Ғазолии Машҳадӣ кӣ буд?
Ғазолии Машҳадӣ, Машҳад 1574, Сарпечи Аҳмадободи Гуҷарот), шоири форсизабони Ҳинд. Аз нахустин маликушшуароҳои дарбори Темуриёни Ҳинд (асри 16). Илмҳои гуногуни замонашро дар зодгоҳаш фаро гирифта, баъдан ба Қазвин сафар кард. Дар урудгоҳи Шоҳ Таҳмоспи Сафавӣ ба хидмат даромада, маснавии “Нақши бадеъ”-ро (иборат аз ҳазор байт) ба Шоҳ Таҳмосии Сафавӣ бахшид ва дар баробари ҳар байт як сиккаи зар сила гирифт.
Аз сабаби таъқиботи динӣ ба Ҳиндустон фирор намуда, чанде дар Дакан зиндагӣ кардааст. Баъдан ба даъвати Хонзамон Алиқулихони шайбонӣ ба Ҷонпур рафта, аз мулозимони ў гардид. Вақте Хонзамон ба сабаби саркашиву нофармонӣ нисбат ба Акбар подшоҳ (1556-1605) ба қатл расонида шуд, Ғазолии Машҳадӣ ба силки (сафи) шоирони дарбори Акбар пайваст.Ў бо донишу фазилат ва маҳорати баланди шоирии худ шаш соли охири ҳаёташро дар дарбори Акбар гузаронд ва дар ин муддат ба мартабаи маликушшуароӣ расид. Барои теззабонӣ ва беэътиноӣ нисбат ба аҳли чоҳ таъқиб ва оқибат кушта шуд.
Ғазолии Машҳадӣ ғазалсарои машҳури замонаш буд. Мазмуни ғазалҳояш бештар ирфонӣ буда, дар онҳо панду насиҳат мақоми хос доранд. Тибқи иттилои муаллифи “Ойини Акбарӣ” Абдулфазли Аломӣ, “Ба баландфаҳмӣ ва шевозабонӣ тарози яктоӣ дошт”. Дар назму наср таълифоти зиёде доштааст. Ба қавли соҳиби “Маҷмаъу-л-ҳавос”, Ғазолии Машҳадӣ шонздаҳ ҷилд китоб тасниф кардааст. Соҳиби “Табақоти Акбарӣ” Хоҷа Низомуддин Аҳмад чанд китоб, маснавӣ ва девони шеър доштанашро хабар дода, навиштааст, ки “куллиёти ўро қариб сад ҳазор байт мегўянд”. Амин Аҳмади Розӣ теъдоди ғазалиёту қассоиду маснавиҳои ўро баробар ба ҳафтод ҳазор байт нишон додааст. Абдулқодири Бадоунӣ дар “Мунтахабу-т-таворих” қайд намудааст, ки ў оқибати чиҳил-панҷоҳ ҳазор байт аст. Аз осори ў “Асрору-л-мадакут”, “Рашаҳоти оби ҳаёт”, “Миръоту-л-коинот” (дар наср), “Миръоту-с-сифот”, “Қудрати осор”, “Машҳади анвор” (дар назм) то замони мо расидаанд.
Нусхаҳои қадимаи маснавии “Нақши бадеъ” (дар ирфон, ки дар пайравии “Маҳзану-л-асрор”-и Низомии Ганҷавӣ)-и Ғазолии Машҳадӣ дар Китобхонаи Порис ва Китобхонаи шахсии Муҳаммадшафеъ дар Лоҳур нигаҳдорӣ мешаванд. Маснавии “Ошиқу маъшуқ”-ро ба ҳукмрони давр Акбар бахшидааст. “Туҳфату-л-ушшоқ (нусхаи маҳфузм он дар Китобхонаи Донишгоҳи Панҷоб), “Куллиёт” (иборат аз панҷоҳ то сад ҳазор байт)-и ў боқист.
- Куллиёти ў, ки имрўз (2017) дар Китобхонаи Музейи Британия маҳфуз аст, осори зеринро дар бар мегирад;
- Ғазалҳое, ки ба истиқбол аз бист ғазали Ҳасани Деҳлавӣ навишта шудаанд, бо муқаддимаи хурди Ғазолии Машҳадӣ;
- Маҷмўаи чанд қасида “Ганҷи Акбарӣ” (дар ситоиши Акбар);
- Девони “Осору-ш-шабоб”, иборат аз таркиббандаҳо, тарҷеъбандаҳо, ғазалиёт, маснавӣ, қитъа ва рубоиёт Ғазолии Машҳадӣ ин девонро соли 1558 бо номи Ҷамолуддин Муҳаммади Акбар ба Китобхонаи шоҳӣ тақдим намуда буд;
- “Асрори мактум”-маснавӣ дар ишқи ирфонӣ;
- Маҷмўаи “Суннату-ш-шуаро”-иборат аз қасидаи ситоишӣ дар ҳаққи Шоҳ Таҳмоспи Сифавӣ, дар мадҳи Хонзамону амирони дигари Ҳинд;
- Маснавии “Нақши бадеъ”-дар ҳикмат ва ирфон;
- Маснавӣ дар замми яке аз олимони дин, ки фатво ба бадмазҳабии Ғазолии Машҳадӣ дода буд;
- Маснавӣ дар замми Киличхон, мутахаллис ба Улфатӣ-яке аз амирони аҳди Акбар;
- Маҷмўаи “Оинаи хаёл”-иборат аз ғазалиёт, қитъаҳо ва рубоиёт.
Намунае аз эҷодиёти Ғазолии Машҳадӣ:
Аз базми тараб бодагусорон ҳама рафтанд,
Мо бо кӣ нишинем, чу ёрон ҳама рафтанд.
На Кўҳкани бесарупо монд, на Маҷнун,
Аз кўи ҷунун силсиладорон ҳама рафтанд.
Бархез, ки мондем дар ин роҳ пиёда,
Роҳест хатарноку саворон ҳама рафтанд.
З-ин шаҳр шаҳидони ту бо гиряи ҷонсўз
Мотамзада чун абри баҳорон ҳама рафтанд.
Аз дасти ғамат бесарупоён ҳама мурданд,
Бо доғи вафо синафигорон ҳама рафтанд.
Бар ҳалқаи зулфи ту чу диданд гиреҳро,
Аз силки хирад субҳашуморон ҳама рафтанд.
З-он тўтии табъи ту хамўш аст, Ғазолӣ,
К-оинадилон, нуқтагузорон ҳама рафтанд.
Бозчоп аз “Энсиклопедияи миллии тоҷик”. – Душанбе: Адиб, 2017. – С. 26.
Муаллиф М. Диловаров
Таҳияи Бибикубрия Қурбонова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ