Шоири халқии Тоҷикистон Сайидалӣ Маъмур
Сайидалӣ Маъмур – шоири шинохтаи тоҷик, барандаи Ҷоизаи Созмони ҷавонони Тоҷикистон (1978), Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон ду рӯз баъд ба синни мубораки 75 қадам мениҳад. Сайидалӣ Маъмур аз зумраи маъруфтарин қаламкашони муосири тоҷик ва муаллифи шеъру достонҳо ва китобҳои зиёди хонданӣ мебошад. Дар муаррифиномаи Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон дар бораи ӯ мехонем:
САЙИДАЛӢ МАЪМУР 28 декабри соли 1944 дар деҳаи Яккабоғи ноҳияи Истаравшан ба ҷаҳон омадааст. Соли 1966 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро ба итмом расонда, дар Радиои тоҷик, рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» («Ҷавонони Тоҷикистон»), Бюрои тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ кор кардааст. Солиёне муовини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Маданияти Тоҷикистон» («Адабиёт ва санъат»), раиси Хазинаи адабиёт, сармуҳаррир ва ҷонишини директори Нашриёти «Адиб» будааст. Ҳоло мудири Шӯрои назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.
Офаридаҳояш аз соли 1963 чоп шуда, дар адабиёти муосир мақоми шоиста пайдо кардаанд. Муаллифи маҷмӯаҳои шеърии «Заврақи умед» (1967), «Савганд» (1972), «Ҳамсолон» (1974), «Рози дарё» (1977), «Меҳвар» (1980), «Толеъ» (1981), «Рӯҳи баланд» (1983), «Офтоби дил» (1986), «Решапайванд» (1989), «Чашми ситора» (ба ҳуруфи форсӣ, 1990), «Солгиреҳ» (1994), «Гарди Офтоб» (1994), «Шохаи шикаста» (1998), «Овои мурғи шабовез» (2000), «Оташи меросӣ» (2002), «Назаргоҳи дил» (2003), «Чорзарб» (2003), «Офтобгардон» (2007), «Пойизи сабз» (2011), «Ситорашукуф» (2011), «Давлати дидор» (2014) аст.
Маҷмӯаҳои «Сӯзанак» (1985), «Навоҳои Гулдара» (1988), «Карчи харбуза» (1993), «Анӯшаҷони ҷони мо» (2004) ва «Алвончак» (2013) ашъори барои бачагон офаридаашро фаро гирифтаанд.
Маҷмӯаи мақола, тақриз ва сафарномаҳояш бо номи «Сухан аз дӯстон ва устодон» соли 2007 нашр шуда, бахшида ба ҳаёт ва эҷодиёташ китоби дастҷамъии «Одам ба одам зинда аст» соли 2004 ба табъ расидааст.
Ашъори ба русӣ тарҷумашудааш дар маҷмӯаҳои «Жажда» (Маскав, 1977), «Зелёные ветры» (Маскав, 1982), «Берег сердца» (Маскав, 1987), «Середина лета» (Душанбе, 1987), «Сейсмограф сердца» (Маскав, 1990), «Четыре времени любви» (Душанбе, 1992), «Газель сердца» (Маскав, 1994) ба табъ расидаанд.
Китобҳои Т. Зумакулова «Ширмаҳтоб». А. Орифов «Ихлос», А. Оғобоев «Акси садо», Р. Бородулин «Ситораи дидор», Л. Шипахина «Ёдгори шаб», А. Атабоев «Як шоха гул», баёзи шеъри «Сози муғул», «Созҳои бародарӣ» ва намунаҳое аз ашъори Г. Лорка, И. Анненский, Я. Полонский ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.
Шеърҳояш ба бисёр забонҳои мардуми шӯравӣ ва дунё тарҷума ва чоп шудаанд. Маҷмӯаҳои алоҳидааш «Турналар» (1991), «Қуёш фарзанди» (2009) ва «Лаҳзаҳои ҷовид» (2009) ба забонҳои ӯзбекӣ ва белорусӣ чоп шудаанд.
Соли 2009 «Гулчини ашъор»-аш ба ҳуруфи форсӣ чоп шуда, шеърҳои алоҳидааш дар маҷмӯаҳои дастҷамъӣ ва матбуоти даврии Эрону Афғонистон борҳо мунташир гардидаанд.
Барандаи Ҷоизаи Созмони ҷавонони Тоҷикистон (1978), Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1996), Корманди шоистаи Тоҷикистон (1997), Шоири халқии Тоҷикистон (2003).
Бо Ифтихорномаҳои Шӯроҳои Олии Тоҷикистон ва Белоруссия мукофотонида шудааст.
Аз соли 1972 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Аз Сайдалӣ Маъмур ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ ин матолибро ҳам метавонед мутолиа кунед:
Савганд: Маҷмўаи шеърҳо / Муҳарир Қ. Киром. – Душанбе: Ирфон, 1972. – 70 с.
Боз дар танҳоӣ ёдат мекунам: Шеър // Меҳвар. – Душанбе, 1980. – С. 58-59.
Меҳвар: Шеърҳо. – Душанбе: Ирфон, 1980. – 80 с.
Бузургӣ: Шеър ба Мирзо Турсунзода // Дар ошёни дилҳо. – Душанбе, 1981. – С. 66.
Толеъ: Маҷмўаи шеърҳо барои бачагони сини миёна ва калони мактабӣ.
Рўҳи баланд: Маҷмўаи шеърҳо. – Душанбе: Ирфон, 1983. – 176 с.
Навоҳои гулдара: Шеърҳо. – Душанбе: Адиб, 1988. – 16 с.
Решапайванд: Маҷмуаи шеърҳо, баллада ва достонхо. – Душанбе: Адиб, 1989. – 288 с.
Арманистон; Ҳамрози Фарҳод; Севан; Зинаҳо; Рози дарё: Шеърҳо // Дасти дўст. – Душанбе, 1989. – С. 14-19.
Дарвоз; Суруди Рухшона; Рубоёт: Шеърҳо // Адабиёт ва санъат. – 2003. – 19 сентябр.
Рубоиҳо; Ироқ; Дубайтиҳо // Адабиёт ва санъат. – 2005. – 15 декабр.
Тоҷики ба ному Тоҷикистон дорам: Рубоёт // Адабиёт ва санъат. – 2009. – 30 апрел.
Шаҳчанор: Шеър бахшида ба ёдбуди устод Боқӣ Раҳимзода // Адабиёт ва санъат. – 2010. – 13 май.
Ватанам: Шеър // Адабиёт ва санъат. – 2010. – 26 август. – С.1.
Ахтари ман; Тавлиди дигар; Дар ёди фарзандон; Рубоёт; Гулҳаваси сухан; Умед: Шеърҳо // Садои Шарқ. – 2011. – №1. – С. 3- 6.
Модар варо набахш: Шеър // Адабиёт ва санъат. – 2016. – 3 март.
Гулшукуфти армонҳо: Шеърҳо // Адабиёт ва санъат. – 2018. – 27 сентябр.
Эй дўст биё: Шеър // Садои Шарқ. – 2018. – №11. – С. 70.
Суруди Ваҳдат: Шеър // Адабиёт ва санъат. – 2019. – 11 июл.
Дар бораи Сайдалӣ Маъмур
Иброҳим, И. Ашъор содаву маънӣ тоза: Сухане чанд оиди ашъори Сайдалӣ Маъмур // Адабиёт ва санъат. – 1993. – 2 июл.
Назир, У. Маънии ашъори шоир: Ба муносибати 50- солагии зодрўзи шоири ширинкалом Сайдалӣ Маъмур // Садои мардум. – 1995. – 4 феврал.
Маъмур, С. Шеъри ман сарномаи ҳоли ман аст: Мусоҳибаи рузноманигор В. Баёнӣ бо Шоири халқии Тоҷикистон барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдулло Рўдакӣ Сайдалӣ Маъмур // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2014. – 18 декабр.
Салим, М. Рози дарахти сабз: Роҷеъ ба ашъори Сайдалӣ Маъмур // Ҷумҳурият. – 2014. – 25 декабр.
Сабурӣ, М. Борони сабз дар майсазори шеър: Роҷеъ ба ашъори Шоири халқии Тоҷикистон Сайдалӣ маъмур // Адабиёт ва санъат. – 2018. – 11 январ.
Таҳияи Баргигул Наботова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.