Ёде аз Муқаддас Набиева дар 70-умин солгарди умраш

 

 Муқаддас Набиева – овозхони маъруф ва яке аз маҳбубтарин ҳунармандони кишвар аз солҳои 70-и асри гузашта то ба имрӯз аст. Шояд ҳеч сарояндаи эстрада дар Тоҷикистон маҳбубияти ӯро надошта бошад. Хеле ҷавон рафт ва риштаи ҳаёташ фоҷеавӣ канда шуд. Аз рӯзи маргаш, ки инак 41 сол мегузарад, ҳамоно реҳлати фоҷеабораш муаммост. То кунун даҳҳо мақолаҳо навишта шудаанд, таҳқиқотҳои журналистӣ анҷом шудаанд, вале ба суоли аслии сабаби фоҷеа ҷавоби қотеъ дода нашуд. Зарфи ин ду-се соли охир ҳатто аз муаммоҳои ҳаёти шахсии ӯ, ишқи ӯ, маҳорати ҳунариву  касбиаш даҳҳо мақолаву мусоҳибаҳо нашр шуданд. Аммо боз ҳам хонанда дар бораи ӯ зиёд донистан мехоҳад.

Муқаддас Набиева, ин нобиғаи эстрадаи тоҷик агар дар ҳаёт мебуд, имрӯз, 7 январ ба синни мубораки 70 медаромад. Дардеву дареғо, ки бармаҳал рафт ва шефтагони ҳунарашро дар сӯг нишонд.

Муқаддас  Набиева  7.1.1950, дар р-ни Фархори Ҷумҳурии Тоҷикистон дида ба олам кушодааст. Сарояндаи тоҷик (сопранои лирикӣ). Артисти Хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон (1977). Аз соли 1960 тарбиятгари мактабинтернати № 10 ш. Душанбе. Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистонро хатм намудааст (1972).

Тренери мактаби ибтидоии варзиши ноҳияи Фархор (солҳои 1972-1974) буд. Дар баробари ин иштирокчии дастаи ҳаваскорони санъати Хонаи маданияти ноҳияи Фархор ба шумор мерафт.

 Аз соли 1974 саряндаи якахони Ансамбли эстрадии «Гулшан». Завқи санъаткориро аз хурдӣ дар замини худ парварида, сипас дар маҳфилҳои ҳаваскорони санъат такмил додааст. Ў услуби хоси саряндагӣ дошт, ки бештар ба ҳавою оҳангҳои халқӣ наздик буд. Санъати мусиқии халқи санъати ўро бештар сайқал дода, дар мудатти кўтоҳе бо лаёқату услуби хосааш маҳбуби мардум гардонид. Муқаддас Набиева дар ҳунари сарояндагӣ, махсусан, дар мусиқии эстрадии тоҷик роҳи наву сабки хосаи сурудхонӣ кушод. Сурудҳои иҷрокардаи ў бо форамию салосат ва зарбу оҳани дилнишин дар хотири сомеон нақш мебастанд.

Дар фонди мусиқии радиои тоҷик қариб 50 суруди Набиева Муқаддас маҳфуз аст, ки беҳтаринҳояшон инҳоянд: «Кўи ту» (шеъри Авҳадӣ), «Хуршеди ҳаёт» (Ҳилолӣ), «Нури ман» (Ҷалолиддин Рўмӣ), «Шарораи хотираҳо» (халқӣ), «Боди сабо» (Махфӣ), «Садои дил» (А. Сидқӣ), «Ба ишқат интизорам» (Гулрухсор), «Дили зорам» (халқӣ), «Муҳаббат нест бе оташ» (С. Маъмур), сурудҳои русии «Надежда» армании «Суруди ман», турки, қирғизӣ ва ғайра мебошанд. Ба Фаронса (соли 1975) ва Республикаи халқии Лаҳистон (соли 1977) сафари ҳунарӣ кардааст. Дар Даҳаҳои адабиёт ва санъти тоҷик дар ҷумҳуриҳои бародарии Эстония (1975) ва Қирғизистон (1976) ширкат варзидааст.

ХХХ   ХХХ   ХХХ

Ин суруди аввалини ў буд…

 Оре, суруди аввалин баъд аз он, ки ба дастаи эстрадии «Гулшан» ба кор қабул шуд… Муқаддасро дар «Бўстон”-и 1 шинохтаанд, аз истеъдодаш, аз овози нотакрораш бохабар шуданду ба кор даъват намуданд.

 Ҳарчанде, ки ў донишкадаи тарбияи ҷисмонии пойтахтро хатм карда бошад ҳам, бо шавқи том, бо меҳри беандоза ба олами сеҳрангези санъат дил дода буд. Ва пайваста меомўхту суруд мехонд. Таронаҳои халқиро хуб медонист.

Дар давоми чор-панҷ соли кориаш дар «Гулшан» роҳи худро ёфт.

            Гоҳе ба шавқу завқ меомаданд, гоҳе ба андеша мерафтанд. Охир, сурудҳои халқии Муқаддас гоҳе дилҳоро ба шўр меоварду гоҳе аз табиати рангини диёр, аз часмасорони зулол, аз хониши булбулон, аз ёри меҳрубони чашминтизор ёдовар мешуд. Акнун сурудҳои у ба дуриҳо парвоз мекард. Сурудҳои халқии тоҷикро дар иҷрои ў дар Лоҳистону Фаронса шунида шефтаи ҳунараш мегарданд… Пас аз сафараш ба номи ў номаҳои зиёд меоянд.

 Номаҳои пурмеҳр, пурэҳсос, дўстона… Як ҷавон ба номи Калеар Маршо аз Фаронса чунин навиштааст, Сурудҳои зебои Шумо то ба ҳол дар гўшам садо медиҳад. Мо ба шарофати Шумо созу оҳангҳои зебои тоҷикиро ба ёд хоҳем дошт.

  Таронаҳои Шумо, албатта рўзе моро ба тамошои Ватани Шумо хоҳад бурд.

Бо истифода аз маводи матбуот ва энсиклопедия таҳияи Бунафша АБДУРАҲИМОВА, мутахассиси шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар

Дар бораи Муқаддас Набиева дар Китобхонаи миллӣ боз ин матолибро ҳам метавонед мутолиа намоед:

Кенҷаева, Л. Суруди Муқаддас // Тоҷикистони советӣ. – 1978. – 15 январ.

Самадов, А., Насрулло, К. Суруди хеш: Ба ёдбуди Артисткаи хизматнишондодаи республика Муқаддас Набиева // Тоҷикистони советӣ. – 1980. – 3 август.

Қосимов, Н. Суруди Муқаддас: Андешаҳое, ки бо басо таъхир рўи қоғаз омадаанд //  Комсомоли Тоҷикистон. – 1981. – 6 май.

Қосимов, Н. Суруди Муқаддас: Хотираи Артистикаи хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон М. Набиева // Комсомоли Тоҷикистон. – 1981. – 7 май.

Саидов, А. Шарораи  хотираҳо:  Дар бораи  тақдири  сурудҳои Артисткаи хизмаднишондодаи республика М. Набиева // Маданияти Тоҷикистон. – 1982. – 23 июл.

Салимов, М. Модари Муқаддас: Дар меҳмонии модари  Артистикаи  хизматнишондодаи республика Муқаддас Набиева // Роҳи ленинӣ. – 1986. – 6 сентябр.

Латофат. «Шарораи хотираҳо»: Хотираҳо аз ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Муқадас Набиева // Комсомоли Тоҷикистон. – 1987. – 7 октябр.

Маҷид, С. Агар аз ту ёд ояд…: Ёдбуди Артисткаи хизматнишондодаи  республика  Муқаддас Набиева // Роҳи ленинӣ. –1988. –13 май.

Нуралиев, М.  Музеи Муқаддас:  Дар мактаби миёнаи №2-и райони Фархор музеи Артисткаи хизматнишондодаи  Тоҷикистон  шодравон Муқаддас Набиева  ташкил ёфт // Адабиёт ва санъат. – 1989. – 19 январ.

Латофат.  Шарораи  хотираҳо:  Ба хотираи  Артисткаи  шоистаи  республика шодравон  Муқаддас  Набиева мақом бо расмаш // Адабиёт ва санъат. – 1989. – 11 май.

Латофат.  Баҳори дил:   Дар бораи шодравон Муқаддас  Набиева //   Омўзгор. – 1989. – 3 октябр.

Ҷалолов, С.  Шарораи хотираҳо:  Дар шаҳраки Фархор ҷашне ба шарафи зодрўзи  Артисткаи  хизматнишондодаи республика шодравон   Муқаддас  Набиева  доир гашт // Тоҷикистони советӣ. – 1990. – 21 январ.

Ҳақназар, Н. Ба ёди  Муқаддас: Муқаддас Набиева // Адабиёт ва санъат. – 2010. – 7 январ. 

Нозир, О.  Асрори  марг ва ишқи пинҳонии Муқаддас  Набиева // Оила. – 2018. – 19 сентябр.

 Шарораҳои хиёнат:  Ёде аз овозхони ансамбли эстрадии “Гулшан”  Муқаддас Набиева / Таҳияи Н. Шоҳинбод // Имрўз News. – 2019. – 11 июн.

Таҳияи  Бибишарифа Содиқзода

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ