Баҳори имсол пайғоми дӯстӣ овард. Сафари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон дар китоби равобит миёни ду кишвари ҳамсоя саҳфаҳои тоза боз кард. Сардии муносибатҳоро об кард, дар дили садҳо ҳазор сокинони ду кишвар шӯълаи умедро фурӯзон намуд. Марзҳо боз мешаванд, рафтумад озод, тиҷорат озод мешавад.
Ҳангоми мутолиаи рӯзномаи «Оила» чашмам ба шеър афтод:
Бӯи рӯди Зарфишон ояд ҳаме,
Пири Рӯдак шодмон ояд ҳаме.
Шуд имоми ваҳдатам сулҳофарин,
Нури файз бар дӯстон ояд ҳаме.
Мир Навоӣ ҳамрадифи Пири Ҷом,
Хони моро мизбон ояд ҳаме.
Айнӣ ҳамроҳи Ниёзӣ ҳамсадо,
Бар Душанбе шеърхон ояд ҳаме.
Ҷовидон бодо ба олам дӯстӣ,
Нури ҳақ бар дӯстон ояд ҳаме.
Ҳамдилӣ бодо муборак дӯстон,
Бӯи ҷон аз бӯстон ояд ҳаме.
Аз банду басти мисраҳои фавқузикр бармеояд, ки миллати тоҷик ҳамеша сулҳпарвару сулҳофар ва дӯстхоҳанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки ин рӯзҳо дар таърихи давлатдории тоҷикон саҳифаи дигареро боз карданд, ки онро метавон бо ҳарфҳои заррин сабт намуд.
Санаҳои 9-10-уми марти соли 2018 то абад дар саҳифаҳои заррини таърих ва дар лавҳи хотираи хурду бузурги мардуми тоҷику ӯзбек боқӣ мемонад. Дар ин фасли зебою дилорои табиат орзуи чандинсолаи халқи тоҷику ӯзбек ҷомаи амал пӯшид. Аввалин маротиба президенти Ӯзбекистон Шавқат Мирзиёев бо сафари давлатӣ ба кишвари мо ташриф овард. Меҳмони олиқадрро Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва зиёда аз 15 ҳазор сокинони хурду бузурги шаҳри Душанбе бо шукӯҳу шаҳомати ба худ хос истиқбол намуданд. Муносибати нави дӯстонаи ду давлати ба ҳам бародари ҳамсоя аз нав оғоз ёфт. Онҳо тухми ҳамкориро зи нав коштанд ва умед бар он бастанд, ки дар оянда самараи хуб ба бор меоранд. Сарчашмаи ин муносибатҳо аз кушода шудани якчанд гузаргоҳҳо дар марзҳои давлатӣ, лағви раводид барои шаҳрвандони ду кишвар ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ, баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ва Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон намоиши маҳсулоти ҳар ду кишвар оғоз гардид. Инчунин, дар доираи ҳамкориҳои нави дуҷониба ва судманди Тоҷикистону Ӯзбекистон роҳи оҳане, ки солҳо баста буд, боз шуд. Дар ҳар давру замон дӯстӣ омили асосии мутаҳидкунандаи ҳама қавму милатҳо буд, ҳаст ва мемонад. Поянда бод дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон!
Диловар Солиев,
мутахассиси шуъбаи адабиёт доир ба
фарҳанг ва ҳунар.