​Дар бораи Забони давлатӣ чиро бояд донист?

Забони давлатӣ, мақоми расмие, ки давлат ба як ё якчанд забони маъмули серистеъмоли мамакат медиҳад. Чунин мақом ба зимаи аҳолӣ, шахсони мансабдор, инчунин мақомот ва ташкилоту муассисаҳо ҷиҳати татбиқ ва истифодаи он уҳдадориҳои муайян мегузорад. Ба Забони давлатӣ коргузорӣ дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ сурат мегирад, қонунҳо нашр мешаванд, интихоботу райъпурсӣ баргузор мегардад ва ғайра. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатӣ забони тоҷикӣ аст (Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 2). Дар  Федератсияи Руссия забони давлатӣ забони русӣ аст, вале субъектҳои ҳуқуқ доранд, ки дар ҳудуди худ дар баробари забони русӣ дигар забонҳои халқҳои Руссияро низ Забони давлатӣ эълон намоянд.

Эътироф ё инкори мақоми давлатӣ пайдо кардани забонҳои миллӣ яке аз масъалаҳои баҳсноки рушди онҳост. Намояндагони ғояи либералӣ инкишофи озоду мутаносиби тамоми забонҳоро таъкид намоянд ҳам, мақоми давлатӣ пайдо кардани онҳоро амали мусбат намешуморанд. Ҷараёнҳои консервативӣ ва сотсиалистӣ низ дар чунин мавқеъ қарор гирифтаанд. Масалан, В.И.Ленин зарурати мақоми давлатӣ доштани забонҳои миллиро чандон намепазируфт. Ба андешаи ў ҳар барасмиятдарории забонҳои аксарияти миллӣ боиси маҳдуд кардани рушди забонҳои дигари хурдтар ва заифтар мегардад. Мақоми давлатии забонҳои миллиро бештар муҳаққиқон ва сиёсатмадороне ҷонибдорӣ менамоянд, ки манфиатҳои аксарияти миллӣ ва ё ҳаракатҳои милиро ҳимоя мекунанд.

Дар замони шўравӣ забони русӣ дар муносибатҳои байниҳамдигарии намояндагони умумиятҳои миллию этникӣ нақши асосӣ дошт. Он ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиро фаро гирифта, забони расмии маҷлису машваратҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ ва шаҳру ноҳияҳо буд. Ҳарчанд забони тоҷикӣ забони аксарияти аҳолӣ буд, дар соҳаҳои ҷамъиятию сиёсӣ, истеҳсолот, хидматрасонӣ, ВАО нақши асосӣ надошт. Ҳатто дар соҳаи маориф, алалхусус дар мактабҳои олӣ, миёнаи махсус ва омўзишгоҳҳо, забони русӣ мақоми аввал дошт. Дар натиҷаи маҳдуд гаштани истифодаи забои тоҷикӣ дар байни доираи муяйни тоҷикон асосан ҷавонони шаҳрӣ, нигилизми забонӣ – инкори зарурати донистани забони тоҷикӣ густариш ёфт. Дар охири солҳои 80 ва ибтидои солҳои 90 асри 20 аксари аҳолии таҳҷоӣ зарурати тағйир додани сиёсати забониро дар Тоҷикистон хуб дарк кард. Дар гирдиҳамоиҳои ғайрирасмии феврал – марти 1989 дар майдони ба номи В. И. Ленини ш. Душанбе зиёиён ва донишҷўён талаби қабул кардани қонунеро пеш гузоштанд, ки ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ диҳад. Як қисми аҳолии русзабон низ чунин талаби зиёиёни тоҷикро қонунӣ шумурданд. Ҳамон сол Қонуни ҶШС Тоҷикистон «Дар бораи забон» (1989) қабул шуд, ки ба забони тоҷикӣ ҳамчун забони аксарият мақоми давлатӣ дод.

Дар бештари мавридҳо забони расмӣ бо забони давлатӣ ҳаммаъно дониста мешавад, дар ҳоле ки онҳо ба ҳам наздик бошанд ҳам, як маъноро ифода намекунанд. Доираи фаъолияти забони расмӣ нисбат ба забони давлатӣ маҳдудтар аст. Яке аз хусусиятҳои забони давлатӣ, ки бо давлатдории миллӣ алоқаи зич дорад, истифода гадидани он ба сифати рамзи давлатӣ мебошад.

Боз чоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2017. Ҷ.6. – С. 502.

Муаллиф: Г. Зокиров.

Дар бораи забони давлатӣ дар Китобхонаи миллӣ боз ин матолибро ҳам метавон хонд:

Раҳмон, Э. Забони давлатӣ ва истиқлол: Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба забон. – Душанбе: Таъминотчи, 2018. – 228 с.

Қосимова, Ш. Забони давлатӣ, тоҷикӣ. – Душанбе, 2010. – 143 с.

Маҳкамов, С., Қосимова, Ш. Забони давлатӣ: Тоҷикӣ. – Душанбе: Офист, 2008. – 128 с.

Саломов, М. Забони давлатӣ. – Душанбе: Маориф, 2018. – 128 с.

Таҳияи Аниса Набиева

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.