Имсол устод Садриддин Айнӣ 140-сола шуд. Шахсияти беназири таърихӣ, оне, ки ҷони худро омода буд барои саодати миллати мо нисор кунад. Садриддин Айнӣ аз он фарзандони фарзонаи миллат буд, ки дар як давраи сарнавиштсоз фидокорона талош карда, барои таъмини бақои умри миллат қаҳрамониҳо нишон додаст ва барои ин ки халқи мазлуму ҷабрдида аз зери харобазори таърих дубора сар бардораду қомат рост кунад, падарвор ғамхорӣ ва сарпарастӣ намудааст.