Ба бойгонии Китобхонаи миллӣ ахиран як силсила китобҳои нав ворид шуданд. Аксари ин китобҳо тозанашр буда, аз ҷониби ноширони кишвар ва муаллифон ироа шудаанд. “Девони ашъор”-и Ризоӣ Абдулбар, ду китоби профессор Худоӣ Шарифзода: “Ташаккули афкори адабӣ дар асрҳои Х-ХI”, “Достонҳои бузурги “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ”, “Боқинома”, “Технологияи ғанигардонии маъданҳои металҳои ранга” (муаллифон Ш. Самиҳов ва З.Зинченко), “Взаимодействия адронов и ядер космических лучей сверхвысоких энергий» (муаллиф И.Бободжанов) аз ҳамин қабиланд.
Китоби “Технологияи ғанигардонии маъданҳои металҳои ранга” (муаллифон Ш. Самиҳов ва З.Зинченко) аз ҷониби Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба чоп тавсия шудааст ва таълифест, ки равандҳои технологияи ғанигардонии маъданҳоро дар бар гирифта, доир ба ғанигардонии маъдан ва металҳои ранга, омодакунии маъдан ба ғанигардонӣ, усулҳои физикӣ-кимиёвии ғаниградонӣ, равандҳои ёридиҳанда, назорат ва идоракунии равандҳои ғанигардонӣ, амалиёти ғанигардонии маъдан ва резачоши металҳои ранга мебошад.
Аслан ин китоби дарсӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва колеҷу омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникист, аммо муаллифон мегӯянд, ки он барои омӯзгорон, кормандони соҳаи илм, коргарони корхонаҳои кимиёвӣ, металургӣ ва соҳавӣ низ муфид аст.
Китоб ба теъдоди 200 нусха дар матбааи Донишгоҳи имллии Тоҷикистон чоп шудааст.