Диссертатсия чист?
Нашр шуд 2020-07-27 13:28
Дар замони мо истилоҳи «диссертатсия» серистеъмол шудааст. Бахусус баъди Истиқлол ёфтани кишвар ва руҷӯъи бештар ба кашфиётҳои илмӣ, ҳимояи рисолаҳои илмӣ афзуда ва афроде бо унвонҳои илмии номзади илм ва доктори илм низ зиёд шудаанд. Пас диссетртатсия чист? Мехостем хонандагони мо тасаввуроти илмӣ дар бораи истилоҳ ва раванди ҳимояи рисолаҳои илмӣ дошта бошанд.
Диссертатсия (лот.Dissertation- баррасӣ, таҳқиқот), рисолаи илмие, ки ба мақсади гирифтани дараҷаи илмии номзади илм ё доктори илм таҳия ва ба шўрои диссертатсионии марбут ба фанни таҳқиқотӣ ё соҳаи алоҳидаи он пешниҳод карда мешавад. Диссертатсия асари аз ҷиҳати илмӣ ва касбӣ комил буда, инъикоскунандаи фаъолияти илмии муаллифи он аст. Мазмуни диссертатсия вобаста ба дараҷа ва самти илмии он тафовут дошта, талаботи умумӣ аз асли мавзўъ, навоварии илмӣ ва моҳияти амалӣ иборат мебошад.
Барои навиштан ва ҳимояи диссертатсия шахсоне ҳуқуқ доранд, ки маълумоти олӣ дошта, аспирантураро хатм кардаанд ё унвонҷўи кафедраҳои тахассуси мактабҳои олӣ ё институтҳои таҳқиқотӣ мебошанд.
Барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм диссертатсия дар асоси тартиби муқарраршуда дар шакди чопи комютерӣ ё монографияи чопшуда (бо автореферат) барои баррасӣ ба Шўрои диссертатсионӣ пешниҳод карда мегардад. Барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм диссертатсия дар асоси маҷмўи корҳои илмии қаблан нашршуда ё таҷрибаи ихтироъкори дар амал татбиқгардида дар шакли маърўзаи илмӣ навишта ва пешниҳод карда мешавад.
Диссертатсия оид ба дарёфти унвони доктори илм бояд дар бартараф кардани мушкилоти назарии илм мадад расонида, дар пешрафти илми муосир ҳиссагузор бошад.
Сохтори диссертатсия чунин аст: варақаи унвон, мундариҷа, матни диссертатсия аз муқаддима, бахши асосӣ, хулоса рўйхати калимаҳои кўтоҳшуда, луғати истилоҳот, китобнома, рўйхати тасвири махсус, тавзеҳот ва масъалаҳои дигар иборат аст. Ҳар кадоми ин бахшҳо бояд тибқи муққарраршуда навишта шаванд.
Барои диссертатсияи номзади илм ду тақриз, барои Диссертатсия доктори илм се тақриз лозим аст. Барои диссертатсияҳои ҳар ду ин унвонҳои илмӣ тақризи муассисаи пешбар низ лозим мебошад. Пеш аз баррасии диссертатсия унвонҷў вазифадор аст, ки дар муддати на камтар аз як моҳ ба аъзои Шўрои дисертатсионӣ ва муассисаҳои дахлдор авторефератро фиристад. Мувофиқи низомнома диссертатсия ва автореферат бояд дар сомонаҳои муассисаи дифоъкунанда ва Комиссияи олии аттестатсионӣ (КОА) гузошта шаванд. Барои дифоъ унвонҷўъ диссертатсияро ба Шўрои дисертатсионӣ, ки аз ҷониби Комиссияи оллии атестатсионӣ тасдиқ ва ташкил шудааст, пешниҳод менамояд. Дар ҷараёни дифоъ унвонҷў мазмуни диссертатсиониро баён карда, сипас ба саволҳои аъзои Шўро ҷавоб медиҳад. Пас аз шунидани тақризи муқарризон ва баррасӣ гардидани диссертатсия аъзои Шўро барои сазовор донистани унвонҷў ба дараҷаи илмӣ назари худро ба тариқи овоздиҳии пинҳонӣ муайян менамоянд. Агар натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ мусбат бошад, Шўро қарор қабул мекунад, ки унвонҷў сазовори дараҷаи илмӣ аст. Сипас тамоми мадорики унвонҷў ба Комиссияи олии аттестатсиони (КОА) - и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2015 таъсис ёфтааст, фиристода мешаванд. КОА ҳуҷатҳои дастрасро мавриди арзёбӣ қарор дода натиҷагӣ мекунад.
Дар кишварҳои хориҷӣ магистрҳо низ диссертатсия менависанд. Диссертатсияи магистрӣ, ҳамчун донишҷўи хатмкунандаи муассисаи таълимӣ дар Комиссияи атестатсионии давлатӣ дифоъ карда мешавад. Пас аз дифоъ кардани диссертатсия ба донишҷў дараҷаи илмии магистр дода мешавад.
Бозчоп аз Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе. – 2017. – Ҷ. 6 . – С.12-13.
Муаллиф: Азизқулов,Ҷ.
Таҳияи Парвина Қаюмова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.