Activities calendar

20 апреля 2018

Саъдиё, марди накӯном намирад ҳаргиз!

Аввали урдибиҳштмоҳи ҳар сол (баробар ба 21 апрели соли масеҳӣ) Рӯзи бузургдошти паямбари шеъри форсӣ, орифу ҳакиму фарзонаи бузург – Афсаҳу-л-мутакаллимин Шайх Саъдии Шерозист. Саъдӣ тахаллусаш аст ва ӯ Муслиҳуддин Абумуҳаммад Абдуллоҳ писари Мушаррафуддин Абуабдуллоҳ ибни Муслиҳ ибни Мушаррафи Шерозӣ, аз қабилаи Банӣ Саъд, аз наберагони Саъд ибни Уббодаи Хазраҷии Ансорӣ, саҳобайи машҳур ба Саъди Ғаюр мебошад.

Ҳамкорони мо: ЗУМРАТБӢ ЭМОМОВА

Кам нестанд дар Китобхонаи миллӣ афроде, ки метавон дар бораи онҳо навишт. Ин ниҳоди фарҳангии кишвар бо таърихи  85-солаи худ даҳҳо нафареро чун инсон ва чун корманд ба камол расондааст, ки зиндагинома ва фаъолияти кориашон омурзанда аст.

Инҳо афроде мебошанд, ки дар мушкилтарин солҳо тарки кору вазифа ва касб накардаанд. Онҳо гоҳо моҳҳоро бидуни маош ҳам пушти сар