Аслӣ Бурҳонов: Аз нақши пионер то Ленин. Роҳе, ки ҳунармандро маъруф кард
Низом Нурҷонов,
“Аслӣ Бурҳонов”
(Нашри дуюм бо иловаҳо).
Душанбе, 2014
Сухани имрӯз аз Аслӣ Бурҳон аст, яке аз маъруфтарин ҳунармандони садаи бисти тоҷик, шахсе, ки дар даҳҳо филм нақши мондагор офаридааст, нақши ҳунараш ҳамоно дар даҳҳо намоишномаи театри драмавии ба номи Лоҳутӣ барҷост.
Аз ӯ бо гузашти ҳудудан бист сол аз маргаш ҳамоно ёд мекунанд, номашро дар сутуни бузургмардони ҳунар, шахсоне, ки театр бо вуҷуди онҳо театр буд, менависанд. Даҳҳо тан аз маъруфтарин санъаткорон ӯро устоди худ медонанд ва ҳамеша номашро ба некӣ ба забон меронанд. Чун нек медонанд, ки наметавон бе номи ӯ таърихи 70 соли театр ва синамои кишварро навишт.
Аслӣ Бурҳонов 8-уми январи соли 1915 дар шаҳри Бухоро дар хонаводаи қазикалон ба дунё омадааст. Бино ба навиштаи муҳаққиқи шинохтаи театр Низом Нурҷонов бобои Аслӣ Бурҳонов аз деҳаи Хӯҷахалили ноҳияи Ховалинг будааст ва ба қасди таҳсил ба Бухоро рафта, бо духтаре хонадор мешавад. Аз он издивоҷ падари Аслӣ Бурҳонов-Бадриддин ба дунё меояд.
Аз соли 1993 то соли 1920, яъне то остонаи Инқилоби Октябр Бадриддин дар вазифаи қозикалон кор кардааст. Вале баъди ишғоли Бухоро аз ҷониби Артиши сурх чун унсури бегонаву хатарнок парронда мешавад. Он замон Аслӣ нав панҷсола буд ва дар ин синну сол ятим мондан аз падари меҳрубон барояш хеле сахт буд.
Аммо ятимӣ натавонист садди роҳи он гардад, ки Аслии ҷавон аз таҳсил дур монад. Ӯро ба мактаби нав доданд ва аз соли 1925 бо ташаббуси хонандаи синфи болоӣ бо номи Ҳаётҷон Наимов дар мактаби ба номи Файзулло Хоҷаев, ки Аслӣ низ дар он таҳсил мекард, дастаи ҳунарӣ ташкил шуд ва ҳамин роҳи санъатро ба рӯйи вай боз кард.
Аввалин нақши худро дар спектакли “Ҳуҷум”-и В.Ян дар саҳнаи театри Бухоро дар синни 15-солагӣ бозидааст. Соле баъд нақши писари инҷилобчиро дар намоишномаи С.Третяков “Ғурриши Хитой” ва баъд нақши писарбачаи муштзӯр Амонро дар асари У.Исмоилов “Зараррасонандагони пахта” иҷро кардааст.
Аз аввали соли 1931 ӯро бо дӯсташ Шукрулло Латифов ба сафи ҳунармандони касбии театр қабул карданд ва дар синни 16-солагӣ Аслии ҷавон аллакай корманди театр буд.
Соли 1932 театри Бухоро ба Тошканд як сафари ҳунарӣ анҷом дод ва баъдан дар шаҳрҳои Маскав, Ленинград, Свердловск, Магнитагорск, Перм, Харков, Керч, Олматӣ, Севастопол, Симферопол сафар кард, ки дар ин ҳайат Аслӣ Бурҳонов низ буд.
Мушкилоти оилавӣ ӯро водор кард, ки соли 1933 театри Бухороро тарк кунад ва ба Ғиждувон баргардад. Аммо ба муҷарради расидан ба Ғиждувон ба театри он ба кор даромад.
Моҳи ноябри соли 1933 бо даъвати бародари бузургаш, ки дар Сталинобод мезист, ба пойтахти Тоҷикистон омад ва 25-уми декабри соли 1933 ба вазифаи артисти театри ба номи Лоҳутӣ ба кор қабул шуд. Аз он замон то охири умр (1997) ҳунарманди ҳамин театр буд. Аз саҳнаи ҳамин театр ба авҷи шуҳрат расид, соҳиби унвонҳои олӣ шуд, ордену медал гирифт ва шоистаи ҳар таърифу тавсиф гашт.
Ин ҳама муқаддиме буд, то шуморо ба мутолиаи китобе даъват кунем, ки ба тозагӣ вориди Китобхонаи миллӣ шудааст. Китоб “Аслӣ Бурҳонов” ном дорад ва муаллифи он яке аз шинохтатарин санъатшиносони кишвар, мунаққиди маъруфи театр Низом Нурҷонов аст.
Низом Нурҷонов низ худ зодаи Бухорост, аммо Бухорои замони Шӯравист. Вай 18-уми декабри соли 1923 таваллуд шудааст. Соли 1931 хонаводаи онҳо ба Сталинобод (Душанбеи ҳозира) кӯч бастанд. Дар ҳамин шаҳр мактаби ибтидоиро хондааст, дар макотиби олӣ таҳсил кардааст, аввалин асарҳои таҳлиливу интиқодиашро дар бораи санъат, театр, кино навиштааст. Ӯро падари илми санъатшиносӣ меноманд, ки бидуни шак шоистаи ин тавсиф аст.
Доктори илмҳои фалсафа Саъдулло Раҳимов боре дар бораи ӯ навишта буд, ки Нурҷонов ҳаргиз дунболи унвонҳои илмӣ набуд, гарчанде шумори мақолаву асарҳояш аз 850 адад беш аст.
Дар китоби “Аслӣ Бурҳонов” шумо хеле муфассал бо роҳи тайкардаи ҳунарманди маъруф ошно мешавед. Китоб аз 10 бахш иборат буда, дар поёни он хонандаро бо ҳама нақшҳои офаридаи ҳунарманд дар солҳои гуногун, шуруъ аз нақши пионер дар “Ҳуҷум”-и В.Ян дар театри Бухоро, то Низомуссалтана дар “Қиёми Лоҳутӣ”-и М.Атобоев дар театри Лоҳутӣ, аз образи Пӯлод Усмонов дар филми “Дар заставаи дур” (1940), то мӯйсафеди якум дар филми “Бандари ман” Мосфилм ва Бой дар филми “Рӯшноии ситораҳо” (1978), киностудияи Довженкоро дар бар мегирад.
Ҳамзамон бо ин хонанда хоҳад донист, ки Аслӣ Бурҳонов кай ва чӣ гуна ба офариниши мушкилтарин образ-Ленин камар баст ва чаро муваффақ шуд.
Ин китобро метавонед аз Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллӣ дастрас кунед.