Борис Анатолевич Литвинский олими маъруф буд. Вай солҳо дар Тоҷикистон зист, кор кард, асарҳо навишт. Ҳатто дар навиштани китобҳои таърихи кишвар саҳм гирифт. Аммо солҳои охир атрофи номи ӯ сару садоҳо зиёд шуданд, ки ба таълифи асари машҳури “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров иртибот дошт. Ин ҳам як бахши зиндагиномаи ӯ буд, ки наметавон онро нагуфт. Дар Китобхонаи милли намунаҳои осори олим маҳфузанд. Агар зинда мебуд, имсол ба синнӣ 95 медаромад.
“Баҳори Садриддин Айнӣ”. Чунин ном дошт маҳфили хотирмони “Ҳамешабаҳор”, ки ба 140-умин солгарди таваллуди Қаҳрамони Тоҷикистон, адиби барӯманд ва олими маъруф устод Садриддин Айнӣ бахшида шуда буд. Макони баргузорӣ ҳам Боғи устод, аниқтараш Амфитеатри он интихоб шуд ва дар ҷамъе аз адибон, ҳунармандон, хонандагон ва ҳаводорони маҳфили “Ҳамешабаҳор” ҳузур ёфтанд.
Мавзӯъи баҳс ҳам
Ба бойгонии Китобхонаи миллӣ ахиран як силсила китобҳои нав ворид шуданд. Аксари ин китобҳо тозанашр буда, аз ҷониби ноширони кишвар ва муаллифон ироа шудаанд. “Девони ашъор”-и Ризоӣ Абдулбар, ду китоби профессор Худоӣ Шарифзода: “Ташаккули афкори адабӣ дар асрҳои Х-ХI”, “Достонҳои бузурги “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ”, “Боқинома”, “Технологияи ғанигардонии маъданҳои металҳои ранга” (муаллифон Ш. Самиҳов ва З.Зинченко), “Взаимодействия