Саду бист сол пеш дар Самарқанди бостонӣ адиби хушзавқ, тарҷумони чирадаст Ҳасан Ирфон дида ба олам кушод. Чилу ҳафт сол аст, ки аз ҷамъи мо рафта, вале ҳамоно ному ёдош боқист. Муаллифи романи маъруфи «Дар кулбаи косибон» ва қиссаи «Ду ёр аз ду диёр» мебошад, ки имрӯз маъруфияти худро гум накардаанд. Вале Ҳасан Ирфон бештар ба тарҷума машғул шудаву беҳтарин асарҳои адибони оламро баргардон кардааст.
(1964) Ҳасан Ирфон 22 марти соли 1900 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Дар мадраса ва мактаби усули нав таҳсил карда, Курси дусолаи ҳисобдории Петроградро ба итмом расондааст. Соли 1919 дар идораи моҳномаи «Шуълаи инқилоб» тарҷумон будааст. Баъдан раиси корхонаи абрешим, тарҷумони Кумиҷроияи вилояти Самарқанд, раиси чопхонаи Комиссариати халқии заминдории Ўзбекистон, муаллими забони форсии Донишгоҳи давлатии Самарқанд будааст. Сипас дар колхозу корхонаҳои гуногун фаъолият намуда, соли 1960 ба нафақа баромада, то охири умраш ба кори эҷодӣ машғул гардидааст.
Муаллифи романи маъруфи «Дар кулбаи косибон» (1963) ва қиссаи «Ду ёр аз ду диёр» (1964) мебошад, ки аз ҳар ҷиҳат мумтозу ҷолибанд. Романи «Дар кулбаи косибон» соли 1970 аз тариқи нашриёти «Советский писатель» (Маскав) ба забони русӣ нашр шудааст.
Фаъолияти эҷодияш ба аввали солҳои сиюми асри гузашта рост меояд. Тарҷумаи сегонаи М. Горкий «Бачагӣ», «Дар байни мардум», «Университетҳои ман», қиссаи А. Толстой «Ғалла», Б. Полевой «Достони марди ҳақиқӣ», Н. Чернишевский «Чӣ бояд кард?», С. Бородин «Ситораҳо дар осмони Самарқанд» ва ғайра ба қалами ў тааллуқ доранд.
Осори алоҳидаи Г. Севунц «Теҳрон», Д. Дефо «Робинзон Крузо», Жюл Верн «Бачагони капитан Грант», Р. Ҷованоли «Спартак», Р. Такур «Завол» ва дигар адибони машҳури оламро ба тоҷикӣ гардондааст.
Соли 1961 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст. 22 июни соли соли 1973 аз олам дар гузашт.
Бозчоп аз «Адибони Тоҷикистон». – Душанбе: Адиб, 2014. – С. 96.
Аз Ҳасан Ирфон дар Китобхонаи миллӣ ба ҷуз тарҷумаҳояш, ки зикрашон дар боло рафт, боз ин матолибро ҳам метавонед бихонед:
Ду ёр аз ду диёр. – Душанбе: Нашдавтоҷик, 1962. – 165 с.
Дар кулбаи косибон. – Душанбе: Ирфон, 1964. – 414 с.
Зарби нештар: Ҳикоя // Садои Шарқ. – 1987. – №6. – С. 27-33.
Таҳияи Ҳусния Назарова
Корманди шуъбаи библиографияи миллӣ