Абулқосим Маҳмуд ибни Умар (1075, Замахшар, Хоразм – 1144, Гурганҷ), мулаққаб ба Ҷоруллоҳ ва Фахри Хоразм, мутакаллими муътазилӣ, фақеҳи ҳанафӣ, забоншинос (наҳвӣ) шоир ва муфассир. Таҳсилоти ибтидоиро дар Хоразм, дар назди падар ва дигар олимони диёри худ – Абумузар ибни Ҷарир аз-Заббии Наҳвии Исфаҳонӣ, Алӣ ибни Музаффари Нишопурӣ, Шайхулислом Абумансур Насри Ҳорисӣ, Абусаъид Шаққонӣ ва дигарон фаро гирифтааст.
Замахшарӣ аз муътазилиён, ки бинобар таъқиби Аббосиён ба Хоразм паноҳ бурда буданд, мазҳаби эътизолро омўхт ва дар муддати андаке яке аз бузургтарин намояндагони ин мактаб гардид. Лақаби «Ҷоруллоҳ» («Ҳамсояи хонаи Худо»)-ро бинобар муддати зиёд дар канори Қаъба буданаш ба ў додаанд.
Дар овони кўдакӣ пои шикастаашро бурида, ба ҷои он пои чўбин насб карда буданд. Падари Замахшарӣ хост, ки ў касби дўзандагиро омўзад ва аз ин роҳ рўз гузаронад, вале Замахшарӣ ба Гурганҷ рафт. Ба туфайли хатти зебои худ тавонист дар Гурганҷ зиндагиашро пеш барад. Дар ин ҷо устодаш аз -Заббӣ на танҳо сарфу наҳв ва адабиёти арабиро ба ў омўзонд, балки ўро аз ҷиҳати моддӣ низ дастгирӣ намуд. Замахшарӣ аз ал - Хайётӣ илми фиқҳ, аз Рукнуддин Маҳмуд ал-Усулӣ ва Абумансур илоҳиётро омўхт, вале баъдтар ду устоди охираш шогирди ў дар илми тафсир шуданд.
Замахшарӣ то синни беш аз чилсолагӣ бо подшоҳону вазирон ва аҳли дарбори Хоразмшоҳиён муошират дошт. Соли 1118 Замахшарӣ бемории хатарнокеро аз сар гузаронида, баъди ин тарзи ҳаёташро дигар кард; ба гўшанишинӣ ва зуҳду тақво пардохта, ба дастгўии шогирдон ва фаъолияти адабӣ машғул шуд.
Ду бор ба ҳаҷ рафта, ҳар дафъа муддати чанд сол дар Макка ва Мадина иқомат кард. Дар бозгашт аз Бағдод ва Димишқ ва дигар шаҳрҳо дидан карда, бо донишмандони забардасти он даврон (Домғонӣ, Ибн аш-Шаҷарӣ, ал-Ҷаволиқӣ) мулоқоту баҳсҳои илмӣ доир кард. Чандаке аз забоншиносону адибон ва мутакаллимони шаҳрҳои Мовароунаҳру Хуросон шогирдони Замахшарӣ буданд: Абулмуайд ал-Муваффақ ибни Аҳмади Маккӣ (мулаққаб ба «Беҳтарин хатиби Хоразм») Абдураҳим ибни Умари Тарҷумонӣ, Муҳаммад ибни Абулқосим Байҷуки Баққолӣ ва дигарон.
Аз ў осори арзишманде боқӣ мондааст. Дар «Донишномаи адаби форсӣ» 41, «Райҳонату– л- адаб» 38, «Муъҷаму- л- удабо» 49 ва дар “Ал - Масоилу-л-эътизолия фӣ тафсири-л-Кашшоф ли-з-Замахшарӣ» 45 асари Замахшарӣ қайд шудаанд. Маъруфтарин асари Замахшарӣ тафсири «Ал-Кашоф» мебошад.
Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе. – 2017. – Ҷ.6. – С. 623-624.
Муаллиф: М.Сироҷиддинзода
Таҳияи Парвина Қаюмова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.