Тақдими сад китоби як ҳуқуқшинос ба Китобхонаи миллӣ

Полковник Ҳайдар Муҳаммадиев, корманди дафтари намояндагии  Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон 100 дона китоби тозанашри худ  "Маҷмуаи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ  оид ба ислоҳоти милитсия"-ро ба Китобхонаи миллӣ тақдим намуд.
Ин китоб бо дастгирии молиявии намояндагии САҲА дар Тоҷикистон интишор ёфта, як дастури хуби омӯзишии ҳуқуқӣ барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ба шумор меравад.
Ҳайдар Муҳаммадиев гуфт, ки дар китоб кулли санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, ки фаъолияти мақмоти милитсияро танзим мекунанд, гирдоварӣ шудааст. Дар як китоб фароҳам омадани санадҳо метавонад мушкили садҳо донишомӯзи соҳаи ҳуқуқ ва кормандони хадамоти милитсияро осон созад.
Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Сайфиддин Назарзода ба муаллиф барои чунин туҳфаи арзишманд изҳори сипос намуд ва гуфт ин гуна китобҳо бидуни шак барои хонандагон муфиданд. Онҳо барои ҷусутҷӯи ҳар санад вақти худро зоеъ нахоҳанд кард.
Алҳол китоб барои шуморабандӣ супурда шуда ва бо гузашти чанд рӯзи дигар барои истифодаи умум ба толорҳои хониш ирсол мешавад.
Гуфтанист, ки китоби мазкурро  Ҳ.Махмадиев-афсари миллии равобит оид ба масъалаҳои милитсияи Дафтари САҲА дар Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ ва М. Тилавова -муҳаррири миллии лоиҳаи ислоҳоти милитсияи Дафтари САҲА дар Тоҷикистон  таҳия кардаанд.

Барчаспҳо: