Китоби нав: “Ташаккули афкори адабӣ дар асрҳои Х-ХI”

Устод Худоӣ Шарифзода, ки соли гузашта олами моро тарк гуфт, аз ҷумлаи донишмандони маъруфи кишвар буд, ки бо асарҳои пажуҳишии худ дар риштаи нақди адабӣ ва таърихи адабиёт шӯҳрати беназир дошт. Китоби “Ташаккули афкори адабӣ дар асрҳои Х-ХI” силсилаи мақолаҳои солҳои гуногун таълифкардаи адабиётшиноси маъруфро дар бар гирифтааст ва он бори аввал соли 1970, вақте устоди донишманд ҳамагӣ 33 сол дошт, чоп шуда будааст. Баъди реҳлати муаллиф бо ҳидояти Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, академик Муҳаммадюсуф Имомзода китоб дубора рӯи чопро дид.

Рисолаи мазкур аз муқаддима ва се боб иборат буда, ҳудудан 20 мақоларо дар бар гирифтааст. Дар боби “Мухтасаре аз таърихи пайдоиш ва таҳаввули шеъри тоҷикӣ” устоди шодравон ба аввалин намунаҳои шеъри тоҷикӣ, суннатҳои қадимии шеъри форсӣ, давраи нави такомули шеъри форсии тоҷикӣ таваҷҷӯҳ кардааст.

Да идома диққати устод Худоӣ Шарифзодаро пажуҳиши “Пайдоиш ва роҳҳои ифодаи муҳокимаҳои илмӣ дар бораи шеър” ба худ ҷалб кардааст. Дар ин боб хонанда бо мақолаҳои “Вазъи назарияҳои шеър пеш аз ислом”, “Улуми адабӣ, таъриф ва таснифи он”, “Пайдоиш ва ибтидои поэтикаи араб”, “Тарҷумаи “Поэтика”-и Аристотел ва натиҷаҳои он”, “Воситаҳои асосии ифаодаи назарияи шеър дар сосри тоҷикии амрҳои  Х-ХI” метавонад ошно шавад.

Дар боби сеюми рисола масъалаҳои асосии назарияи шеър дар осори тоҷикии асрҳои Х-ХI мавриди пажуҳиш қарор гирифтаанд.

Рисолаи устод Худоӣ Шарифзода “Ташаккули афкори адабӣ дар асрҳои Х-ХI” ҳарчанд қариб 50 сол пеш таълиф шудааст, вале имрӯз ҳам як пажуҳиши арзишмандест ва барои касоне, ки илми шеър ва таърихи шеърро таҳқиқ мекунанд, маъхази муҳимест.