Сухани имрӯз аз Аслӣ Бурҳон аст, яке аз маъруфтарин ҳунармандони садаи бисти тоҷик, шахсе, ки дар даҳҳо филм нақши мондагор офаридааст, нақши ҳунараш ҳамоно дар даҳҳо намоишномаи театри драмавии ба номи Лоҳутӣ барҷост.
Аз ӯ бо гузашти ҳудудан бист сол аз маргаш ҳамоно ёд мекунанд, номашро дар сутуни бузургмардони ҳунар, шахсоне, ки театр бо вуҷуди онҳо театр буд, менависанд. Даҳҳо тан аз маъруфтарин санъаткорон ӯро устоди худ медонанд ва ҳамеша номашро ба некӣ ба забон меронанд. Чун нек медонанд, ки наметавон бе номи ӯ таърихи 70 соли театр ва синамои кишварро навишт. Аслӣ Бурҳонов 8-уми январи соли 1915 дар шаҳри Бухоро дар хонаводаи қазикалон ба дунё омадааст.