Фарҳанг дар матбуоти ин ҳафтаи кишвар

Ҳафтаи ҷорӣ дар матбуоти кишвар силсилаи зиёди хабару мақолаҳои ҷолибу хонданӣ аз ҳаёти фарҳангии мамлакат интишор ёфтанд.

Ба истиқболи Рӯзи кинои тоҷик 16-уми октябр мақолаи доктори илми фалсафа, фарҳангшинос Саъдулло Раҳимов дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” бо номи “Синамо ойинаи миллат аст” чоп шудааст. Муаллиф аз ҷумла менависад: “Синамо аз ҳунарҳоест, зодаи тамаддуни пешқадам. Аммо бо сабаби пешрафти технологияҳои ҷадид ҳар қавму миллат, ки тамаддуни дар муқоиса начандон қадимӣ дорад, метавонад синамои худро дошта бошад. Дар фарҳанги кишварҳои номутараққӣ синамо вобаста аз ташаббуси фардҳои алоҳида ва ё гурӯҳи ташаббускор зуҳур мекунад. Дар кишварҳои мутараққӣ бошад, ин ҳунар ба ҳайси индустрия фаъолият дорад. Гоҳе чунин ба назар мерасад, ки ин кишварҳои синамоӣ дар мисоли Ҳолливуд ва Болливуд ҷаҳонро зери тасарруфи худ қарор додаанд. Ва, ба ин васила,  идеологияи хешро тарғиб менамоянд. Синамо қувваи бузургу таъсираш хеле амиқ. Баъзан он бидуни иродаи тамошобин ба ҷаҳони ботиниаш ворид шуда, ғолибан ба тариқи пасошуурӣ, ҷаҳонбинӣ, тарзи зист, олами равонӣ, ақида, завқу ҳаваси ӯро тағйир медиҳад. Хуб аст, агар ин таъсир тамоюли некбинӣ, инсондӯстӣ, покиву эътиқод ба арзишҳои волои башариро дошта бошад. Аммо, мусаллам аст, ки ин таъсир на ҳамеша тарзе ҳаст, ки мо интизор дорем. Пас, синамо дар мавриди ташаккули шахсияти инсон дастгоҳест хеле пуриқтидор. 

Ба андешаи ин муҳаққиқи синамо рушду нумӯи кино аз фарҳанги тамошогар низ вобастагӣ дорад. “Филми Муҳсин Махмалбоф “Салом, синамо!”, ки дар заминаи маводи мустанад таҳия шудааст, бе шак нишон дод, ки дар ҷаҳонӣ шудани синамои ҳар қавм хидмати тамошогараш хеле назаррас аст. Ин ба чӣ восита аст? Бо он ки тамошогар мебояд дорои маърифат бошад. На фақат дар соҳаи синамо, балки умуман инсони комил, аз дастовардҳои фарҳанги пешқадами ҷаҳон бохабар буданаш лозим. Ӯ маҳдудшуда дар фарҳанги як кӯча ва як маҳали алоҳида набояд бошад. Тамошобин бояд фармоишгар бошад, нисбат ба ҳама гуна асарҳои бадеӣ ва хоссатан ба синамои миллат... “,- менависад ӯ.

Бурҳониддин Каримзода мақолае бо номи “Муҳимтарин ихтирои башар китоб аст” дар  рӯзномаи “Садои мардум” чоп кардааст. Муаллиф аз  аз эълон гардидани соли 2019 “Душанбе ҳамчун пойтахти ҷаҳонии китоб дар миқёси узви ЮНЕСКО” гарм истиқбол намудааст.  

Нашрияҳои кишвар ҷашни Меҳргонро ба таври густарда пӯшиш додаанд.  Бахшида ба ин мақолаи ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Салимзода Амонулло Файзулло «Меҳргон таҷассумгари суннатҳои неки инсонӣ» 13-уми октябр дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” нашр гардидааст.

Мақолаи  Муҳиддин  Шоҳин, узви Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон  “Тоҷикам, бо Тоҷикистонам баланд”  дар бораи рӯзгор ва фаъолияти Ҳофизи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Душанбе Паллаев буда, он 19-уми октябр дар рӯзномаи “Адабиёт ва санъат” нашр гардид.

Ҳамчунин дар ин ҳафтавор мақолаи устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Иброҳим Усмон ва Муртазо Зайниддинов ба истиқболи 100-солагии профессор Воҳид Асрорӣ бо номи  “Устоди дарси ватандорӣ” нашр шудааст. Муаллифон дар бораи хизматҳои шоёни доктори илми филология, профессор, узви Иттифоқи нависандагони СССР (1956), Иттифоқи журналистони СССР, Ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистон устод Воҳид Мирашурович Асрорӣ муфассал нақл кардаанд.

Хонандагон муҳтарам метавонанд барои мутолиаи хабарҳои нави фарҳанги расонаҳои хабарии кишвар ба Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллӣ муроҷиат намоянд.

Зебуннисо Сафарова,
мутахассиси пешбари шуъбаи
адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар