Баъзе бозиҳои миллӣ ва халқӣ намоишианд, ки аз замонҳои қадим то имрӯз дар байни мардуми тоҷик роиҷ буда, аз ҷониби ҳунармандон, масхарабозон ва ширинкорони халқӣ дар маъракаҳо, маҳфилҳо ва ҷашну идҳо ҳамчун драмаи халқиӣ иҷро карда мешуданд. Бозиҳои Дорбозӣ, Масхарабозӣ, Қофиябозӣ (Аския), Барфӣ, Аҷинабозӣ, Албастибозӣ, Девбозӣ, Шайтонбозӣ, Гургбозӣ, Юрмонбозӣ, Суғурбозӣ, Ҷайрабозӣ, Уқоббозӣ
Таърихи коғаз ҳам ба мисли дигар масолеҳи хаттӣ тўлонист. Истеҳсоли он ҳама масолеҳи пешинаро ба танг оварда ва шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кард. Таҳқиқотчии рус Н.П. Лихачёв навиштааст, ки «аз рўи ривоятҳои интишоршуда коғаз садаи II- уми мелодӣ аз ҷониби ихтироъкори чинӣ Чай – Лун ба вуҷуд оварда шудааст». Инро солноманависони Чинӣ ба асос гирифтаанд. Вале гуфтаҳои онҳо ба якдигар начандон алоқа доранд. Зеро ба ривояти яке соли 95, дигаре соли 105, сеюмӣ соли 153-и милодӣ мебошад. Байни ин солҳо 60 сол фарқ ҳаст. Инчунин яке аз он солноманависон навиштааст: «Чай – Лун соли 105 ба императори Чин тарзи омода намудани коғазро аз зағирпоя, канаб, пўсти дарахти лиф, латтапора,