Саду чиҳил соли Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ

Имсол устод Садриддин Айнӣ 140-сола шуд. Шахсияти беназири таърихӣ, оне, ки ҷони худро омода буд барои саодати миллати мо нисор кунад.  Садриддин Айнӣ аз он фарзандони фарзонаи миллат буд, ки дар як давраи сарнавиштсоз фидокорона талош карда, барои таъмини бақои умри миллат қаҳрамониҳо нишон додаст ва барои ин ки халқи мазлуму ҷабрдида аз зери харобазори таърих дубора сар бардораду қомат рост кунад, падарвор ғамхорӣ ва сарпарастӣ намудааст.

Садриддин Айнӣ 15-уми апрели соли 1878 дар қишлоқи Соктареи ноҳияи Ғиждувони вилояти Бухоро, дар оилаи деҳқони камбағал таваллуд меёбад. Азбаски падари  С. Айнӣ – Саидмуродхоҷа танҳо бо деҳқонӣ эҳтиёҷи оиларо қонеъ гардонида наметавонист, маҷбур буд, ки ба касбҳои бофандагӣ ва сангиосиёбтарошӣ низ машғул шавад.

Садриддин Айнӣ аз овони кўдакӣ ба адабиёт завқу ҳаваси калон дошт. «Шеърҳоро дўст медоштам, ҳарчанд маъниҳои онҳоро дуруст нафаҳмам ҳам, оҳанги онҳо ба ман гуворо менамуд ва ба ёд карда ханда гаштани баъзе шеърҳо кўшиш мекардам» , - ёдоварӣ мекунад ў. Маслиҳат ва шеърхониҳои  падар дар Айнии ҷавон табъи шеъргўиро бедор мекунанд. Садриддин Айнӣ  бештар асарҳои Ҳофиз, Бедил, Навоӣ, Фузулӣ ва дигаронро мутолиа ва аз ёд мекунад.

Айёми нисбатан беғаму хурсандонаи кўдакӣ дер давом накард. Тобистони соли 1889 Садриддини ёздаҳсола аввал аз падар ва баъди 40 рўз аз модари меҳрубон ҷудо гардид . Онҳо гирифтори вабои умумӣ шуда буданд. Пас аз ин Садриддин Айнӣ  тамоми ташвиши рўзгор ва тарбияи додарон ( Сироҷиддини сесола ва Киромиддини чорсола)-ро ба зиммаи худ мегирад.Бо вуҷуди ин ҳама нодорамиҳо, азобу шиканҷаи зиндагӣ орзую ҳаваси таҳсил ўро ҳеҷ гоҳ тарк намекард.

Моҳи октябри  соли 1890 Садриддин ба умеди хондану шахси бофазлу камол шудан роҳи Бухороро пеш мегирад.  Барои ба ин мақсад ноил гаштан ӯро лозим омад, ки бисъёр монеаю нодорамиҳои зиндагӣ, азобу душвориҳои моддию маънавиро  паси сар намояд,  дар кўчаҳои тангу тори Бухоро ба умеди пайдо  кардани манзилгоҳ  сарсонию саргардониҳо дида, хизмати шарикдарсони  сарватманди кундзеҳн ва монанди инро ба ҷо орад. Бо вуҷуди ин истеъдоди фитрӣ, муҳаббати бепоён ба адабиёт, санъату маданияти халқи тоҷик, меҳнатдўстӣ ба Айнӣ  имкон дод, ки дар андак муддат дар байни толибилмон бо донишмандию завқи баланди шеършиносӣ  обрўю эътибор  пайдо намояд. Ҳатто, шахсоне, ки Айнӣ хизмати  онҳоро мекард, тадриҷан муносибати худро тағъир дода, ўро иззату ҳурмат мекардагӣ шуданд.

Садриддин  Айнӣ  зуд-зуд бо тахаллусҳои мухталифи «Сифлӣ», «Мўҳтоҷӣ», «Ҷунунӣ» шеърҳо  менависад ва баъдтар, аз соли 1986 сар карда, яъне дар сини 18 солагӣ тахаллуси «Айнӣ»-ро қабул  мекунад.Тахаллуси «Айнӣ» барои Садриддини ҷавон хеле маъқул шуд, чунки ин калима  дорои  48 маъно  буда «чашм»,  «манбаъ», «моҳият», «аломат» ва монанди инҳо аз ҷумлаи он маъноҳоянд.

Садриддин Айнӣ ҳанўз дар ҷавониаш ҳамчун олим ва шоир машҳур мешавад. Онҳое ки пештар ба ин ҷавони қишлоқӣ бо таҳқир нигоҳ мекарданд, акнун аз тарси ашъори ҳаҷвии ў тарсида хушомад мегуфтанд ва кўшиш мекарданд, ки ўро ба хизмати амир ба дарбор ҷалб намоянд.

Садриддин Айнӣ дар соли 1909 барои мактабҳои  усули нав китоби хониши « Таҳзиб-ус-сибъён»-ро тартиб дод. Дар он табиати зебою  дилнишин, тарбияи завқи бадеӣ, масъалаҳои маориф, маърифатнокии мардум  ва озодию  баробарҳуқуқии занон ва монанди  ин тасвиру тавсиф ёфта буд. Табиист , ки  чунин тарзу усули  таълим ва тарбияи кўдакон  ба саркардагони аморат ва ҳомиёни ҷиҳили дин маъқул набуд. Бинобар ин онҳо тарафдорони усули нави таълиму тарбияро таъқиб намуданд. С.Айнӣ маҷбур буд, ки бо ҳамфикрони худ бо номи «Тарбияи атфол» ҷамъияти махфӣ ташкил намуда, бо усули нав таълимдиҳиро давом диҳад.

Соли 1916 ҳангоми дар Қаршӣ будани   Садриддин Айнӣ хабар расид, ки  ўро дар мадрасаи «Хиёбон» мударрис таъин кардаанд. Айнӣ барои аз ғазаби амир халос шудан ин вазифаро  расман қабул кард. Дар асл тамоми корро  ба ўҳдаи  калоншавандагони мадраса вогузошт.

Моҳи апрели соли 1917 ҷадидҳои Бухоро ба муносибати  «фармони ислоҳот»-и амир  зери шиори « Зинда бод амири ҳурриятпарвар» намоиши миннатдорӣ гузарониданӣ шуданд. Бо вуҷуди он ки Садриддин Айнӣ дар ибтидои фаъолияти иҷтимоию сиёсии худ ба ҳаракати ҷадидӣ хайрхоҳ буд, муқобили намоиш баромад ва пешвоёни онро аз ин роҳи хатарнок боздоштанӣ шуд. Вале ҷадидон ба гуфтаҳои Садриддин Айнӣ этибор надоданд ва намоиши «миннатдорӣ» бо фоҷиа анҷомид. 

Ҳарчанд  Айнӣ дар намоиш иштирок накард, 9-уми апрел  ўро аз ҳуҷрааш  дастгир карда, 75 чўб зада, ба зиндон партофтанд. Бо қарори Шӯрои депутатҳои  коргарони Когон сарбозони инқилобӣ  ўро аз зиндони амир озод карданд. Ба ин муносибат митинге  барпо гардид, ки дертар Садриддин  Айнӣ чунин ёдоварӣ мекунад: «Ман, ки бо хўрдани 75 чўби амир гиря кардан  он тараф истад, «воҳ» нагуфта  мардонавор истода будам, дар ин ҷо  аз  гиря худдорӣ  карда натавонистам – ин гиряи шодӣ буд». Пас аз муолиҷаи дуру дароз дар беморхонаи Когон  Садриддин  Айнӣ 3-юми июни соли 1917 ба Самарқанд  меравад ва он ҷоро иқоматгоҳи доимии худ қарор медиҳад.

Инқилоби Октябр (1917)-ро  ў бо хушнудӣ  пешвоз гирифта, аз рўзҳои аввал ба хизмати он камар мебандад ва дар сохтмони ҳаёти нави сотсиалистӣ  фаъолона иштирок менамояд.

Аз соли 1918 дар маҷмўи  маорифи халқ ва матбуоти инқилобии тоҷику ўзбек кор мекунад. Сипас,  дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон (аз соли 1926) вазифаи мушовир ва муҳаррири адабиро иҷро мекунад.

Шеърҳои дар солҳои 1918-1921 навиштаи  Садриддин  Айнӣ «Машри ҳуррият», «Ба шарафи  Инқилоби Октябр» , «Марши байналмилал», «Якуми май» ва ғайра дар маҷаллаи «Шўълаи инқилоб» ва рўзномаи  «Меҳнаткашлар  товуши» чоп шуда, дар нахустин маҷаллаи ў «Ахтари инқилоб» ворид гардидаанд. Соли 1920 якумин повести худ  «Ҷаллодони Бухоро»-ро навишта, дар он бо  далелҳои таърихӣ разолат ва фоҷиаҳои рўзҳои вопасини аморати Бухороро фош мекунад. Пас  аз ин ў повести дигар худ «Саргузашти як тоҷики камбағал» ё ки «Одина»-ро ба вуҷуд оварда, қисмҳои аввали онро солҳои  1924-1925 дар рўзномаи «Овози тоҷик» чоп мекунад ва соли 1927 повест пурра бо унвони «Одина» дар шакли китоби алоҳида  нашр мешавад. Ин повест ва романҳои «Дохунда» (1930) ва «Ғуломон» (1934) якҷоя асари сегона-трилогияи хоса мебошад, ки ҳаёти беш аз садсолаи халқамонро дар бар мегирад.

Солҳои 1935-1940  боз якчанд асарҳои насрӣ: повестҳои «Мактаби кўҳна» (1936), «Марги судхўр» ва «Ятим» (1939), очеркҳои «Колхози коммунизм» (1934), «Ҷашни таърихӣ» (1936) ва «Тирози ҷаҳон» (1939)-ро эҷод мекунад.

Ў соли 1943 аъзои фахрии Академияи фанҳои Ўзбекистон интихоб мегардад ва баъдтар (1948) шўрои илмии Университети Ленинград ба вай унвони доктори илми филологияро медиҳад. Сипас, академик ва аввалин президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон (1951) интихоб мешавад.

Дар солҳои 1949-1954 асари чорҷилдаи тарҷимаиҳолии ў  «Ёддоштҳо» ба табъ мерасад, ки дар он муҳимтарин лаҳзаҳои таърихии ҳаёти халқи тоҷик аз охирҳои асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ инъикос ёфтааст. Барои  ҷилди якум ва дуюми «Ёддоштҳо» ў соли 1950 Лауреати мукофоти давлатӣ мегардад.

Садриддин  Айнӣ дар баробари фаъолияти адабӣ бисёр асарҳои илмӣ низ таълиф намудааст. Чунончӣ, доир ба таърих ду рисолаи калон «Таърихи амирони манғитияи Бухоро» (1923) ва «Материалҳо оид ба таърихи инқилоби Бухоро» (1926) ва якчанд мақолаҳои ў доир ба масъалаҳои забоншиносии солҳои бистум барои демократикунонии забони адабии тоҷик ва инкишофи минъбадаи он нақши муҳим бозидаанд.

Хизмати С.Айнӣ дар соҳаи адабиётшиносӣ низ хеле бузург мебошад. Адабиётшиносии давраи шўравии тоҷик таърихи худро бо нахустин асари таҳқиқотии ў « Намунаи адабиёти тоҷик» (1926) оғоз менамояд. Рисолаҳои илмии вай оиди ҳаёт ва эҷодиёти Рўдакӣ, Сино, Саъдӣ, Навоӣ, Бедил, Восифӣ ва ғайра то кунун аҳамияти худро гум накардаанд.

Осори адабиву илмии С.Айнӣ дар «Куллиёт»-и понздаҳҷилдаи ў гирд оварда шудаанд.

С.Айнӣ як қисм асарҳояшро ба забонҳои ўзбекӣ таълиф ва тарҷума намуда, дар рушди адабиёти шўравии ўзбек низ саҳми худро гузоштааст. Номи С.Айнӣ дар конфронси дуввуми нависандагони Осиёву Африқо (Қоҳира, феврали соли 1962) дар қатори бузургтарин адибони Шарқ-Робиндранат Такур, Таҳо Ҳусайн, Лу Синъ ёдоварӣ шудааст. Тарҷумаи романи Ф.Дюшен «Қамар» (1974) ба қалами ў тааллуқ дорад.

Аксарияти таълифоти С. Айнӣ, хусусан асарҳои калони насрияш ба забонҳои қариб ҳамаи халқҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ва бисёр мамолики хориҷ тарҷума ва чандин маротиба нашр гардидаанд.

С.Айнӣ узви Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҷумҳурии халқии Бухоро (1923), узви Кумитаи Иҷрояи Марказии ҶШС  Тоҷикистон (1929), депутати Шўрои Олии ҶШС Тоҷикистон (1947) ва Шўрои Олии ИҶШС (1950-1954) ва борҳо депутати Шўроҳои шаҳрии шаҳрҳои Самарқанду  Душанбе интихоб шудааст.Вай узви раёсати Иттифоқи нависандагони ИҶШС (1934), ходими Хизматнишондодаи  илми Тоҷикистон (1940) буд.

Барои хизматҳои шоёни адабӣ ва ҷамъиятиаш ў бо се ордени Ленин (1941,1948,1949), ордени Байрақи Сурхи Меҳнат (1953), ордени ҷумҳуриявии «Байрақи Сурхи Меҳнат» (1931) ва Ифтихорномаҳои Шўрои  Олии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.  Дар шаҳри Душанбе осорхонаи адабии С.Айнӣ ва дар шаҳри Самарқанд (дар ҷои зисти аввалаш) осорхонаи ёдгории ў амал мекунад. Тибқи Қарори ЮНЕСКО (1978) ба муносибати ҷашни 100-солагии зодрўзи С.Айнӣ дар ш. Душанбе ду ёдгорӣ гузошта шуданд, ки онҳо ҳамчун ифодагари марҳилаҳои рўзгору эҷоди ин фарзанди барўманди халқи тоҷик мебошанд. Яке аз ин ёдгориҳо «М. Горкий ва С. Айнӣ» ном гирифта, лаҳзаи сўҳбати ду нафар бузургони адабиёти муосирро таҷассум менамояд.  Ёдгории дигаре дар   майдоне ба номи устод Садриддин  Айнӣ, бо шукўҳу шаҳмати зиёде, дар якҷоягӣ бо қаҳрамононаш қомат афрохтааст ва он натанҳо дар Тоҷикистон , балки дар миқёси Осиёи Миёна ҳамчун асари беназири муҷассамасозӣ эътироф  гардидааст.

Устод Садриддин Айнӣ 15 июли соли 1954 дар шаҳри Душанбе аз олам чашм пўшид. Ҳоло Мақбараи Айнӣ дар як ҷои хушманзараи Душанбе зиёратгоҳи аҳли адаб аст. Соли гузашта шаҳрдории Душанбе ин боғро таъмир ва мақбараро навсозӣ намуд ва ҳоло як боғи нурониву пургули пойтахт ба шумор меравад. 

8-уми сентябри соли 1997 бо Фармони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба устод Садриддин Айнӣ унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд.

Дар Китобхонаи миллӣ шумо метавонед аз устод Садриддин Айнӣ ва дар бораи ӯ ин асарҳоро мутолиа намоед:

Асарҳои мунтахаби С.  Айнӣ.

  • Ашъори мунтахаб (Матн): Мактабӣ кўҳна.- Ҷаллодони Бухоро.- Аҳмади Девбанд.- Марги судхўр.- Одина / Асарҳо.- Сталинобод: Нашрдавтоҷик, 1949.-422 с.
  • Ашъори мунтахаб (Матн).- Сталинобод: Нашрдавтоҷик, 1958.-169 с.
  • Акнун навбати қалам аст (Матн): Осори баргузида / Иборат аз ду ҷилд.-Душанбе: Ирфон, 1977-1978. Ҷ.1.-478 с. Ҷ.2.-464 с.

Асарҳои  алоҳидаи С. Айнӣ:

  • Мухтасари тарҷумаи ҳоли худам (Матн).-Сталинобод: Нашрдавтоҷик, 1958.-128с.
  • Мактуби кушода ба рафиқ Толис // Толис, П. Повест ва ҳикояҳо (Матн).-Душанбе, 1966.-С.14-20.
  • Одина (Матн): Повест.- Душанбе: Маориф, 1967.-167с.
  • Ёди гузашта (Матн): Ҳикояҳо.-Душанбе: Ирфон, 1971.-28с.
  • Дохунда (Матн): Роман.- Душанбе: Ирфон, 1971.- 432 с.
  • Чашмбандак (Матн): Ҳикояҳо.-Душанбе: Ирфон, 1972.-15с.
  • Чаҳордаҳ ғазал (Матн): Аз ашъори тоинқилобӣ // Садои Шарқ.-1973.-№4.-С.75-79.
  • Ахтари инқилоб (Матн): Осори баргузида.-Душанбе: Ирфон, 1974.-264с
  • Марши ҳуррият (Матн): Шеър // Шасти инқилоб.- Душанбе, 1977.-С.3-4.
  • Мактаби кўҳна ( Матн): Повест.- Душанбе: Маориф, 1978.-48с.
  • Суруди озодӣ= Марш свободы (Матн).- Душанбе: Ирфон, 1978.-40с
  • Ҳашт мактуб ( Матн): Ба шоир М.Раҳимӣ ва адабиётшинос А. Мирзоев // Садои Шарқ.-1978.-№1.-С.114-122.
  • Мукотибаи Садриддин Айнӣ ва Абдулқосим Лоҳутӣ (Матн).-Душанбе: Дониш, 1978.82.
  • Садриддин Айнӣ ва инкишофи насри советии тоҷик (Матн).-Душанбе,1978.-20 с.
  • Гули сурх (Матн): Шеър //Наврўзӣ. – Душанбе, 1981.- С.127.
  • Ду ХХХ сол (Матн) // Наврўзӣ.- Душанбе, 1984.- С.38.
  • Восифӣ ва хулосаи «Бадоеъ-ул-вақоеъ» (Матн).- Душанбе: Ирфон, 1984- 432с.
  • Қаҳрамон Ленинград.-Суруди Зафар.- Қасидаи ҷанг ва зафар (Матн): Шеърҳо // Иди зафар.- Душанбе: Маориф , 1985.-С.9-12.
  • Модар – Ватан.- Шеързод (Матн): Очеркҳо // Сарбаландон.-Душанбе, 1985.-С.9-17.
  • Марги судхўр (Матн): Повест.- Душанбе: Ирфон, 1986.-160с.
  • Ёддоштҳо (Матн): Дар ду ҷилд. – Душанбе: Адиб, 1990.-352с.
  • Саҳаргоҳон (Матн): Ҳикоя.- Душанбе: Адиб, 1990.-10с
  • Зан парвардигори ишқу зебоӣ (Матн): Шеърҳо бахшида ба занон // Фирўза.-1990.-№3.-С.14.
  • Одина (Матн): Матни илмӣ бо тадқиқу тасҳеҳ ва тавзеҳоти А. Кўчаров.- Душанбе: Дониш, 1992.-204с.
  • Таҳзиб  - ус – сибён (Матн).- Душанбе: Маориф, 1994.-46с.
  • Зарурияти диния (Матн).-Душанбе: Диловар – ДДМТ, 2000.-225 с.

Асарҳои  илмии Садриддин Айнӣ.

  • Дар атрофии забони форсӣ ва тоҷикӣ (Матн) // Айнӣ, С. Куллиёт.- Ҷ.11.- Қ.2.- Душанбе, 1964.- С.350-355.
  • Сарфи наҳви забони тоҷикӣ (Матн) // Айнӣ, С. Куллиёт.-Душанбе, 1964.-Ҷ.11.- Кит.2 С.346-347.
  • Исъёни Муқаннаъ (Матн): Очерки таърихию тадқиқотӣ барои бачагони сини калони мактабӣ.- Душанбе: Ирфон, 1971.- 149 с.
  • Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалиқ.-Исъёни Муқаннаъ (Матн): Очеркҳои адабӣ- таърихӣ.- Душанбе: Маориф, 1978.-168 с.
  • Таърихи инқилоби Бухоро (Матн): Рисола.- Душанбе: Адиб, 1987.-240 с.
  • Ислом ва коммунизм (Матн): Шайх Бадриддин Самавӣ // Садои Шарқ.- 1990.- С.113-116.

Адабиёт дар бораи устод Садриддин  Айнӣ

  • Садриддин Айнӣ / 1878-1954/ (Матн): Маълумот дар бораи ҳаёт ва эҷодиёташ // Очерки таърихи адабиёти советии тоҷик.- Сталинобод, 1957.- Қ.2.- С.5-84.
  • Маниёзов, А. Публисистика ва назми устод С. Айнӣ / 1918-1921/ (Матн).- Сталинобод: Нашрдавтоҷик, 1958.-151 с.
  • Маҳммадиев, М. С. Айнӣ ва забони адабии тоҷик (Матн) // Мактаби советӣ.- 1963.-№4.- С.58-64.
  • Деҳотӣ, А. Дар хизмати халқ монанди ў бошем.- Мураббии дўстдори авлоди наврас (Матн): С. Айнӣ // Деҳотӣ, А. Куллиёт.- Душанбе: Дониш, 1966.-Ҷ.1.- С.273-276.
  • Аминзода, М. Хотираи манн дар ҳаққи устод Айнӣ (Матн): Ҷашнномаи Айнӣ.- Душанбе: Дониш, 1966.- Ҷ.3.- С.164-164.
  • Деҳотӣ, А. Ҳикояҳои доир ба мулоқотҳои манн бо устод С. Айнӣ (Матн) // Деҳотӣ, А. Куллиёт.- Душанбе, 1966.-Ҷ.5.- С.281-293.
  • Деҳотӣ, А. Садриддин Айнӣ (Матн) // Деҳотӣ, А. Куллиёт.-Душанбе, 1966.- Ҷ.5.-С.258-263.
  • Саидова, И. Айнӣ-нависандаи бачагон (Матн) // Мақолаҳо оид ба адабиёти бачагона.- Душанбе, 1967.-С.142-190.
  • Маъсумӣ, Н. Рол ва мавқеи С.Айнӣ дар инкишофи забони адабии тоҷик баъд аз револютсияи октябр (Матн) // Масъумӣ, Н. Ҷаҳонӣ ва маҳорат. Душанбе, 1967.-С.230-267.
  • Савченко, В. Сарояндаи диёри маҳбуб (Матн): Филм дар бораи устод С. Айнӣ // Маориф ва маданият.-1968.-10 август.
  • Сайфуллоев, А. Сеҳри қалам (Матн): Ҷашнномаи Айнӣ// Садои Шарқ.- 1968.№10.С.100-107.
  • Турсунзода, М. Қуллиёт (Матн) / Иборат аз 6 ҷилд.- Душанбе, 1971.- Ҷ.2.- С.258.
  • Аминзода, М. Чанд хотирот дар бораи  С. Айнӣ (Матн) // Ҷашнномаи Айнӣ.- Душанбе: Дониш,  1971.- Ҷ.4.-С.340-342.
  • Муллоҷонова, З. Аз таърихи айнӣшиносӣ (Матн) // Садои Шарқ.-1971.№5.-С.125-134.
  • Миниёзов, А. Садриддин Айнӣ ва адабиёти рус (Матн) // Паёми бародарӣ: Маҷмўаи мақолаҳо оид ба робитаҳои адабии халқи тоҷик.- Душанбе, 1972.- С.34-42.
  • Комисаров, Б. Айнӣ ва мероси адабӣ (Матн) // Садои Шарқ.- 1973.- №2.-С.133-137.
  • Асозода, Х. Сароғози образи синфи коргар дар эҷодиёти С.Айнӣ (Матн) // Мақолаҳо доир ба забон ва адабиёти тоҷик.- Душанбе, 1974.- С.36-47.
  • Умарова, С. Дўстии ду устод (Матн): С. Айнӣ ва Лоҳутӣ // Занони Тоҷикистон.- 1974.-№2.-С.16-17.
  • Ҳалимов, С. Садриддин Айнӣ ва баъзе масъалаҳои инкишофи забони адабии тоҷик (Матн).- Душанбе: Ирфон, 1974.- 136 с.
  • Улуғзода, С. Саёҳати Бухоро бо ҳамроҳии Айнӣ (Матн): Қайдҳои сафар // Улуғзода, С. Мунтахабот / Иборат аз чор ҷилд.- Душанбе: Ирфон, 1975.-Ҷ.3.- С.93-113.
  • Сайфуллоев, А. Устод Айнӣ- нависандаи интернационалист (Матн) // Дўстии халқҳо – дўсти адабиётҳо.- Душанбе, 1975.- С.151- 170.
  • Сайфуллоев, А. Ҷарчии дўстӣ (Матн)  // Садои Шарқ.- 1975.-№8.- С.101-110.
  • Сабоҳӣ, Ҳ.  Таҷрибаи нахуст, вале умедбахш (Матн): Киностудияи «Тоҷикистон»-ро аз рўи асари «Ғуломон»-и С.Айнӣ ба навор гирифт // Маориф ва маданият. -1976.-3 апрел.
  • Бобоев, Ю. Дониш ва Айнӣ (Матн) // Аз таърихи афкори адабии халқи тоҷик: Маҷмўаи илмӣ.- Душанбе, 1977.- С.36-42.
  • Мирзоев, Ғ. Ба тарзи  проблемавӣ омўхтани тарҷумаи ҳоли С.Айнӣ (Матн) // Масъалаҳои назариявӣ ва амалии таълими забон ва адабиёти тоҷик.- Душанбе, 1977.- С.29-35.
  • Сайдалиев, Т. Омўхтани унсурҳои назарияи адабиёт вобаста ба эҷодиёти С.Айнӣ (Матн) // Масъалаҳои назариявӣ ва амалии таълими забон ва адабиёти тоҷик.- Душанбе, 1977.-С.85-88.
  • Табаров, С. Аввал чопи интиқодӣ, баъд луғат (Матн): Оид ба чопи академии интиқодии мероси бои адабӣ ва илмии С. Айнӣ // Садои Шарқ, 1977.-№8.- С.142-148.
  • Рауфов, Ҳ. С. Айнӣ ва инкишофи  лексикаи забони адабии тоҷик (Матн). – Душанбе: Дониш, 1978.- 46 с.
  • Набиев, А. Анъанаи тасвири психологӣ дар эҷодиёти устод Айнӣ ва насри таърихии муосири тоҷик (Матн) // Ахбороти АФРСС  Тоҷикистон; Шўъбаи фанҳои ҷамъиятӣ.- Душанбе, 1978.-№2.- С.66-73.
  • Сангинов, А. Осори устод Айнӣ – сарчашмаи луғатҳои забони адабии тоҷик (Матн) // Ахбороти АФ РСС Тоҷикистон шўъбаи фанҳои ҷамъиятӣ, 1978.-№2.- С.41-49.
  • Икромӣ, Ҷ. Дарси устод (Матн): Хотираҳои нависанда дар бораи С. Айнӣ // Садои Шарқ.-1978.-№4.-С.81-92.
  • Садриддин Айнӣ /1878-1954/ (Матн) // Тазкираи адабиёти бачагон.- Душанбе, 1979.- Ҷ.1.-С.22-26.
  • Мирзозода, Х. Устод Айни ва маорифпарварони ибтидои асри ХХ (Матн) // Садои Шарқ.- 1980.-№4.-С.88-91.
  • Тилавов, Б. Айнӣ ва ҳикмати халқ (Матн): Панду ахлоқ дар асарҳои Айнӣ // Садои Шарқ.- 1981.-№4.- С.107-174.
  • Шукуров, М. Устод Айнӣ ва шаклҳои нави робитаи адабӣ (Матн) // Шукурова М. Пайванди замонҳо ва халқҳо.- Душанбе, 1982.-С.62-70.
  • Амирқулов, С. Мулоҳизаҳо доир ба афкори адабию эстетики устод Айнӣ (Матн) // Садои Шарқ.- 1982.- №4.-С.114-147.
  • Аҳрорӣ, Ҳ. Хотираи устод (Матн): Ёддоштҳо дар бораи  С. Айнӣ // Аҳрорӣ, Ҳ. Тўйхўрии мўйсафедон.- Душанбе, 1984.- С.63-73.
  • Маҳмадаминов, А. Принсипи интихоби порчаҳои адабӣ дар «Намунаи адабиёти тоҷик»-и С. Айнӣ // Уфуқҳои илм.- Душанбе, 1984.-№3.- С.29-34.
  • Бақозода, Ҷ. Нависанда ва идеали замон (Матн).- Душанбе: Адиб, 1987.-256 с.
  • Мулло, А. Устоде, ки моро ба мо шиносонид (Матн): Ёде аз устод С.Айнӣ // Тоҷикистон.- 1999.-№4.-С.28.
  • Маҳмадаминов, А. Дар чорсўи таърих (Матн) // Садои Шарқ.-1987.-№4.-С.120-126.
  • Бобоев, Ю. Истеъдоди тавонои халқӣ (Матн): Оид ба фаъолияти романнависии устод Айнӣ // Бобоев, Ю. Эстетика ва қадамҳои насру назми тоҷик.- Душанбе, 1988.-С. 311- 368.
  • Ҳошим, Р. Солҳо ва саҳифаҳо (Матн): Мақолаҳо ва ёддоштҳо.- Душанбе: Адиб, 1988.- 320 с.
  • Маҳмадамин, А. Устод Айнӣ аввалин китобшиноси шўравии тоҷик (Матн) // Китоб ва эҳёи таммадуни Шарқ: Дирўз ва имрўз.-Душанбе, 1990.-С.94-97.
  • Мухтор, Ш., Бобоев, Д. Устод Айнӣ ва назми инқилобии Фронса (Матн) // Адаб.-1993.-№3-4.- С.33-35.
  • Анварӣ, С. Забони «Шоҳнома» аз диди устод Айнӣ (Матн) // Адаб.-1994.-№7-8.- С.23-24.
  • Маҳмадаминов, А. Гуфторе аз бобби худшиносӣ (Матн): Масъала оиди эҷодиёти С. Айнӣ // Адиб.- 1995.-№3.-С.5-6.
  • Аҳмадов, Б. Дар ситоиш нависанда (Матн): С.Айнӣ/ Ба муносибати 120-солагии зодрўзаш // Ҷумҳурият.-1998.- 1 май.
  • Мирсаидов, У. Нахустин Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон (Матн) // Садои мардум.-1998.-11 март.
  • Муродӣ, М. Садриддин Айнӣ ва «Шўлаи инқилоб» (Матн): Ба истиқболи рўзи матбуоти тоҷик // Омўзгор.- 1999. – 18 март.
  • Имомов, М. Ҷаҳонбинӣ ва тафаккури бадеии Садриддин Айнӣ.- Душанбе: Матбуот, 2001.- 120 с.
  • Отахонова, Х. Симои Айнӣ дар осори Мирзо Турсунзода (Матн) // Маҷмўаи мақолаҳо.- Душанбе, 2002.- С.59-69.
  • Айнӣ, К. Китобе, ки ҳафтод сол зиндонӣ буд (Матн) // Адабиёт ва санъат.- 2003.-№4.- С.4-5.
  • Аслонов, Н. Шахсияти С. Айнӣ ва коргоҳи эҷодии ў (Матн).- Душанбе: Девиштич, 2003.- 48 с.
  • Асозода, Х. Устод Айнӣ дар шинохти С. Улуғзода (Матн).- Душанбе: Девиштич, 2004.- 92 с.
  • Асозода, Х. Иловаҳо ба шарҳи ҳоли устод Айнӣ (Матн).- Душанбе: Девиштич, 2004.-92 с.
  • Табаров, С. Романи «Ғуломон»-и Айнӣ ҳамчун романи таърихӣ ( Матн).- Душанбе: Адиб, 2005.-240 с.
  • Аслонова, Н. Симои Садриддин Айнӣ дар насри муосири тоҷик (Матн).- Душанбе: Девиштич, 2006.- 135 с.
  • Ғаффоров, У. Нависандаи забардасти миллат ( Матн) // Ҷумҳурият.-2006.-19  апрел.
  • Қавми тоҷик ва рўзнома (Матн) // Миллат.-2007. 7 март.
  • Айнӣ, К. Келини устод Айнӣ будан масъулияти бузургест (Матн)// Зан ва мард.- 2007.-11 апрел.
  • Аслонов, М. Чӣ тавр Миризоми ўротеппагӣ С. Айниро аз марг наҷот дода буд (Матн) // Минбари халқ.-2007.-18 апрел.
  • Раҳмонов, Ш. Муаммои «Ёддоштҳо» (Матн): Асари Садриддин Айнӣ // Адабиёт ва санъат.- 2007.8 май.
  • Шукурзода, М. Тоҷикон дар масъири таърих (Матн): Ручўи муаллиф нисбати китоби устод С. Айнӣ « Намунаи адабиёти тоҷик» // Хирад.- 2007.- №1(1).- Октябр.
  • Асозода, Х. Устод Айнӣ аз худ ва миллат дифоъ мекард (Матн): Пажўҳиш // Адабиёт ва санъат.-2008.-10 апрел.

Таҳияи Фирўза Маҳмадҷонова 
Мутахассиси  Маркази 
такмили  ихтисос

Барчаспҳо: