Ин китобест аз торихи Русия, Русия дирӯз ва имрӯз ва барои он зумра аз ҳаммиллатони мост, ки дар ин кишвар нони муҳоҷират мехӯранд.
Ҳукумати Русия дар танзими қонунҳои муҳоҷирати худ донистани торихи ин кишварро барои хориҷиён на танҳо муҳим донист, балки яке аз шартҳои боқӣ мондани онҳо дар ин қаламрав донист. Яъне, касоне, ки дар Русия мехоҳанд иқомат кунанд, заҳмат кашанд, ризқ ёбанд, сараввал бояд бо забони ин миллат ошноӣ дошта бошанд, то тавонанд бо ақвоми гуногун дар муколама шаванд. Ва баъдан аз торихи ин кишвар огоҳии комилтар ҳам дошта бошанд. Кистанд русҳо, чӣ торихе доранд, киҳоянд саромадони адабиёту фарҳанг ва илму сиёсати он.
Муаллифи китоб донишманди тоҷик Зафар Сайидзода аст, ки бори дуюм даст ба таълифи ин гуна дастури омӯзишӣ мезанад ва мегӯяд акнун китоб комилтар шудааст, фарогиртар шудааст ва барои омӯзиши торихи мухтасари як кишвари дорои фарҳангу тамаддуни қадима муносибтар шудааст.
Аз мутолиа бармеояд, ки муаллиф талош кардааст дар таълифи китобаш хеле маъхазҳои илмиро мурур кунад, китобҳои торихро варақ занад ва аз миёни анбуҳи китобҳои зиёд нукотеро, ки муҳоҷири тоҷик ниёз ба омӯзиши он дорад ва ё аз муҳоҷир онро мепурсанд, интихоб намояд.
Дар таълиф сараввал кӯшидааст пораҳое аз навиштаҳои худро аз замони Шӯравӣ ва торихи муосир рӯйи чоп орад ва баъд талош кардааст аз маъхазҳои муътабар, аз асарҳои муаррихони машҳури рус, аз ҷумла Барабанов, Голубев, Данилов, Кудинова, Кулагина, Николаев, Рожков ва дигарон истифода кунад ва китобро дар шакли як сарчашмаи муҳими омӯзишӣ омода созад.
Китоб бо забони хеле сода навишта шудааст, то барои ҳар кас қобили фаҳму дарк бошад. Зеро на ҳар тоҷики муқими Русия забондон аст, на ҳар ҳамватани мо бо ин торих ошноии комил доранд.
Китоб аз се боби калон: Руси қадим ва миёна, Империяи Русия ва Русияи муосир иборат аст.
Дар боби аввал таърихи халқи рус аз асрҳои 2 ва 1 то солшумории мо оғоз мешавад, пайдоиши хат дар асри IX, рушди илму фарҳанг, пайдоиши аввалин давлати рус, князигариҳои аввал, рушду нумуъи Руси қадим, таназзули Руси қадим, ҷангҳо дар ин сарзамин, ҳамлаи чигизиёну ақвоми дигар ва мубориза русҳо барои ҳифзи қаламрави худ, ба ҳам овардани ҳамаи князигариҳо ва бунёди давлати ягона, даврони Иван Грозний, Русияи замони Романовҳо ва ғайраро дар ҳамин боб ба риштаи таҳлил кашидааст.
Дар тасвири воқеъоти ҳар асру замон вазъи фарҳангиву адабии онро низ ба қалам додааст, хонандаро ҳамзамон бо адибону олимони он давру замон ошно кардааст, осорашонро ном бурдааст, сатҳи рушди фарҳангиро вобаста ба замон таҳлил кардааст.
Ва дар боби дуввум ҳамин равиш истифода шудааст. Дар ин боб, ки муаллиф онро “Империяи Русия” номидааст, замони тамаддунсози Петри I, ислоҳоти Петр, даврони табаддулотҳои дарбории солҳои 1725-1762, замони ҳукуматронии Екатеринаи II, ҷанги ватании соли 1812 ва корномаҳои ҷангӣ барои ҳифзи ватан аз Наполеон, ислоҳоти Александри II, ҳамроҳшавии Осиёи Марказӣ ба Русия, аввалин инқилоби рус дар солҳои 1905-1907, Русия дар замони Ҷанги аввали ҷаҳонӣ (1914-1918)-ро дар бар мегирад.
Ва ниҳоят дар боби сеюм Русияи нав мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст ва ин торих аз соли 1917, замоне, ки болшевикон пирӯз шуданд, ҳукумати шоҳаншоҳӣ суқут кард, дар харитаи олам давлате бо номи Иттиҳоди Шӯравӣ шакл гирифт, шуруъ мешавад ва то ба имрӯз идома дорад. Як асри гузаштаро муллиф Русия муосир меномад ва қисме аз ин торих барои хонандаи имрӯз ошност, чун дар ин давра зистааст ва зиндагонӣ дорад.
Ктоб дастури омӯзишӣ номида мешавад ва барои ҳар касе, ки мехоҳад дар бораи Русия маълумоти ибтидоӣ пайдо кунад, муфид аст. Яъне, он танҳо барои касоне нест, ки дар муҳоҷиратанд ва ё азми муҳоҷират доранд, балки барои инсонҳое низ хидмат мекунад, ки мехоҳанд ба торихи ин кишвар ошноӣ пайдо кунанд.
Китоб бо забони русист, чун зарурати донистани он бештар барои касонест, ки мехоҳанд ба Русия сафар кунанд.
Китобро аз ин ҷо метаовнед мутолиа кард