Ғумай, ғумой, ғумо, ҷуворикаҳак (Sorghum halepense), як навъ рустании бисёрсола. Решааш сафеди сербуғум, ба хок 60–80 см чуқур меравад. Пояаш рост (то 2 м қад мекашад), баргаш дароз (20–60 см), паҳн (5 см), нўгтез ва дурушт. Гулаш дуҷинса, хўшааш сердон (то 2–4 ҳазор), донаш дорчинӣ, бо пулакчаҳо пўшида шудааст (то 4 сол қобилияти сабзиш дорад).
Ғумай рустании гармипарвар аст. Моҳҳои май – ноябр гул карда, донаш мепазад. Ғумай дар Ҳиндустон, кишварҳои баҳри Миёназамин, Хитой, Қафқоз, Қрим, Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, мерўяд. Алафи бегонаи пахтазор, замини юнучқа ва гандуму ҷав аст.
Заминҳое, ки ғумай пахш кардааст, камҳосил мешаванд. Баргу пояи сабзи Ғумай хўроки хуби чорвост. Аз он силоси хушсифат тайёр мекунанд.
Дар таркиби хошоки Ғумай протеин (11,5%), сафеда (10,2%), равған (2,3%), клетчатка (45, 9%) ва моддаҳои қиёмии бенитроген (32,4%), дар таркиби решааш оҳар (27%), қанд (13%) ва гликозиди дуррин мавҷуд аст.
Табибони гузашта бо Ғумай бемории сифилисро табобат мекарданд. Дар тибби халқӣ бехи он барои манъ кардани хунравӣ, муолиҷаи тарбод, бемории оташак, ниқрис, невралгия истифода мешавад. Нақеи дони ҷуворикаҳак давои хуби пешоброн аст.
Муаллиф: Мадаминов А.
Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2017. – Ҷ.5. – С. 137.
Таҳияи Бибишарифа Содиқзода
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.