Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар дар нуҳ моҳи соли 2015
Нашр шуд 2015-10-13 22:12
Корҳои ғанигардонии маводҳои гўёи Китобхона аз ҷониби шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар ба сомон расонида мешавад, ки дар заминаи он дар нўҳ моҳи соли 2015 кормандони шуъба барои таҳияи дастури библиографӣ бо номи «Адабиёти нав доир ба фарҳанг ва ҳунар» 596 нишондиҳандаи библиографӣ аз матбуоти даврӣ бо забони тоҷикӣ ва русӣ ҷамъ ва омода намуданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 210 адад зиёд мебошад.
Ҳамчунин дар нўҳ моҳи сипаригардида 3 186 барга барои «Хазинаи электронии мусиқии тоҷик» электронӣ карда шуд. Бо кумаки шуъбаи автоматикунонӣ “Хазинаи электронии мусиқии тоҷик” дар компютерҳо насб карда шуд.
Яке аз самтҳои фаъолияти шуъба ин такмили фонд мебошад. Барои такмили фонд 28 китоби доир ба фарҳангу ҳунар ва 6 маҷалла ба толори хониши шуъба ва сабти аудиоии рубоиёти Умари Хайём ба Толори маводҳои мусаббат ворид карда шуд.
Ба “Хазинаи электронии мусиқии тоҷик” 34 китоби электронӣ оид ба мусиқии тоҷик ва шарҳи он аз қабили авторефератҳо, мақолаҳо, рисолаҳои илмӣ, ба хазинаи “Рассомони Тоҷикистон” 49 мусаввара ва 37 расм доир ба ҳунарҳои дастӣ ворид карда шуд.
Дар асоси маълумотҳо, феҳристҳо ва дигар маводи мавҷудбуда давоми барномаи “Феҳристи электронии мусиқии тоҷик” сохта ва ба кор андохта шуд. Барномаи мазкур ҳамчун феҳристи электронӣ хизмат менамояд ва барои ҷустуҷўи маълумотҳо ва маводҳо пешбинӣ шудааст. Аз барнома кормандон ва хонандаҳо метавонанд бемамониат истифода баранд. Инчунин дар ин муддат барномаи “Рассомони Тоҷикистон” барномасозӣ шуд.
Илова бар ин, кормандони шуъба омўзгорон ва донишҷўёни Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, тарбиятгирандагони Мактаб-интернати махсуси мусиқии ба номи З. Шаҳидӣ, кормандони Театри ҷавонон ва дигар пажуҳишгаронро бо китобҳо ва пйесаю асарҳои дархосткардаашон таъмин намуданд. Пйесаҳои “Толмаси айёр” ва “Исёни арўсон” нусхабардорӣ ва барои намоиш ба Театри ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов фиристода шуд.
Дар моҳи июл ҳайати кормандон чорабинии фарҳангиеро бахшида ба 100-солагии ҳунарманд ва коргардони тоҷик Аслӣ Бурҳонов доир намуданд, ки дар он санъатшиносон, олимон ва ҳунармандони театр ва кинои тоҷик иштирок ва суханронӣ намуданд. Китобҳо, расмҳо ва видеороликҳо доир ба ҳаёт ва фаъолияти Аслӣ Бурҳонов ба намоиш гузошта шуданд.