Ҳамасола ҷомеаи ҷаҳони таърихи 2-юми апрелро чун Рӯзи байналмилалии китоби кӯдак ҷашн мегиранд. Ҷашни мазкур ба ифтихори рўзи таваллуди Ҳанс Кристиан Андерсен, даромнависи даниягӣ, рабт мегирад. Таҷлили бошукӯҳи ин ҷашн ё худ Рӯзи байналмилалии китоби кӯдак дар соли 1967 аз ҷониби ташкилоти ғайритиҷоратӣ Шӯрои Ассотсиатсияи байналмилалии кӯдакон ва ҷавонон (IBBY) таъсис дода шудааст.
Субҳи имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии иктоби кӯдак Рузи дарҳои боз баргузор гардид. Дарҳои ҳамаи толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ ҳамарӯза ба рӯйи хонандагон бозанд, вале имрӯз рӯзи хоса буд, рӯзи ошноии хонандаҳое ба Китобхонаи миллӣ буд, ки бори нахуст ба остонаи он по мегузоштанд. Рӯзи дарҳои боз бештар барои онҳо буд.
Таҷлили Наврӯз дар сар то сари кишвар ҳамоно идома дорад. Шояд ин ягона ҷашнворае бошад, ки аз таҷлили такрор ба такрор касе хаста намешавад. Ин ҷашни баҳору сарсабзӣ, ҷашни ободиву озодагӣ. Ҷашнест, ки ниёконамон ба мо мерос гузоштаанд ва бо гузашти садсолаҳо он ҳамоно ҷавон мондааст. Ва таърихаш низ ба такрор хонданиву шуниданист.
Наврӯз, соли нав, сари сол, қадимтарин ҷашни
Баҳори имсол пайғоми дӯстӣ овард. Сафари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон дар китоби равобит миёни ду кишвари ҳамсоя саҳфаҳои тоза боз кард. Сардии муносибатҳоро об кард, дар дили садҳо ҳазор сокинони ду кишвар шӯълаи умедро фурӯзон намуд. Марзҳо боз мешаванд, рафтумад озод, тиҷорат озод мешавад.
Ҳангоми мутолиаи рӯзномаи «Оила» чашмам ба