшидан ба ин воқеияти таърихиро дошт».
Дар китоб маҷмуи мақолаҳои муаллиф дар бораи фаъолияти сиёсии Президент Эмомалӣ Раҳмон дар ду фасл: «Ташаккули шахсияти Пешвои миллат: пажӯҳише дар дастовардҳои бунёдии Тоҷикистон зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон» ва «Пешвои миллат ҳамчун ниҳоди давлатдории миллӣ: баъзе ҷанбаҳои сиёсӣ ва назариявии мавзӯъ» гирдоварӣ шудаанд.
Муаррифии муаллифи китоб
Абдуллоҳи Раҳнамо 10-уми марти соли 1971 ба дунё омадааст. Солҳои 1987-1990 дар Техникуми полититехникии Душанбе таҳсил намуда, бо дипломи аъло онро ба итмом мерасонад. Пас аз ин таҳсилро дар факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон идома дода, онро низ бо дипломи сурх хатм намудааст.
Солҳои 2001-2004 дар кафедраи сиёсатшиносии ДМТ аспирант будааст.
Инчунин, барои такмили ихтисоси худро дар риштаҳои сиёсатшиносӣ ва диншиносӣ дар Ирон, ИМА, Миср ва Русия гузаронда, соли 2007 пас аз хатми аспирантура дар назди кафедраи сиёсатшиносии ДМТ дар мавзӯи «Масъалаи ҳокимият дар равандҳои сиёсии Тоҷикистони муосир» рисолаи илмӣ ҳимоя намудааст.
Солҳои 1999-2005 дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ кор карда, баъдан ҳамчун мутахассиси калони Раёсати таҳлили равандҳои сиёсӣ ва этнополитикии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ ба фаъолият шурӯъ мекунад. Аз соли 2012 сардори раёсати номбурда таъин гардида, ҳоло дар вазифаи сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷӣ дар Марказ фаъолият дорад.
Соли 2010 Муассисаи таълимии «Литсейи Раҳнамо»-ро таъсис намудааст, ки айни замон аз беҳтарин мактабҳои типи муосир дар шаҳри Душанбе ба ҳисоб рафта, да он ҳудуди 500 талаба таҳсил мекунанд.
Муаллифи китобҳои «Ҳизби динӣ ва давлати дунявӣ» (Душанбе,2008), «Уламои исломӣ дар Тоҷикистон» (Душанбе,2009), «Ислом ва амнияти миллӣ» (2011), «Мавқеъи ҳизбӣ ва мавқеъи миллӣ» (Душанбе,2011) ва беш аз 100 мақолаи илмию таҳлилӣ дар мавриди таҷрибаи сулҳи тоҷикон, равандҳои сиёсии Тоҷикистон, муносибати дину давлат, маорифи динӣ, равандҳои муосири ҷаҳони ислом ва амсоли ин мебошад.
Охирон навиштааш таҳти унвони "Афғонистон ва Осиёи Марказӣ: Хусусиятҳо ва дурнамои таъсирпазирӣ" (Ирфон-2014) чанде пеш ба нашр расид.
Навиштаҳои ӯ ҳамчунин дар нашрияҳои илмии кишварҳои Русия, ИМА, Британия, Олмон, Шветсария, Шветсия, Ирон, Афѓонистон, Индонезия, Туркия, Украина, Қазоқистон, Қирѓизистон ва ғайра ба нашр расидаанд.
Ҳамчун коршиноси масоили муносиботи давлат ва дин, масъалаҳои шинохти Афѓонистони муосир дар сатҳи байналмилалӣ шинохта гардидааст.
Дар муассисаву донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, дар конфронсу симпозиумҳои сатҳи байналмилалӣ маърӯзаҳо намудааст. Аз ҷумла дар назди коршиносону доираҳои маъруф дар Париж (Фаронса), Кобул, Ҳирот, Нанганҳор (Афғонистон), Бостон, Сиэтл, Огая, Ню-Йорк, Вашингтон (ИМА) ва дигар шаҳру давлатҳо маърӯзаву лексияҳо хондааст.
Бо забонҳои русӣ, англисӣ ва арабӣ ба хубӣ суҳбат карда метавонад.
Абдулло Раҳнамо оиладор ва соҳиби се фарзанд аст.